Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабирӣ ва Атовуллоев – дар рӯйхати "афроди алоқаманд ба терроризм"


Додоҷон Атовуллоев ва Муҳиддин Кабирӣ
Додоҷон Атовуллоев ва Муҳиддин Кабирӣ

Бонки Миллии Тоҷикистон рӯйхати "афроди алоқаманд ба терроризм"-ро тартиб додааст. Ба ин феҳрист, ки аз тарафи Департаменти мониторинги молиявии Бонки Миллӣ таҳия шуд, 1372 шаҳрванди Тоҷикистон шомиланд.

Ин департаменти Бонки Миллӣ бо FATF (Financial Action Task Force) – Созмони байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул ҳамкорӣ дорад. Феҳристи созмонёфтаи "шахсони алоқаманд бо терроризм" ба созмонҳои молиявӣ ва ташкилоти қарзии кишварҳои узви ин созмон дастрас хоҳад буд.

Аз Истаравшанӣ то... Лангарчиев

Дар баробари садҳо исми барои матбуот ношинос ба ин рӯйхат номи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, бархе аз аъзои хонаводаи ӯ, аз ҷумла хоҳараш Бибисоро ва бародараш Акоша Кабирӣ ҷой дода шудаанд. Дар ин қатор номи Муҳаммадиқболи Садриддин ва Саидюнуси Истаравшаниро низ дидан мумкин аст.

Инчунин, дар ин феҳрист исми Додоҷон Атовуллоев ва чанде аз аъзои ҳаракати "Гурӯҳи 24", ба мисли Маъруф Лангарчиев, Эҳсон Одинаев, Вайсиддин Одинаев ва Меҳрубон Сатторов ҳамроҳанд.

Додоҷон Атовуллоев, агар манзури ҳукумат журналист Атовуллоев бошад, яке аз мунтақидони қадимии мақомоти Тоҷикистон аст, ки то чанде пеш аз сиёсатҳои ҳукумат шадидан интиқод мекард.

"Гурӯҳи 24" дар хориҷи кишвар фаъолият мекунад ва худро аз мухолифони ҳукумат эълон кардааст. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки аз тарафи Додгоҳи олии кишвар террористӣ эълон шудааст, то чанд вақти пеш дар ҷустуҷӯи Интерпол ё пулиси байналмилалӣ буд. Ду ҳафта қабл Интерпол хабар дод, ки "огоҳии сурх"-ро аз номи Кабирӣ бардоштааст.

Гулрӯ Олимова ҳам дар рӯйхати "сиёҳ"-и Бонки Миллӣ

FATF (Financial Action Task Force), Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул, як созмони байнидавлатист, ки дар соли 1989 ташкил шудааст. Маркази ин гурӯҳ дар Фаронса аст

Ба ҷуз аз фаъолони ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии мухолифи давлат ба ин феҳрист исми бархе аз нафароне, ки бо аҳли оила ба гуруҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” пайвастаанд, низ шомил шудааст. Аз ҷумла, исми Гулрӯ Олимова, завҷаи яке аз ҷанҷӯёни тоҷики ДИИШ-ро дар ин рӯйхат дидан мумкин аст.

Дар Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи 15-уми март ба муроҷиати Радиои Озодӣ дар робита ба чунучарои ин феҳрист ва чӣ маъно доштани он посух надоданд. Аммо мутахассисони соҳаи молия ва бонк гуфтанд, ки ин феҳрист пеш аз ҳама бонкҳои Тоҷикистонро вазифадор мекунад.

"Бонкҳо набояд ба онҳо хидмат расонанд"

Муҳаммдиқболи Садриддин
Муҳаммдиқболи Садриддин

Ораш Хоҷамуродов , муттахассиси соҳаи молия, гуфт, рӯйхати Бонки Миллӣ ба он маъност, ки ягон ташкилоти молиявӣ дар Тоҷикистон ҳаққи хидматрасонӣ ба ин афродро надоранд. Ӯ гуфт, ​"тамоми бонкҳо, созмонҳои амонативу қарзӣ ин рӯйхати Бонки Миллиро доранд. Дар баъзе бонкҳо дар системаи электронӣ ин рӯйхат ворид шудааст. Вақте нафаре аз ин шахсон ё наздикони онҳо ба бонк барои коре муроҷиат мекунанд, кормандон насабҳоро ба система ворид менамоянд ва дарҳол дар рӯйхати сиёҳ будани онҳо ошкор мешавад. Дар ин ҳолат, корманди бонк вазифадор аст, ки ба ин мизоҷ хидматрасониро қатъ кунад."

Хоҷамуродов афзуд, ба афроде, ки дар ин рӯйхат ҳастанд, ягон навъи хидматрасонии бонкӣ, аз ҷумла интиқоли пул ва ивази асъор мамнуъ аст. Ба гуфтаи кормандони собиқадори бонкҳо, чунин як рӯйхати "сиёҳ" доим вуҷуд дошт, аммо тайи се соли охир шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шомили он шуданд, ба маротиб афзуд.

Бинои Бонки Миллии Тоҷикистон
Бинои Бонки Миллии Тоҷикистон

"Феҳристро қабул мекунанд, аммо бо салоҳдиди худ амал мекунанд"

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, то се соли қабл дар ин рӯйхати "сиёҳ" ҳамагӣ 48 шаҳрванди Тоҷикистон ва 152 шаҳрванди кишварҳои узви ИДМ қарор доштанд. Ҳоло шумори шаҳрвандони танҳо Тоҷикистон дар ин феҳрист то ба 1372 нафар расидааст.

Александр Аргат, як масъули созмони Шаффофияти Байналмилал, ки аз ҷузъиёти ҷорӣ шудани таҳримҳои инфиродии молиявӣ нисбат ба ашхоси алоҳида огоҳӣ дорад, гуфт, ФАТФ ва кишварҳои узваш ин рӯйхати пешкашкардаи Тоҷикистонро қабул мекунад. Аммо ҷорӣ кардан ва ё накардани таҳрими молиявӣ нисбат ба ин ашхосро ҳар кишвар дар алоҳидагӣ мувофиқ ба салоҳдиди хеш ҳал мекунад.

"Мешавад гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд кишварҳои узви ИДМ ин рӯйхати Тоҷикистонро ба инобат гирифта, бонкҳояшон аз хидматрасонӣ ба ин нафарон худдорӣ варзанд. Аммо кишварҳои дигар бо назардошти ҷурми ҳар нафар дар алоҳидагӣ нисбат ба ӯ тасмим мегиранд", - хулоса кард ин коршинос.

Нисбат ба бархе аз шахсоне, ки шомили феҳристи тартибдодаи Бонки Миллӣ шудаанд, мақомоти интизоми айб элон кардаву додгоҳ онҳоро ба ҷурмҳои гуногун муҷрим шинохтааст. Тибқи тағйироти охирини воридшуда ба Кодекси ҷиноӣ додгоҳҳои Тоҷикистон шахсони гумонбарро метавонанд дар ғиёбашон муҳокима карда, онҳоро муҷрим эътироф кунанд.

Барои мисол, ҳоло Додгоҳи олӣ Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатро дар ғайбаш муҳокима дорад. Аммо ҷурм ва ҳукми даҳҳо нафари дигар дар ин феҳрист, ки исмашон барои матбуот ноошност, маълум нест.

XS
SM
MD
LG