Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки хусусии швейтсарӣ -- гумонбари шустушӯи пули Гулнора Каримова


Узбакистон - Акси даст доштани Гулнора Каримова, духтари бузурги Ислом Каримов дар эҳтимоли ситонидани миллионҳо доллар ришваи соҳаи телеком.

Додситонии федероли Швейтсария эҳтимоли ширкати бонки хусусии Lombard Odier-ро дар шустушӯи маблағҳое таҳқиқ мекунад, ки мумкин аст ба Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов тааллуқ дошта бошанд.

Зидди кормандони алоҳидаи ин бонк парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва ҳанӯз рӯшан нест, чанд нафар дар ин муомилаҳо даст доштаанд. Пажӯҳиши ҷиноӣ бо дархости сарони ин бонк, ки таърихи зиёда аз 200-сола дорад, оғоз гаштааст. Онҳо гуфтаанд, аз Ӯзбекистон ба ҳисобҳои ин бонк маблағҳое ворид шудаанд, ки шубҳаовар ба назар мерасанд.

Ба навиштаи рӯзномаи амрикоии Wall Street Journal, рӯзҳои 9-10 декабри соли 2016 муфаттишони швейтсарӣ бо ширкати вакили таъйинкардаи Швейтсария Грегуар Манжеа духтари раҳбари пешини Ӯзбекистонро бозпурсӣ кардаанд. Бозпурсии Гулнора Каримова ба сурати умум 23 соат идома ёфтааст.

Ин нахустин мулоқоти додситонҳои швейтсарӣ бо Гулнора Каримова буд аз замони қатъи ҳама гуна амалиёт дар ҳисобҳои бонкии эҳтимолии ӯ дар соли 2012. Дар ин ҳисобҳо, ба гуфтаи мақомоти швейтсарӣ 800 миллион доллари ИМА нигаҳдорӣ мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG