Пайвандҳои дастрасӣ

Умедвории Равот аз гармии муносиботи Тоҷикистону Узбакистон. ВИДЕО


Рустои Равоти шаҳри Конибодом дар миёни марзи Тоҷикистону Узбакистон воқеъ аст. Мардуми ин деҳаи Тоҷикистон дар гузашта бо сокинони он тарафи марз Наврӯзи муштарак ва иртиботҳои муфид доштанд. Вале ҳоло онҳоро симхор ва майдонҳои мина аз ҳам ҷудо мекунад.

Сокинони рустои Равот бовар доранд, ки низоми шадиди виза байни ду кишвар осон хоҳад шуд ва онҳо дубора имкон пайдо мекунанд, ки дар ҷашнҳои муштарак бо хешовандони узбакистонӣ сарҷамъона хурсандӣ намоянд.

Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад, хабарнигори маҳаллӣ, рӯзи 21 март гуфт, дар гузашта ҳатто Наврӯз бе иштироки ҳунармандону мардуми узбак тасаввурнопазир буд. “Пештар бозори моро онҳо обод мекарданд ва мо бозори онҳоро. Равуо бемамониат буд”, - ба ёд овард ӯ.

Солҳои 90-ум бо шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, мақомоти Узбакистон назорати марзро шадидтар карданд. Ҳусниддин Танибердиев, раиси Равоти шаҳри Конибодом, мегӯяд, “ба фикри ман, то замоне ки давлатҳо ба пойи худ рост мешаванд, марзро сахт мегиранд”.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Мардуми ду тарафи марз чандин сол аст, аз муқаррароти печида ранҷ мебаранд. Касоне ҳастанд, ки даҳсолаҳо дар Тоҷикистон зистаанд, вале ҳанӯз ҳаққи иқомати ин кишварро надоранд. Гулнора Умарова, мудири мактаби рақами 12-и деҳаи Равот, гуфт, “шогирди ман талабаи синфи 10-ум аст, Модари ӯ аз Узбакистон ба инҷо арӯс шуда омадааст. Бо ёрии виза инҷо истиқомат мекунад. Ҳозир маҷбур шуд, духтарашро ба муддати шаш моҳ ба Узбакистон гирифта равад. Дар хона духтарбачаро танҳо партофта рафтан хуб нест. Вай бо ёрии ариза духтарашро бурд ва баъди омадан хонданашро давом медиҳад.”

Сокинони навоҳии марзиро як андоза гарм шудани муносиботи сиёсии ду кишвар тайи моҳҳои охир умедвор кардааст. Онҳо нишонаҳои нармиро мебинанд, вале дар оянда интизориҳои бештар доранд. Гулнора Умарова мегӯяд, “аз давраҳои пешин саҳле сабукӣ шудааст. Бо ёрии ҳамин барқия рафта меоянд. Дар муддати панҷ рӯз. Дар ягон маърака ё дафн иштирок карда, боз пас мегарданд. Чунки бисёр истодан мумкин нест.”

Рустои Равот дар шаҳри Конибодом
Рустои Равот дар шаҳри Конибодом

Сокинони рустои Равот бовар доранд, ки низоми шадиди виза байни ду кишвар осон хоҳад шуд ва онҳо дубора имкон пайдо мекунанд, ки дар ҷашнҳои муштарак бо хешовандони узбакистонӣ сарҷамъона хурсандӣ намоянд. Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад, хабарнигори тоҷик мегӯяд, “билохира, мардуми ҳамхуну ҳамнажоду ҳамдин ҳастем. Ними мардуми Конибодом дар марзи Узбакистон хешу табор дорад ва ҳамин тантанаҳои наврӯзӣ бо иштироки дӯстони узбак ҳам мегузарад. Ман эҳсос мекунам, ки аллакай як нармӣ ҳаст, як гармӣ ҳаст”.

Бо даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, дар соли гузашта ҳукумати нав ба раҳбарии Шавкат Мирзиёв ба тармими робитаҳои сард бо Тоҷикистон пардохт. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон охири соли гузашта дар мулоқот бо Рустам Азимов, муовини нахуствазири Узбакистон, хостори лағви виза шуд. Ахиран мақомоти Узбакистон изҳор доштанд, ки муқаррароти виза барои сокинони навоҳии сарҳадӣ бозбинӣ мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG