Пайвандҳои дастрасӣ

Лола Ҳотамова, рӯзноманигори маъруфи Узбакистон, ки замоне сухангӯи президенти пешини ин кишвар Ислом Каримов буд, мегӯяд, овозаҳо дар бораи робитаҳои ошиқонааш бо Каримов сабаб шуданд, ки якбора аз назарҳо ғайб занад.

Бисёриҳо медонистанд, ки ҳамсари Ислом Каримов рустабор аст. Аз ҳамин хотир, бархе фикр мекарданд, ки Каримов ҳамсари русашро сар медиҳад ва хонуми узбак мегирад. Ман намедонам, ин овозаҳо аз куҷо сар зад, аммо натиҷа он шуд, ки ман аз кор ронда шудам"

Дар мусоҳибаи вижаи бахши узбакии Радиои Озодӣ, ки рӯзи 27 март нашр шуд, Лола Ҳотамова, ҳоло сокини Амрико, ба саволҳо дар бораи даврони кораш дар қасри раёсати ҷумҳурӣ ва телевизиони Узбакистон нақл кард. Ҳотамова то солҳои 1990 кор карда, баъдан маҷбур шудааст, ки аз кишвар биравад.

Дар сӯҳбаташ аз ИМА вай гуфт, баъди як нофаҳмӣ бо Ислом Каримов, он замон Котиби аввали ҳизби коммунисти Узбакистон ва раҳбари ин ҷумҳурӣ, вай аввал аз кор ва баъдан аз Узбакистон рафт. Ҳоло дар ИМА ба сар мебарад. Ҳотамова мегӯяд, маъшуқаи Каримов набуд, аммо таваҷҷуҳи президент ба вай ва фаъолияташ дар солҳои 1990 боис ба овозаҳое шуд, ки ӯро аз кор маҳрум кард.

Ислом Каримов соли гузашта дар зодгоҳаш Самарқанд ба хок супурда шуд
Ислом Каримов соли гузашта дар зодгоҳаш Самарқанд ба хок супурда шуд

"Ман кадри ҷавон будам, нав корро шуруъ карда будам, ҳоло ҳеч кори бузурге накарда будам, ки сазовори чунин таваҷҷуҳи шахси аввали кишвар шавам. Ба ҷуз ин, он замон дар ҷомеаи Узбакистон масъалаи худшиносӣ дар авҷ буд. Бисёриҳо медонистанд, ки ҳамсари Ислом Каримов рустабор аст. Аз ҳамин хотир, бархе фикр мекарданд, ки Каримов ҳамсари русашро сар медиҳад ва хонуми узбак мегирад. Ман намедонам, ин овозаҳо аз куҷо сар зад, аммо натиҷа он шуд, ки ман аз кор ронда шудам", - мегӯяд Ҳотамова.

Вай дар бораи фаъолияташ дар даврони Ислом Каримов мегӯяд, президентро "дар ҷаласаҳо гӯш кардан душвор буд. Вай забони узбакиро хуб намедонист. Ҳатто вақте бо русӣ суҳбат мекард, аз мавзӯи асосӣ борҳо канор мерафт".

Лола Ҳотамова
Лола Ҳотамова

Аммо Ҳотамова иқрор шуд, ки он замон аз Каримов сахт ранҷида буд. Вай мегӯяд, "Ислом Каримов ба ҳайси роҳбари як давлати комил тамоми нерӯяшро ба як зани ҷавону танҳое, ки дар даст тифли хурдсол дошт, нишон дод".

Лола Ҳотамова афзуд, то ҳол шаҳрванди Узбакистон буда, ба ватанаш равуо дорад ва аз президенти нави ин кишвар тағйироти мусбатро умедвор аст.

Ислом Каримов бо ҳамсараш Татяна Каримова, духтараш Лола, домодаш ва набераҳо
Ислом Каримов бо ҳамсараш Татяна Каримова, духтараш Лола, домодаш ва набераҳо

Ислом Каримов, ки сентябри соли 2016 дар 78-солагӣ бар асари сактаи мағзӣ дар Тошканд даргузашт, яке аз пӯшидатарин давлатмардон дар қаламрави Осиёи Марказӣ буд. Бахусус, тафсилоти ҳаёти шахсии ӯ аз чашми ҷомеа пинҳон буд, то замоне ки духтари калониаш Гулнора Каримова, яке аз шахсиятҳои бонуфуз дар Узбакистон (то соли 2013) ба фошкории равобити дохилиоилавии президент напардохт ва парда аз ихтилофҳои ӯву модар ва хоҳараш Лола Каримова-Тиллова набардошт.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG