Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигорони тоҷику қирғиз Маркази бозтоби баҳсҳои марзиро таъсис доданд. ВИДЕО


Рӯзноманигорои тоҷику қирғиз ба тавофуқ расиданд, ки барои пӯшиши беғаразонаи масоили марзӣ, дар минтақаҳои сарҳадӣ миёни ду кишвар, як маркази матбуотии сайёр таъсис диҳанд.

Рӯзҳои 18-20 апрел дар Бодканди Қирғизистон рӯзноманигорони тоҷику қирғиз робитаҳои касбӣ барои бозтоби дурусту беғаразонаи масоили марзиро баррасӣ карданд.

Гурӯҳҳои рӯзноманигорони ҷавон аз расонаҳои минтақаҳои наздимарзӣ ба ин давраи омӯзишӣ ҷалб шуда буданд. Ба ин хабарнигорони ҷавон усулҳои инъикоси мавзӯъ ва масоили марзӣ ва бозтоби беғаразонаи он аз рӯи шеваи "Зарар нарасонидан", омӯзонида шудааст.

Гоҳе дар ҳолатҳои сар задани низоъҳои марзӣ, бархе сокинон хабару наворҳое дар интернет нашр мекунанд, ки ба оташи муноқиша рӯған мерезад.

Ҳамзамон дар ин ҳамоиши дурӯза байни радиоҳои хусусии "Фарҳанг"-и Хуҷанд ва "Салом"-и Бодканд созише дар мавриди таҳияи барномаву гуфторҳои муштарак дар мавзуъҳои марзӣ ва мушкилоти сокинони минтақаҳои наздимарзӣ, табодули хабарҳо ва гуфторҳо, ба имзо расид.

Қарор шуд дар моҳҳои наздик Марказҳои матбуотии сайёр барои хабарнигорони Суғду Бодканд таъсис дода шавад, то дар сурати зарурат ва сар задани низоъҳои эҳтимолӣ, хабарнигорони тоҷику қирғиз тавонанд бо ҳам иртибот ва робитаи мустақим дошта бошанд, табодули хабар кунанд.

Ба гуфтаи мубтакирони ин иқдом, бо ин роҳ аз роҳ ёфтани хабарҳои нодурусту якҷониба ва хабарҳое, ки мардуми наздимарзиро ба шӯр меоранд ва эҳтимолан боиси аланга задани оташи низоъ мегарданд, пешгирӣ мешавад.

Cе сол аст, ки дар манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон барномаи ҳамгироии журналистон фаъол аст. Онро Академияи "Мавҷи Олмон" дастгирӣ мекунад.

Воқеияти марзӣ ин аст, ки мардуми тоҷик ва қирғизи ду сӯи сарҳад дар умум хостории зиндагии орому осуда ва пойдории сулҳу субот ҳастанд. Вале дар ҳолатҳои сар задани муноқишаву низоъҳои марзӣ бархе сокинон хабарҳову наворҳое ба шабакаҳои иҷтимоӣ мегузоранд, ки мардумро ба ҳалли мушкилот ба истифода аз зӯр даъват мекунанд ва ба оташи муноқаша рӯған мерезанд.

Маркази нав барои инъикоси баҳсҳои марзӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Аҳолии маҳалҳои наздимарзии ду кишвар дар Исфараву Бодканд ва Бобоҷон Ғафурову Лайлак аз солҳо ба ин тараф канори ҳам, дар як кӯча ё ду сӯи роҳ зиндагӣ доранд ва аз як ҷӯ об менӯшанду аз як роҳ ва чарогоҳ истифода мекунанд. Гоҳе сари истифода аз ин манобеъ байни сокинон муноқишаву низоъҳо сар мезанад.

Охирин муноқиша шоми 22-юми апрел дар минтақаи марзии Ворухи Исфара ва Оқсойи Бодканд рух дод ва ҷонибҳо якдигарро ба сар задани ин ҳодиса муттаҳам мекунанд. Дар муноқишаи рӯзҳои 13 -14 март дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 2 шаҳрванди тоҷик куштаву беш аз 20 кас маҷруҳ шуданд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон беш аз 970 километр марз дорад ва аз ин ҳисоб беш аз 470 километри он, байни байни вилоятҳои Суғду Бодканд муайян ва аломатгузорӣ нашудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG