Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон барои ҳабси дороиҳои Гулнора Каримова ба Русия муроҷиат кард


Гулнора Каримова

Додситонии кулли Узбакистон аз мақомоти Русия хост, амволи ғайриманқули мутаалиқ ба Гулнора Каримова, духтари бузурги раиси ҷумҳури пешини Узбакистон Ислом Каримовро ҳабс кунад.

Дафтари матбуоти Додситонии кулли Русия рӯзи 24 август гуфт, ки дархости ҷониби Узбакистон мавриди баррасӣ қарор дорад, аммо ҷузъиёти аз ин бештар надод.

Додситонии кулли Узбакистон моҳи гузашта эълон кард, ки Гулнора

Духтари президенти пешин дороиҳоеро ба маблағи 590 миллион доллар ба таври ғайриқонунӣ азхуд кардааст ва 870 миллион долларро ҳамчун ришва ба даст овардааст

Каримова аз соли 2015 дар ҳабси хонагӣ аст ва дар ҳоле, ки бозҷӯии қазияаш идома дорад, ӯ дар ростои иттиҳоми бештар қарор гирифтааст.

Дар изҳороти рӯзи 28 июл Додситони кулл гуфта буд, ки дар пайи ҳабси беш аз 1,5 миллиард доллар аст, ки ба Гулнора Каримова тааллуқ дорад ва дар 12 кишвари дунё, аз ҷумла Русия нигаҳдорӣ мешаванд. Узбакистон мегӯяд, ки Каримова дар Маскав 8 хона, пентҳауз, муҷтамаи вилла, меҳмонҳона, як ҳавелӣ ва замин дорад.

Додситонии кул ҳамчунин гуфтааст, духтари президенти пешин дороиҳоеро ба маблағи 590 миллион доллар ба таври ғайриқонунӣ азхуд кардааст ва 870 миллион долларро ҳамчун ришва ба даст овардааст.

Гулнора Кармоваи 45-сола, ки чеҳраи барҷастаи ҷамъиятӣ, тарроҳи шинохта, овозхон ва сафири Созмони Милали Муттаҳид буд, як замон ҳамчун ҷойгузини падараш пешгӯӣ мешуд.

Ҳанӯз 10 сол пеш Гулнора Каримоваро президенти ояндаи Ӯзбакистон пешгӯӣ мекарданд
Ҳанӯз 10 сол пеш Гулнора Каримоваро президенти ояндаи Ӯзбакистон пешгӯӣ мекарданд

Аммо ӯ дар вақти зинда будани падараш Ислом Каримов дар ҳоле аз назарҳо нопадид шуд, ки дар маркази ҷинояти молӣ қарор гирифт ва бисёр ҷонибдоронаш боздошту ҳабс шуданд. Каримова дар хориҷи кишвар, дар Швейтсария ва Шведсия бо иттиҳоми пулшӯӣ дар маркази мурофиаҳои додгоҳӣ қарор дорад.

Бисёр гузоришҳо ишора ба ин мекунанд, ки Гулнора Каримова аз соли 2014 дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Падари ӯ, нахустин президенти Узбакистон Ислом Каримов моҳи сентябри соли 2016 дар синни 72-солагӣ аз сактаи мағзӣ даргузашт.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG