Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модараш мегӯяд, Шарофиддин Гадоев азми бозгашт надошт. ВИДЕО


Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки Шарофиддин Гадоеви 34-сола, яке аз муассисони "Гуруҳи 24", як созмони мухолифи давлат, ба Душанбе баргаштааст. Бо ин ки вазорат шоми 15-уми феврал дар як навори видеоӣ Шарофиддин Гадоевро намоиш дод, маълум нест, ки ӯ дар куҷост, дар чӣ шароит ба сар мебарад ва то куҷо воқеан ҳам ихтиёрӣ ба кишвар баргаштааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри изҳороте дар вебсайти худ дар рӯзи 15-уми феврал гуфт, Шарофиддин Гадоев, ки муваққатан дар шаҳри Эйндҳовени Ҳолланд зиндагӣ мекард, рӯзи 15-уми феврал ба Шӯъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе “ихтиёран ҳозир шуда, изҳор намуд, ки ман аз кирдорҳои кардаам пушаймонам, ихтиёран бо хатсайри Москва-Душанбе ба ватан баргаштам.”

Шарофиддин Гадоев, ки пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард, ба "қочоқи мошин" ва "сохтакорӣ" муттаҳам мешавад ва дар панҷ-шаш соли охир дар ҷустуҷу қарор дошт.

Навори видеоии Гадоев

Дар як навори видеоие, ки шоми ҷумъа дар вебсайти расмии ВКД Тоҷикистон нашр шуд, Шарофиддин Гадоев бо либоси зимистона дар тан ва дар пасманзари боғе ҳозир шуд. Дар ин навори 13-дақиқаӣ Гадоев бо лаҳни комилан мухолиф ба он чи ки дар Аврупо ва дар ҷараёни веблогу намоишҳои эътирозиаш мегуфт, сӯҳбат мекард. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, ки бо ихтиёри худ ба Тоҷикистон баргаштааст.

Дастрасӣ ба худи Гадоев ҳам аз ҷониби журналистон ва ҳам наздиконаш имкон надорад ва маълум нест, ки то куҷо ин суханрониҳои як фаъоли мухолифин самимӣ ва бо хости худаш сабт шудааст.

Шубҳа дар бозгашти ихтиёрии Гадоев

Шароити бозгашти Шарофиддин Гадоев маълум нест, модараш ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар бораи бозгашти писараш ба Душанбе ҳеҷ хабаре надорад. Ойишамоҳ​ Абдуллоева, рӯзи 15-уми феврал дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “аз бозгашти писараш ба ватан хабар надорад”. Ӯ гуфт, моҳҳо боз бо писараш суҳбат надошт ва бовараш намеояд, ки Шарофиддин ба ватан баргашта бошад.

Бархе муттафиқони Гадоев дар бозгашти ихтиёрии ӯ ба Тоҷикистон шубҳа мекунанд.

Муҳамммад Сафарзода, раҳбари фонди “Eurasian Dialogue” ва аз дӯстони Шарофиддин Гадоев, ки дар яке аз кишварҳои аврупоӣ паноҳанда аст, рӯзи 15-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “ба бозгашти ихтиёрии ӯ бовар надорад”. Ӯ гуфт, ки “бо Гадоев телефонӣ дар тамос буд ва вақтҳои ахир камсӯҳбат шуд, вале далели онро пуркорӣ медонистанд”.

“Фикр мекунам, ки ӯ худаш барнагашта аст, балки ба фиреб гирифтор шудааст. Эҳтимолан ӯ ба Маскав сафар кардааст, чун визаи Русияро дарёфт карда буд ва шояд дар бозгашт дуздидаанд."

Яке дигар аз дӯстони Шарофиддин Гадоев, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба бозгашти ихтиёрии ӯ бовар надорад ва афзуд: "Шарофиддине, ки ман мешиносам, ҳеҷ гоҳ бо ихтиёри худаш барнамегашт."

Паймони Миллии Тоҷикистон, эътилофи гуруҳе аз созмонҳои мухолифи ҳукумат дар хориҷи кишвар бо нашри изҳороте гуфтанд, ки “Шарофиддин Гадоев, ки бо мақсади корҳои хусусиаш сафари Русияро дошт, аз он ҷо рабуда шуда, ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст. Паймони Миллии Тоҷикистон бо тамоми масъулият изҳор мекунад, ки ин бозгашт ихтиёрӣ набуда, номбурда дар натиҷаи як амалиёти махсус рабуда шудааст.” Шарофиддин Гадоев, узви ин паймон аст. Баёнияро Алим Шерзамонов, дар саҳифаи худ дар Фейсбук нашр кард.

Гадоев бояд ба вакили дифоъ дастрасӣ дошта бошад

Муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch Стив Свердлов гуфт, ки ногаҳон дар Душанбе пайдо шудани Шарофиддин Гадоевро як хабари мавриди нигаронӣ номид. Ӯ гуфт, ки Гадоев то охир роҷеъ ба масоили ҳуқуқи башар изҳороти танқидӣ пахш мекард ва яке аз охирин фаъолиятҳояш – ширкат дар намоиши эътирозии мухолифон дар муқобили сафорати Тоҷикистон дар Берлин дар моҳи декабр буд.

Стив Свердлов аз мақомоти тоҷик хост, ки дар муносибат бо Гадоев “аз шаффофият кор бигиранд”, ба ӯ имкон диҳанд, ки барояш вакили дифоъ бигирад ва бо наздиконаш дидор кунад. Свердлов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки Гадоев мисли дигар мунаққидони ҳукумати Тоҷикистон, ки дар шароити мармуз ба кишвар баргаштанд, мавриди бадрафториву шиканҷа ва ҳам муҳокимаҳои ноодилона қарор нагирад.

“Дар ин қазия инчунин Русия ҳам масъулият дорад ва имкон дорад, ки бозгардони маҷбурии ӯ бо ризоияти Русия шудааст”.

Свердлов гуфт, ки Гадоев дар Ҳолланд ба сар мебурд ва корти паноҳандагии ин кишварро дошт.

Human Rights Watch: аз вазъи Шарофиддин Гадоев нигарон ҳастем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:32 0:00

Чеҳраи шинохта дар миёни мухолифони тоҷик дар хориҷа

​Шарофиддин Гадоев 34 сол дошта, яке аз чеҳраҳои шинохта дар миёни мухолифони тоҷик дар хориҷ ба шумор меравад. Ӯ муттафиқ ва ҳамкори муассиси "Гурӯҳи 24" Умаралӣ Қувватов буд, ки соли 2015 дар Туркия кушта шуд.

Фейсбук, пойгоҳи аслии нашри суханрониҳои видеоии Гадоев буд ва дар саҳифаи ин шабака охирин паём ва фаъолияташ 2-уми феврали соли 2019 сабт шудааст. Дар видео-блоги охиринаш Гадоев ба таҳлил ва танқиди нақшаи ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи пулакӣ кардани роҳи Душанбе-Бохтар пардохта ва хешовандони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро бо лаҳни тунде танқид мекунад.

Вале намояндаи дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ тахминҳо дар бораи истирдод ва бозгардонидани маҷбурии Шарофиддин Гадоевро рад кард. Дар дафтари матбуоти вазорат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "Гадоев на маҷбурӣ, балки бо ихтиёри худ ба Тоҷикистон баргаштааст."

Дар дафтари матбуот гуфтанд: “Ӯ дар кофтукоб буд. Аз ӯ баъзе чизҳоро мепурсанду тамом."

Аз соҳибкор то фаъоли сиёсӣ

Шарофиддин Гадоев тақрибан ҳафт сол пеш тарки Тоҷикистон кард ва гуфт, ки атрофиёни афроди қудратманд дар ҳукумат тиҷорати ӯ ва Умаралӣ Қувватов, раҳбари пешин ва кушташудаи "Гуруҳи 24"-ро дар Тоҷикистон ғасб кардаанд. Худаш мегуфт, ки дар Испания паноҳандагии сиёсӣ гирифтааст.

Мақомоти Тоҷикистон ӯро ба сохтакорӣ гумонбар дониста ва аз ҳукумати Испания дархости боздошт ва истирдоди ӯро карданд. Аммо додгоҳи шаҳри Мадрид дар соли 2014 дархости Тоҷикистонро рад кард.​

Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 28 январи соли 2013 ба зидди Шарофидин Гадоев парвандаи ҷиноӣ боз кард. Ӯро ба қочоқи 30 мошини боркаши чинӣ маъруф бо номи «Дулан» муттаҳам мекунанд. Оҷонсӣ ҳамчунин ӯро ба сохтакории санадҳо ва ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ муттаҳам мекард.

Ӯ соли 2018 эълон кард, ки Ҳолланд, ҷунбиши наверо бо номи "Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон" таъсис додааст. Дар баёнияи ҷунбиш гуфта шудааст, ки ҳадафи онҳо бунёди як кишвари озоду демократӣ аст.

Шарофиддин Гадоев, баъдан ба сафи созмонҳои мухолифи ҳукумат дар хориҷ пайваст. "Гуруҳи 24" - ро Додгоҳи олии Тоҷикистон гуруҳи экстремистӣ эълон кардааст. Чандин нафар бо иттиҳоми узвият дар ин созмон ба зиндон маҳкум шудаанд.

Таҷрибаҳои истирдоди шубҳабарангез аз Русия

Гузашта аз ин мақомоти Русия чандин нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро бо дархости мақомот ба Душанбе истирдод кардаанд. Муҳаммадрузӣ Искандаров, раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки ҳоло дар зиндон аст, соли 2005 аз Маскав ба Душанбе оварда шуд ва то ҳол мегӯяд, ки ӯро ғайриқонунӣ рабуда ва ба Тоҷикистон овардаанд.

Чанд нафар аз узви “Гуруҳи 24” низ бо дархости мақомот дар муҳлати кутоҳе бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Русия дастгир ва ба Душанбе истирдод шудаанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар гузашта гуфтаанд, ки мақомоти Тоҷикистон таҷрибаи зери фишор гузошта ва аз онҳо гирифтани изҳорот ба манфиати худро доранд. Онҳо дар чанд соли гузашта ҳукуматро танқид карда гуфтаанд, ки Интерполро ба ҳайси василае барои боздошту истирдоди дигарандешон истифода мебаранд.

Ин созмонҳо гуфтаанд, ки мақомоти Тоҷикистон хешовандони дигарандешон, аз ҷумла аъзои "Гуруҳи 24" ва Ҳизби мамнуи наҳзати исломиро дар дохил азоб медиҳанд ва бо истифода аз ин роҳ ба дигарандешон фишор меоранд, то интиқод аз ҳукуматро бас кунанд.

XS
SM
MD
LG