Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиносон: Роҳи ҳалли муноқишаҳои марзӣ кадом аст?


Марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Музокироти намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи ҳалли муноқишаҳои марзӣ идома дорад. Музокирот рӯзи 14-уми март оғоз ёфта буд. Ҷониби Тоҷикистон дар ду рӯзи гузашта ҷузъиёти музокиротро ошкор накардааст. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи 15-уми март гуфтанд, тарафҳо тавофуқ кардаанд, ки гунаҳкорони низои 13 ва 14-уми мартро пайдо ва ба ҷавобгарӣ мекашанд.

  • Ноиби нахуствазири Қирғизистон Ҷениш Разоққов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, тарафҳо дар навбати аввал вазифаҳоро барои аз байн бурдани низоъ байни сокинон муайян карданд. Ба гуфтаи ӯ, танҳо баъди ин масъалаи сохтани роҳ ва мушаххас кардани сарҳад баррасӣ карда мешавад.
Онҳо муваззафанд, мардумро қаноат бидиҳанд, ки ин шева, яъне вақте аҳолии осоишта даст ба даргирӣ мезанад, амалкарди боақлона нест. Фикр мекунам, касе онҳоро барои ин таҳрик медиҳад

Ин мансабдор ҳамчунин гуфтааст, ҳадаф доранд корҳои фаҳмондадиҳиро бо шаҳрвандони худ бар роҳ монанд ва ҳадафҳои радикалӣ надоранд.

Роҳи баҳсбарангез

Муноқиша дар рӯзҳои 13 ва 14-уми март дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боис ба кушта шудани ду шаҳрванди Тоҷикистон шуд. Беш аз 20 нафар, аз ҷумла ду шаҳрванди Қирғизистон ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро “дар вайрон кардани муоҳидаи дуҷонибаи байниҳукуматӣ”, ки мутаваққиф кардани бунёди роҳи “Куктош – Оқсой – Тамдиқ”-ро пешбинӣ мекард, гунаҳкор кард ва раиси шӯрои маҳаллии ОқСойи вилояти Бодканд Роза Усароваро дар таҳрики низоъ ва барангехтани кинаву адовати қавмӣ муқассир донист.

Ба асоси фарзияи Хадамоти марзбонии Қирғизистон, низоъро бошандагони маҳаллаи Меҳнатободи Тоҷикистон оғоз кардаанд ва муқобили сохтани роҳи убурии Оқ Сой – Тамдиқ аз ҷониби Қирғизистон, эътироз кардаанд.

Бо вуҷуди ин, дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ ноиби нахуствазири Қирғизистон Ҷениш Разоққов гуфтааст, ки роҳ дар қаламрави Қирғизистон қарор дорад ва онҳо ҳақ доранд роҳро бунёд кунанд.

Аммо ба гуфтаи сокинони ҷамоати Ворухи Исфара, баъди бунёди роҳ ҷониби Қирғизистон имкон дорад болооби дарёи Исфараро таҳти назорат қарор бидиҳанд ва онҳо эҳтимол дорад бе об бимонанд.

Дар шаш соли ахир, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чандин низоъ ва ҳатто истифода аз артилерияи сангин рух додааст. Омили ҳамаи низоъҳо маҳз бунёди роҳи Оқсой – Тамдиқ будааст.

Қурбониёни масъалаи ноҳалшуда

Таърихи баҳсҳои марзӣ дар водии Фарғона
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Дар ҳамин ҳол, масъалаи роҳҳо доим боис ба барангехтани низоъҳои куҳна ва амиқ мешаванд. Иддаои кишварҳо нисбат ба якдигар дар робита ба харитаҳои баҳсбарангезеанд, ки солҳои 20-ум ва 50-уми қарни гузашта таҳия шудаанд. Дар тақсимоти милливу ҳудудии Осиёи Миёна болшевикҳо ба омори Русияи подшоҳӣ такя карданд, ки дар онҳо як маълумот доир ба таркиби қавмӣ дарҷ шуда буд ва солҳои 50-ум маълумоти дигар.

Дар натиҷа дар харитаҳои солҳои 30-юм, Ворухи Тоҷикистон аз нигоҳи арзӣ аз қаламрави Тоҷикистон ҷудо ҷойгир нашудааст, вале дар харитаҳои соли 1956 Ворух ҳамчун як ҷазирақаламрав дар дохили Қирғизистон ҷудо карда шуд.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

“Қарори ниҳоӣ дар мавриди ҳеч кадоме аз харитаҳо он замон пазируфта нашудааст. Соли 1989 дар сатҳи раисони ҷумҳуриҳо дар мавриди харитаҳо мувофиқа ҳосил шуда буд, вале он дар сатҳи Шӯроҳои Олӣ таъйид ва бо мардуми маҳаллӣ мувофиқ карда нашуда буд. Натиҷа ин шуд, ки худи мардум аз ҳар ду ҷониб дар мавриди ин қаламрав пуштибонӣ аз мавқеиятҳои мухталиф карданд”, - гуфт сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов рӯзи 16-уми март дар суҳбат бо Ради ои Озодӣ.

Мухолифати тарафҳо

Ба гуфтаи ӯ, масъалаи бунёди роҳ аз ҳамин силсила аст ва вақте ҷониби Қирғизистон онро қаламрави худ медонад, ҷониби Тоҷикистон ба он таъкид мекунад, ки ин қаламрав баҳснок аст ва роҳ бояд фаротар аз қаламрави мавриди баҳс сохта шавад.

Дар ҳамин ҳол, коршиноси қирғиз Саломат Аламонов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бунёди роҳ дар соҳили чапи дарёи Исфара аз қаламрави Қирғизистон мегузарад ва набояд ҷониби Тоҷикистонро нигарон кунад. Ба гуфтаи ӯ, “дар ин ҳолат андохтани низоъ шояд барои кадом як нирӯи дигар муҳим бошад”.

“Дар ҳоли ҳозир даргирӣ бар сари роҳи Оқсой– Тамдиқ рух дод, вале ин гуна даргирӣ метавонад бар сари ҳар гуна амалкард дар қаламравҳои марзӣ рух бидиҳад”, - мегӯяд коршинос.

Саломат Аламанов
Саломат Аламанов

Тасмими сарони давлатҳо барои таъсиси комиссияи махсусро Аламанов “тасмими беҳтар барои ҳалли мушкилоти марзӣ” медонад. “Онҳо бояд ин корро амиқ омӯзанд ва боэътимод ба мардуми маҳаллӣ сабабу омилҳоро бигӯянд, ки чаро чунин рух медиҳад. Онҳо муваззафанд, мардумро қаноат бидиҳанд, ки ин шева, яъне вақте аҳолии осоишта даст ба даргирӣ мезананд, як амалкарди боақлона нест. Ман фикр мекунам, касе онҳоро барои ин таҳрик медиҳад”, - таъкид мекунад Аламанов.

Масъалаи мансубияти қаламравҳои мариди баҳс, фаъолона ва бо эҳсос, ба андозаи кофӣ дар шабакаҳои иҷтимоии ҳам бахши қирғизӣ ва ҳам бахши тоҷикӣ баррасӣ карда мешавад. Аммо дар Қирғизистон масъаларо дар ин рӯзҳои ахир дар порлумон ва сиёсатмадорони ҷудогонаи сатҳҳои гуногун низ матраҳ мекунанд.

Дафтари матбуоти порлумони Қирғизистон хабар дод, ки гуруҳи вакилон алакай ба вилояти Бодканд рафтаанд, то дар ҷойи ҳодиса бо он чи дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух додааст, ошноӣ пайдо кунанд.

Дар навбати худ палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон 15-уми март изҳорот дод, ки вазъро бодиққат назора мекунад ва вакил Мавзуна Шамсиддинзода дар ҷойи ҳодиса қарор дорад.

Чизе, ки дар рӯзҳои охир қобили мушоҳида буд, ин буд, ки ниҳодҳои Қирғизистон ба таври ошкоро ба расонаҳо иттилоъ дар мавриди ҳаводисро пешниҳод мекунанд ва мавқеи худро изҳор медоранд, дар ҳоле ки чеҳраҳои расмӣ дар Тоҷикистон, ба ҷуз аз дафтари матуботи Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон аз шарҳи ҳодиса худдорӣ мекунанд.

Парвиз Муллоҷонов ба ин назар аст, ки дар баҳсҳои марзӣ Тоҷикистон шояд мойил ба мусолиҳа аст, зеро дорои низоми мудирияти мутамарказтар ва силсиламаротибӣ (иерархӣ) мебошад. “Дар Қирғизистон ҳалли масъаларо вуҷуди мухолифин, порлумон ва гуруҳҳои дигари сиёсӣ мураккаб мекунад ва аз ин хотир мумкин аст, ки ҳукумат тасмим бигирад, ки ба мусолиҳа розӣ нашавад”, - мегӯяд сиёсатшинос. Ҳамзамон ӯ тахмин мезанад, ки барои ҳукумати Тоҷикистон ҳам гузашт хатар дорад, зеро метавонад сафи норозиёнро миёни мардум, хусусан дар пешорӯи интихоботи президентӣ зиёд кунад.

“Рӯйкарди ғайристандартӣ зарур аст”

Аксари коршиносон тахмин мекунанд, ки масъалаҳои аломатгузорӣ ва таъйини марз метавонад ба таври муассиртар дар сатҳи сарони ду давлат ҳал шаванд.

“Дар баъзе ҷойҳо ҳама чиз дарҳам барҳам аст, шадид шудааст, шояд барои онҳо табодул зарур шавад. Бояд тамоми абзорҳои дипломатӣ истифода шаванд. Баъди бастани созишнома раиси ҷумҳур Сооронбой Ҷээнбеков бояд бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунад ва санадҳоро имзо гузошта тамоми масоилро ҳал кунанд. Агар раисони ҷумҳур ба масоили марз таваҷҷуҳ накунанд, барои мардум мушкилтар мешавад”, - гуфтааст сиёсатшиноси қирғиз Турат Акимов дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ.

Парвиз Муллоҷонов таъкид мекунад, ки дар чунин мавридҳо бояд аз “рӯйкарди ғайристандартие” истифода намуд, ки барои ҳар ду тараф хушоянд бошад. “Тамоми рӯйкардҳои стандартӣ ҳалли масъаларо ба нафъи ин ё он тараф мекашонад. Дар чунин вазъ, бояд механизмҳои истифодаи замин барои ҷомеаҳои ҳар ду ҷонибро эҷод кард, вале мақоми онҳоро номушаххас бояд гузошт”, - пешниҳод мекунад коршинос.

Таъсиси комиссияҳои муқаррарии ҳукуматӣ, ба назари ӯ, барои ҳалли чунин масоил кофӣ нест. Дар ин гуруҳҳо, ба назари ӯ, бояд коршиносон ва намояндагони доираҳои маҳаллии ҳар ду кишвар ҷалб шаванд, то қарор аз ҷониби онҳо низ таъйид карда шавад. “Дар сурати дигар, такрори низоъҳо ногузир аст”, - гуфт Муллоҷонов.

Дар даврони истиқлол сарфи назар аз муноқишаҳои бисёр дар минтақаи ёдшуда, тарафҳо натавонистанд ба як роҳҳали маъқулу муштарак бирасанд. Ин мушкил то кунун садди равобити ду кишвари ҳамсоя шудааст ва ҳар замоне метавонад боис ба эҷоди низоъҳои нав миёни мардум шавад.

Оё ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҳукуматҳо ба вуҷуд меояд ва онҳо метавонанд ин мавзуъро бидуни дахолати кишвари сеюм ҳал кунанд, замони наздик муайян мекунад. Аз рӯйи маълумоти расмӣ, тӯли марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро дар бар мегирад, ки дар ҳоли ҳозир 504 километри он аломатгузорӣ ва таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG