Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чарогоҳи баҳсбарангез дар наздикии Ворух чӣ гузашт?


Як сокини ҷамоати Ворух мегӯяд, гурӯҳе аз сокинони вилояти Ботканд боми иқоматгоҳи онҳоро дар чарогоҳи баҳсбарангез дар марз оташ задаанд. Аз кишвари ҳамсоя бо Тоҷикистон шарҳе нарасидааст ва расонаҳои Қирғизистон, ки доир ба ҳар моҷаро дар марз гузориш медиҳанд, дар ин бора чизе нанавиштаанд.

Улмас Содиқов, сокини ҷамоат рӯзи 18-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мо 4 нафар дар хона будем, ки 7 нафар омада, гуфтанд, рамаи гӯсфандонатонро аз инҷо баред. Мо гӯсфандҳоро ба тарафи Ворух мебурдем, ки аз хонаи ҳамсоя Саидбек дуд баромад. Алафи боми хона оташ гирифт ва гирди хона қирғизҳо мегаштанд.” Дар ҳукумати шаҳри Исфара гуфтанд, ки дар воқеъ чунин ҳодиса рух додааст ва бо мақомоти вилояти Ботканд сабаби ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. Ба қавли ӯ, оташи иқоматгоҳро марзбонони тоҷик хомӯш кардаанд ва дар ин ҳодиса касе осеб надидааст.

Улмас Содиқов гуфт, ки гурӯҳе аз сокинони Ботканд аз онҳо хостанд, дигар гӯсфандонашонро ба чарогоҳи “Чечелик” наоранд. Чарогоҳи “Чечелик” бо масоҳати сад гектар дар заминҳои баҳсбарангези марзӣ ҷойгир аст. Қирғизистон мегӯяд, чарогоҳ дар қаламрави он аст, Тоҷикистон онро аз они худ мешуморад.

Иқбол Илёсзода, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара рӯзи 18-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат иқоматгоҳи мавсимии чӯпони тоҷик оташ гирифтааст ва ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. Ҳодиса нимрӯзи якшанбе, 16-уми июн рух додааст.

Аз ин пештар ва рӯзи 17-уми июн Иқбол Илёсзода дар Фейсбук навишт, ки “Сокинони деҳаи Оқсойи ноҳияи Ботканд монеи таъмири шоҳроҳи Исфара – Ворух гаштаанд, ҳарчанд тибқи харитаи марзию гузаргоҳӣ ин минтақаи роҳ комилан ба Тоҷикистон тааллуқ дорад."

Айни замон матбуоти вилоятии Қирғизистон навиштанд, ки ин роҳ дар қаламрави кишвари онҳост ва Тоҷикистон дар он ғайриқонунӣ роҳро таъмир мекунад.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб 519 километраш мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои таъйину аломатгузоринашуда гоҳ-гоҳ ҷангу даъвову кашмакаш барои обу чарогоҳу замин рух медиҳад ва ба хунрезӣ ҳам кашидааст.

Дар муноқишаи рӯзҳои 13-14 марти имсол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 2 шаҳрванди Тоҷикистон куштаву беш аз 20 кас маҷрӯҳ шуданд. Минтақаҳои баҳсии марз асосан дар ҳудуди ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Исфараи Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаку вилояти Бодканди Қирғизистон ҷойгир аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG