Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони тоҷик: Вазъ дар марз бо Қирғизистон "мураккаб" боқӣ мемонад. ВИДЕО


Деҳаи Ортобози вилояти Ботканд дар марз бо Тоҷикистон ва наздик ба маҳалли муноқиша ҷойгир аст

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон гуфтанд, ки вазъ дар марз бо Қирғизистон "мураккаб" боқӣ мемонад. Дар паи муташанниҷ шудани вазъ рӯзи 14 март, як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва ду нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Аз ҷониби Қирғизистон як ходими милиса ҳам маҷрӯҳ ва ба бемористон интиқол ёфт.

  • Моҷарои миёни сокинони деҳоти кишварҳои ҳаммарз рӯзи 13 март дар паи азсаргирии сохтмони қитъаи роҳи «Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ» сар зад. Ҷониби Тоҷикистон Қирғизистонро дар нақзи протоколи байналмилалӣ гунаҳгор кард. Қирғизистон ин қаламравро моли худ арзёбӣ мекунад.

Дар давоми як шабонарӯз дар ин моҷаро ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафар, аз ҷумла ду шаҳрванди Қирғизистон маҷрӯҳ шуданд.

Дар ҳоле, ки мақомоти баландпояи ду кишвар - президентон ва нахуствазирон бо пахши изҳороти расмӣ хостори ҳалли мусолиматомези ихтилофҳо ва хатми хушунатҳо шуданд, сокинони ҳарду ҷониб мегӯянд, то замони муаллақ ва ҳалношуда мондани мақоми ҳуқуқии қаламравҳои баҳсии марзӣ, хатари бурузи ҳодисаҳо боқӣ мемонад.

Раззоқов: "Мо кӯшиш мекунем, муносибат бо тоҷикон хуб шавад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:05 0:00

Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон: вазъият мураккаб аст

Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон шоми 14 феврал бо пахши изҳороте гуфт, ки сарфи назар аз тадбирҳои амниятӣ, вазъ дар марзи ду кишвар мураккаб боқӣ мемонад. Ин сохтор бори дигар ҷониби Қирғизистонро дар он муттаҳам кард, ки монеи гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукуматӣ барои ҳалли низоъ шуданд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки "тахминан соати 15:30 дақиқа сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистон, ки дар ҳудуди ҷамоати Ворух ҷамъ омаданд, роҳҳоро баста буданд, беасос ба тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон сангпартоӣ намуданд. Шаҳрвандони Тоҷикистон маҷбур шуданд, ки аз худ дифоъ карда, ба сокинони вилояти Ботканд ҷавоб гардонанд". Дар ин изҳорот сарҳадбонони қирғиз дар оташкушоӣ "ба сӯи шаҳрвандони бесилоҳи Тоҷикистон" гунаҳгор мешаванд.

Дар натиҷаи ин ҳодиса, шаҳрванди Тоҷикистон Расулиддин Тешаеви 37-сола, сокини маҳаллаи Тидони ҷамоати деҳоти Ворух ба ҳалокат расид. Рӯзе аз ин пеш дар паи тири силоҳе, ки мақомоти тоҷик онро шикорӣ номиданд, Ҳусейн Ҳакимови 43-сола кушта шуд. Ба иттилои сарҳадбонони тоҷик, рӯзи панҷшанбе Ансориддин Ҳайдарови 16-сола, сокини маҳаллаи Тидони ҷамоати деҳоти Ворух аз дасти чапаш маҷрӯҳ шуд. Мақомоти марзбонӣ дар бораи осеби ҷисмонӣ дидани ду сокини дигари маҳалллӣ хабар доданд.

Муноқиша дар марз. Нигоҳ аз ду тараф ва таърихи баҳсҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:26 0:00

Ҷониби Қирғизистон чӣ мегӯяд?

Дар ҳамин ҳол, хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки тири ба ҳаво холишуда “хусусияти огоҳкунанда” дошт. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки дар ҳодисаҳои имрӯза як ходими милисаи ин кишвар маҷрӯҳ шуд.

Ба иттилои Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, муноқиша миёни сокинони Оқсойи ноҳияи Бодканд ва деҳаи Меҳнатободи Ворухи Тоҷикистон баъд аз зӯҳри рӯзи чаҳоршанбе рух дод. Мақомоти қирғиз сабаби ин моҷароро кор дар сохтмони роҳ миёни Оқсой-Тамдиқи ноҳияи Бодканд гуфтаанд.

Рӯзи 14 март мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки қитъаи замине, ки дар он моҷаро бархост, ба ҳудуҳои ин кишвар шомил аст. Вале Тоҷикистон мегӯяд, ин қитъа мақоми баҳсӣ дорад ва бар асоси мувофиқаи ҷонибҳо ва санадҳои то имрӯз дар доираи музокироти байнидавлатии аломатгузории марзи ду кишвар ҳосилшуда, ҳеҷ ҷониб ҳақ надорад дар ин қаламрав корҳои сохтмонӣ анҷом диҳад.

Рӯзи панҷшанбе барои ба эътидол овардани вазъият, миёни намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар сатҳи муовинони нахуствазирони ду кишвар ва раҳбарони Комиссиюни байнидавлатии аломатгузории марзи ду кишвар - Ҷениш Раззоқов ва Азим Иброҳим мулоқот карданд. То шоми 14 март дар бораи натиҷаи ин гуфтугӯҳо хабаре нашр нашуд. Чанд манбаъ дар ҳукумати Исфара рӯзи 14-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз раиси вилояти Суғд Аҳмадбой Раҷабов бо губернатори Бодканд дар Ворух бо сокинон мулоқот кардаанд ва мардумро ба мусолиҳа ва ҳифзи оромиш даъват намуданд.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду кас кушта шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Моҷаро аз куҷо оғоз шуд?

Муноқиша аввал миёни сокинони деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворухи Исфара ва Оқсой-Тамдиқи вилояти Бодканди Қирғизистон рух дода, баъди баста шудани роҳ ба Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ "кӯчидааст". Сокинони деҳаи Тоҷикон дар ҷамоати Ворухи Исфара алайҳи идомаи сохтмони роҳи Қирғизистон дар нуқтаи, ба гуфтаи онҳо, баҳсии марзи ду кишвар эътироз карданд.

Онҳо талаб карданд, ки то замони муайян шудани хатти сарҳад бунёди роҳ аз тарафи Қирғизистон боздошта шавад. Ҳамон гуна ки, ба гуфтаи онҳо, ҷониби Қирғизистон дар тирамоҳи соли гузашта иҷоза надода буд, сокинони деҳаи Тоҷикон хатти лӯлаи об гузаронанд.

Ҷониби Қирғизистон ҳафтаи гузашта ба сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ идома дод, ки аз ҳудуди ҷамоати Ворухи Исфара мегузарад.

​Норозигии даҳҳо сокини деҳаи Тоҷикони Исфара аз идомаи сохтмони роҳ рӯзи чаҳоршанбе боис ба таҷаммӯи даҳҳо бошандаи рустои Оқсой-Тамдиқи Қирғизистон шуда, ба қавли шоҳидон, аз баҳси лафзӣ ба муноқиша печид. Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон шоми 13-уми март вазъро "пуртаниш" арзёбӣ карда буданд.

Баҳси марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд. Панҷ сол пеш даҳҳо моҷароҳои марзӣ дар байни сокинони ду кишвар боис ба кушта шудани дастикам чаҳор нафар шуд.

Мақомоти маҳаллӣ аз ҳарду тараф ҳам мегӯянд, то замоне ки мушкили аломатгузории марз ҳал нашавад, даъвоҳо барои дастрасӣ ба манобеи об, замину роҳ ва чарогоҳҳоро хотима намеёбад.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, моҳи феврали имсол гуфта буд, ки дар мулоқот бо ҳамтои қирғизаш ҳалли масоили сарҳадиро баррасӣ кардааст. Ӯ афзуд, мутмаин аст баъд аз ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузории хати сарҳади байни ин кишварҳо "ҷараёни гуфтугӯҳо тезонида мешавад ва мулоқот бештар натиҷаи амалӣ хоҳанд овард".

Решаи мушкилот дар мавқеи ҷонибҳо аст, ки як кишвар ба харитаи солҳои 1920-ум ва ҷониби дигар ба харитаи сарҳадии солҳои 1950-ум такя мекунад.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG