Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Визаро лағв кунанд". Боздид аз марзи Тоҷикистону Узбакистон. ВИДЕО, АКС


Гузаргоҳи байналмилалии "Дӯстӣ" дар марзи Тоҷикстону Узбакистон ин шабу рӯз серодам ба назар мерасад. Шаҳрвандони ду тарафи марз ҳам гуфтанд, дар муқоиса ба солҳои гузашта равуо нисбатан сабуктар шуда, муносибати марзбонон бо онҳо низ тағйир кардааст. Рӯзи 1 феврал ҳангоми мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ду тараф беш аз 30 тан аз марз убур карданд.

Ҳарчанд низоми виза побарҷо аст ва барои гирифтани он хешовандон бояд ба Узбакистон даъватнома фиристанд, вале рӯҳияи мардум хеле дигар шудааст.
Хосият Сатторова

Хосият Сатторова, як сокини шаҳри Фарғонаи Узбакистон, дар гузаргоҳи сарҳадии "Дӯстӣ"-и Тоҷикистон баъд аз ворид шудан ба хоки кишвар гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ назари мардум ба дурнамои барқарории муносибатҳо тағйир ёфтааст. "Ҳарчанд низоми виза ё раводид побарҷо асту барои гирифтани он хешовандон бояд ба Узбакистон даъватнома фиристанд, вале рӯҳияи мардум хеле дигар шудааст”, - гуфт Хосият.

Гузориши видеоӣ инҷост:

“Визаро лағв кунанд”. Боздид аз марзи Тоҷикистону Узбакистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:40 0:00

Вай баъди 10 соли ҷудоӣ тоза имкон пайдо кард, ба дидори хоҳарбузургаш, ки дар бемористони Душанбе бистарӣ аст, биёяд: “Визаро лағв кунанд, роҳҳо боз карда шаванд, равуои мардум осонтар хоҳад шуд. Ба ман занг заданд, ки хоҳарат дар бемористони Душанбе бистарӣ аст ва ман ҳоло аз марз гузаштам ва ба назди хоҳарам меравам.”

Хонаводаи Хосият Сатторова яке аз садҳо ҳазор оилаҳоест, ки хешутаборашон дар ҳарду тарафи марз зиндагӣ мекунанд ва аз мушкил будани қоидаҳои сафар дар ҳарду самт ҳамеша норозӣ будаанд.

Гузаргоҳи сарҳадии “Дӯстӣ” яке аз калонтарин гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Узбакистон аст, ки ба қавли шаҳрвандони ду кишвари ҳамсоя равуо нисбат ба ним соли пеш осонтар ва муносибати сарҳадбонон беҳтар шудааст. Ҳамарӯза аз ин гузаргоҳ даҳҳо нафар ба ҳарду самт убур мекунанд. Ин гузаргоҳ дар байни минтақаи Пахтаободи Тоҷикистон ва Сариосиёи Узбакистон қарор дорад.

Тайи якуним соате, ки мо дар гузаргоҳи Дӯстӣ қарор доштем, тақрибан 15 нафар аз ҷониби Узбакистон ва ҳудуди 20 нафар аз Тоҷикистон ба тарафи Узбакистон гузаштанд. Абдураҳмон Остонақулов, шаҳрванди Тоҷикистон, тоза аз назди зану фарзандонаш, ки дар Узбакистон ба сар мебаранд, баргаштааст ва мегӯяд, масъалаи аслӣ дар роҳ ин мушкилоти виза аст, ки ҳанӯз ҳам ҷорӣ аст.

Абдураҳмон ва дигар ҳамроҳонаш гуфтанд, мардум ташнаи дидори наздиконашон дар ин сӯ ва дар онсӯи марз ҳастанд ва изҳори умед мекунанд, ки мушкилоти таҳияи ҳуҷҷат ҳарчӣ зудтар соддатар шавад. Абдураҳмон Остонақулов меафзояд, “зану фарзандонам дар он тарафи марз ва худам дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунам. Вақте ки ба дидори онҳо меравам, аз ҷониби онҳо даъватнома бояд гирам. Баъдам виза дарёфт намуда, ба Узбакистон меравам”.

Бахтовар Тағоев, сокини Боботоғи Сариосиё, мегӯяд, инак баъди ду сол имкон пайдо кардааст, ки ба назди хешовандонаш дар ноҳияи Ҳисор биёяд. Вай мегӯяд, ҳоло равуо дар гузаргоҳ беҳтар шудааст. “Ҳоло тақрибан ҳеҷ мушкил нест. Вазъият дар муқоиса ба солҳои гузашта хуб аст. Хешовандони мо дар ноҳияи Ҳисор ҳастанд ва ман ба дидорашон меравам. дар оянда боз ҳам шароити равуо осонтару беҳтар карда шавад, хуб аст”, - гуфт ӯ.

Тавре мо мушоҳида кардем, дар гӯшае аз гузаргоҳи “Дӯстӣ”-и Тоҷикистон даҳҳо ронандаи таксиҳои хусусӣ қарор доштанд, ки онҳо ҳамарӯза мунтазири мусофирон ҳастанд.

Баҳодур Насриддинов, як ронандаи таксӣ, гуфт, агар раводид бардошта шавад ва шароити убуру мурур осонтар карда шавад, равуои шаҳрвандон бештар хоҳад шуд. “Мо аз ҳисоби ҳамин мусофирон зиндагӣ мекунем. Вақте ки вазъ беҳбуд ёбад, як нафар тиҷораташ хуб мешавад, нафари дигар кораш хуб мешавад. Солҳои пеш одам беҳад кам буд, рӯзҳои охир бештар шудааст”, - афзуд ӯ.

Сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Узбакистон 1332,9 километр дарозӣ дорад. Тибқи Созишномаи байниҳукуматии ду кишвари ҳамсоя аз соли 2002, дар марзи Тоҷикистону Узбакистон 16 гузаргоҳи сарҳадӣ мавҷуданд.

Аз он нӯҳ гузаргоҳи сарҳадӣ мақоми байналмилалӣ ва ҳафт гузаргоҳи боқимонда мақоми дутарафа дошта, чор гузаргоҳи сарҳадӣ барои нақлиёти роҳи оҳан кушода мебошанд. Дувоздаҳ гузаргоҳи сарҳадӣ дар вилояти Суғд ҷойгир буда, чортои дигараш дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Турсунзода қарор доранд.

XS
SM
MD
LG