Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақдири норӯшани раҳбарони "Гурӯҳи 24" дар боздоштгоҳи Туркия


Суҳроб Зафар (Тӯраев)
Суҳроб Зафар (Тӯраев)

Фаъолони "Гурӯҳи 24" мегӯянд, ки бо гузашти ду рӯз аз боздошти ду узви ин созмон дар Туркия, ҳанӯз маълум нест, иттиҳоми онҳо чист ва тақдирашон чӣ хоҳад шуд. Суҳроб Зафар (Суҳроб Тӯраев), раҳбари "Гурӯҳи 24" ва Насим Шарипов, намояндаи ин созмони мамнуъ дар Тоҷикистон 19-уми март дар Туркия дастгир шуда, дар як боздоштгоҳи канори шаҳри Истанбул нигаҳдорӣ мешаванд.

Бо онҳо тавассути вакилони дифоъ дар тамос ҳастем. Ҳанӯз ҳеч иттиҳом эълон нашудааст.

Сафорат: Касе дар ин бора хабар надод

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар бораи боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Туркия ҷузъиёт надоранд. Рӯзи 21-уми март намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Анкара ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки хабари боздошти Суҳроб Зафар ва Насим Шариповро “аз матбуот” хонданд ва то ин лаҳзаҳо “мақомоти Туркия дар бораи ин боздошт ба онҳо хабар надодаанд”.

Дар сафорати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки танҳо дар сурати дархости кумаки боздоштшудаҳо ё муроҷиати сохтори ҳифзи ҳуқуқи Туркия қазияро баррасӣ хоҳанд кард. Рӯзи 20-уми март мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ гуфтанд, дар бораи боздошти ду фаъоли гурӯҳе, ки бо мавқеи мухолифаш ба ҳукумат шинохта шудааст, аз матбуоти интернетӣ хабар ёфтанд.

Боздошти "фармоишӣ"?

Насим Шарипов
Насим Шарипов

Вале аъзои созмони "Гурӯҳи 24" мегӯянд, ба “фармоишӣ” будани боздошти ду узви созмони худ бовар доранд ва ин боздошт ба фаъолиятҳои оппозитсионии онҳо рабт мегирад. Рӯзи 21-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Саидалӣ Ашӯров, як намояндаи “Гурӯҳи 24” гуфт: "Бо онҳо тавассути вакилони дифоъ дар тамос ҳастем. Ҳанӯз ҳеч иттиҳом зидди онҳо эълон нашудааст. Вале раиси полиси минтақае, ки онҳоро боздошт кардааст, мустақим ба мо гуфт, ин як "заказ" (фармоиш) аст. Онҳо дар Туркия зиндагӣ мекарданд ва дар заминаи будубош ҳеч мушкил надоштанд."

Ба қавли Саидалӣ Ашӯров, Суҳроб Зафар ва Насим Шарипов соли 2015 аризаи худро барои гирифтани ҳаққи паноҳандагӣ ба унвонии Созмони Милали Муттаҳид фиристоданд ва аз он замон то имрӯз санадҳои онҳо мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар мӯҳлати баррасӣ шудани санадҳо, давлате, ки дар он аризадиҳанда муваққатан ба сар мебарад, ҳаққи берун кардани ӯро аз қаламрави кишвар надорад. Ӯ гуфт, Сӯҳроб Зафар ва Насим Шарипов аз соли 2014 ва бо иҷозати ҳукумати Туркия дар ин кишвар ба сар мебаранд.

"Онҳо набояд ба Тоҷикистон истирдод шаванд"

"Туркия метавонад дар доираи қонун ва ҳам дар доираи тафтишоте ҳар нафарро барои сӯҳбат даъват кунад. Боздошти онҳо ангезаҳои сиёсӣ дорад ва мо метавонем ба додгоҳ муроҷиат кунем", - гуфт Ашӯров ва афзуд, "онҳо ба ҳеч сурат набояд ба Тоҷикистон истирдод шаванд. Бояд озод шаванд ва ин талаби мо аст".

Стив Свердлов
Стив Свердлов

Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch, рӯзи 21-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз додгоҳи Туркия хоста шудааст, ба ҳеч ваҷҳ раҳбарони боздоштшудаи “Гурӯҳи 24”-ро ба Тоҷикистон таслим накунанд. Ӯ гуфт, бино ба иттилои ғайрирасмӣ гӯиё намояндаҳои Тоҷикистон аз идораи пулисе, ки Суҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов нигаҳдорӣ мешаванд, дидан кардаанд.

“Онҳо вакилони дифоъ доранд. Ба Додгоҳи Туркия дархост додаанд, ки ин афродро ба Тоҷиктсон надиҳанд. Онҳо дар Тоҷикистон бо нақзи густурдаи ҳуқуқашон рӯ ба рӯ хоҳанд шуд”, - афзуд ӯ.

Умаралӣ Қувватов, муассис ва раҳбари пешини "Гурӯҳи 24" моҳи марти 2015 дар Туркия кушта шуд
Умаралӣ Қувватов, муассис ва раҳбари пешини "Гурӯҳи 24" моҳи марти 2015 дар Туркия кушта шуд

Суҳроб Зафари 40-сола, ҷияни генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев, ки бо тахаллуси “Шом” низ маъруф аст, аз охири соли 2015 ба ин тараф раёсати “Гуруҳи 24”-ро бар уҳда дорад. Вай дар пайи як тағйироти кадрӣ, ки онро шохаи дигари “Гуруҳи 24” табаддулот меноманд, ин масъулиятро аз Шарофиддин Гадоев ба ихтиёри худ гирифт. Суҳроб Зафар бори аввал соли 2014 дар эътирозҳои созмондодаи ин гурӯҳ дар шаҳрҳои Русия пайдо шуд ва баъдан раҳбари ин гуруҳ Умаралӣ Қувватовро дар Туркия ҳамроҳӣ мекард.

Насим Шарипов ҳам, ба гуфтаи Ашӯров, як зодаи вилояти Хатлон буда, узви фаъоли “Гурӯҳи 24” мебошад.

Боздошти даҳҳо нафар дар дохилу хориҷ

Созмони “Гурӯҳи 24” соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнӯъ эълон шуд. Дар пайи он даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” боздошт ва бархеи онҳо зиндонӣ шуданд.

Вале дар баъзе ҳолатҳо, кишварҳо баъди таҳқиқи қазияҳояшон аз таслими онҳо ба мақомоти Тоҷикистон худдорӣ кардаанд. Аз ҷумла, солҳои 2015 ва 2016 Собир Валиев дар Молдова тақрибан 40 рӯз ва Шабнам Худойдодова дар Беларус беш аз 8 моҳро дар боздошт сипарӣ карда, баъдан озод шуданд. Кишинёв ва Минск дархости истирдоди онҳо ба Душанберо рад карданд.

Муассис ва раҳбари ин гуруҳ – соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар Туркия кушта шуд.

XS
SM
MD
LG