Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди телевизиони Узбакистон аз сиёсатҳои Ислом Каримов


Телевизиони давлатии Узбакистон баъд аз тақрибан як соли даргузашти раиси ҷумҳури нахустини ин кишвар Ислом Каримов дар як барномаи таҳлилӣ аз сиёсатҳои ӯ интиқод кард. Ислом Каримов, ки беш аз бисту панҷ сол ҷилави қудрат дар ин кишвари Осиёи Марказиро дар даст дошт, моҳи сентябри соли гузашта бар асари сактаи мағзӣ даргузашт.

Дар даврони раҳбарии Ислом Каримов ва ҳатто пас аз тақрибан як соли вафоташ, дар расонаҳои давлатии Узбакистон аз сиёсатҳои ӯ интиқоде сурат нагирифта буд.

Ин барнома дар иртибот ба 60-умин солгарди зодрӯзи Шавкат Мирзиёев, президенти кунунии Узбакистон, шоми 30-ми июл тавассути шабакаи давлатии "Узбекистон 24" пахш шуд. Ҳарчанд дар барнома мушаххасан аз Ислом Каримов ном бурда нашуд, муаллифони гузориш сиёсатҳои ӯро ба боди интиқод кашиданд.

Дар ин барнома президенти қаблии Узбакистон барои роҳандозии сабқати “кӣ зӯртар?” бо ҳамсояҳо низ айбдор гардид. Муаллифони барнома гуфтанд, “ҳоло президент Шавкат Мирзиёев талош дорад, ки гиреҳи ин муамморо бо ҳамсояҳо боз намояд”. Дар даврони раҳбарии Ислом Каримов Узбакистон бо ҳамсояҳои девор ба девораш, чун Тоҷикистону Қирғизистон равобити хубе надошт. Баъд аз марги ӯ равуо аз тариқи роҳҳои заминӣ соддатар шуда, пас аз 25 соли танаффус парвози ҳавопаймо миёни Душанбеву Тошканд низ ба роҳ монда шуд.

Дар замони раҳбарӣ ва зинда будани Ислом Каримов касе ҷуръат намекард, сиёсатҳои ӯро ба чолиш бикашад
Дар замони раҳбарӣ ва зинда будани Ислом Каримов касе ҷуръат намекард, сиёсатҳои ӯро ба чолиш бикашад

"Даъво бо ҳамсояҳо"

Ба гуфтаи муҷрии барнома, “дар нӯҳ моҳи ахир бо ҳамсояҳои наздик мусобиқаи "кӣ зӯртар" роҳандозӣ накардан ва равобити самимӣ ва боэътимод эълон кардан, ба муносибатҳои боэътимоди кишварҳои Осиёи Миёна бо Узбакистон, сабаб шудааст. Аз даъвоҳое чун "ту зӯр ҳастӣ ё ман" сарфи назар карда, масоиле, ки барои солҳо ҳалли худро намеёфтанд, назири масоили марзӣ, беҳбуд ёфтааст."

Дар даврони раҳбарии Ислом Каримов ва ҳатто пас аз тақрибан як соли вафоташ дар Узбакистон аз сиёсати ӯ интиқоде сурат нагирифта буд. Ба хусус дар телевизиони расмии он кишвар ҳамеша аз Ислом Каримов ситоиш мешуд. Дар барномаи "Таҳлилнома" дар мавриди вазъи бӯҳронии ҳар бахш дар замони Каримов таъкид ва гуфта шуд, ки Мирзиёев дар муддати ҳашт моҳи ислоҳотҳояш, вазъро то андозае ба эътидол овардааст.

Шавкат Мирзиёев баъди марги Ислом Каримов ба қудрат расид
Шавкат Мирзиёев баъди марги Ислом Каримов ба қудрат расид

Бозори сиёҳ -- шармандагӣ

Дар ин барномаи телевизионӣ таъкид шудааст, ки дар даврони Ислом Каримов сиёсати арзи ё пулӣ боиси маломат шудани Узбакистон гашта буд. Муҷрии ин барнома дар ин маврид мегӯяд, "дар ин авохир раҳбарони иқтисодии ҷаҳон Узбакистонро ҳамеша ба далели сиёсати арзиаш маломат мекарданд. Бояд имрӯз ошкор гуфт, ки ин сиёсат ба пайдо шудани ба истилоҳ "бозори сиёҳ" мунҷар ва боиси шармандагӣ шуда буд."

Вокунишҳои бинандагон дар нисбати ин барнома гуногун будааст. Бархе аз рӯзноманигорон пас аз тамошои он аз ситоишҳои Мирзиёев нороҳат шудаанд. Бархе дигар мегӯянд, ки аз интиқодҳо нисбати Каримов ранҷиданд. Як нафар, ки ин барномаро тамошо кардааст, ба бахши узбакии Радиои Озодӣ навиштааст, "дар барномаи "Таҳлилнома" Каримов ба хурус монанд карда шуда ва аз забони вай "ман зӯр ҳастам" гуфта мешуд. Ин барномаро дида, аз он нафратам омад, чунки дар инҷо бештар дурӯягӣ ба мушоҳида мерасид."

Додситонии кулли Узбакистон гуфт, ки Гулнора Каримова бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 21-уми августи соли 2015 дар боздошт буда, озодиаш барои панҷ сол “маҳдуд шудааст”.

Ислом Каримов, нахустин раиси ҷумҳури Узбакистон 2 сентябри соли гузашта дар Тошканд вафот кард ва 3 сентябр дар зодгоҳаш Самарқанд ба хок супурда шуд. Се моҳ пас аз вафоти Ислом Каримов, дар он кишвар интихоботи президентӣ баргузор шуд ва Шавкат Мирзиеёв, ки то он замон дар мақоми нахуствазирӣ ифоа вазифа мекард, бо аксарияти раъйҳо, дувумин президенти Узбакистон интихоб шуд.

Танқид аз сиёсатҳои Каримов, баъди парвандаи Гулнора

Интиқод аз сиёсатҳои Ислом Каримов дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳафтаи гузашта Додситонии кулли Узбакистон парда аз рӯи парвандаҳои духтари калонии ӯ Гулнора Каримова бардошт. Мақомоти тафтишотии Узбакистон гуфтанд, ки Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури собиқ бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ иртибот доштааст.

Гулнора Каримова
Гулнора Каримова

Ба гуфтаи онҳо, фақат дар Русия дар маҷмаи истиқоматии «Камелот» дар шаҳри Маскав як хонаи боҳашамат, як ҳавлии бузург ва 8 дар хонаи дигар дар маҳаллаи Рублевка як минтақаи сарватмандон ба ӯ Гулнора Каримова тааллуқ доштааст.

Дар шаҳри Ялта ҳам ба гуфтаи тафтишот як меҳмонхона, ҳавлӣ ва замин ба номи Гулнора Каримова будааст. Аз ин пештар додситонии кулли Узбакистон бори аввал гуфт, ки Гулнора Каримова бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 21-уми августи соли 2015 дар боздошт буда, озодиаш барои панҷ сол “маҳдуд шудааст”.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG