Пайвандҳои дастрасӣ

Фарғонӣ: Аламовар аст, ки то ҳол наберагон зодгоҳи маро надидаанд


Марямбонуи Фарғонӣ

То замони парвози озмоишии ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон ба Тошканд шаш рӯзи дигар мондааст. Вале то ҳол ҷониби Узбакистон нагуфтааст, ки оё онҳо низ ба фурӯши билет барои парвоз аз Тошканд ба Душанбе оғоз кардаанд, ё не. Аз ҷониби Узбакистон ин парвозҳоро ҳавопаймои "Узбекистон ҳаво йулларӣ" анҷом хоҳад дод.

Дар миёни ин солҳои ҷудоиандоз банда ҳамагӣ ду бор ба Сӯх рафтам, ки душвориҳои басе зиёд дошт. Дар онҷо хешовандони наздиктарин ҳам маро зуд нашинохтанд.

Бо ин ҳол, сокинони Тоҷикистону Узбакистон, ки дар ду тарафи марз наздиконашон ба сар мебаранд, аз хабари барқарории парвозҳо миёни пойтахтҳои ду кишвар истиқбол карданд. Онҳо гуфтанд, дар ҳолатҳои изтирорие ба мисли фавти хешовандон ё маросими сур рафту баргашти онҳо тариқи ҳавопаймо осонтар хоҳад буд. Бо вуҷуди онки ҳамаи рафтуомад ба Узбакистон аз дарёфти виза вобаста аст. Касоне, ки виза надоранд, на тариқи роҳи заминӣ ва на тариқи ҳавопаймо ба Узбакистон рафта наметавонанд.

Марзи Тоҷикистону Узбакистон. Гузаргоҳи "Дӯстӣ" дар шаҳри Турсунзода
Марзи Тоҷикистону Узбакистон. Гузаргоҳи "Дӯстӣ" дар шаҳри Турсунзода

Хабари ба зудӣ барқарор шудани парвози ҳавопаймоҳо беш аз ҳама Азими 25-соларо хурсанд кардааст. Ӯ дар Узбакистон зода шудааст, аммо хешовандони модараш дар Тоҷикистон ба сар мебаранд. Азим рӯзи 4 феврал гуфт, бори охир 10 соли пеш ба дидори наздиконаш ба Душанбе рафта буд. “Дар Узбакистон ба мисли мо хонаводаҳо зиёданд, ки дар Тоҷикистон хешу табор доранд. Аммо мушкили асосии мо ин буд, ки тӯли ин қадар сол наметавонистем дар вақти муносиб ба дидори пайвандон биравем. Аз як тараф гирифтани раводид осон набуд ва аз тарафи дигар намедонистем, ки оё метавонем бемамониат аз марз бигзарем, ё не”, - гуфт ӯ.

Видеои боздид аз марзи Тоҷикистону Узбакистон:

Ба нақли Азим, модараш зодаи Тоҷикистон буда, падараш дар Узбакистон таваллуд шудааст. Модари Азим дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ бо падари самарқандиаш издивоҷ кард ва баъди ин ӯву додару хоҳараш дар Узбакистон ба дунё омаданд. “Модарам ҳарчанд хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон буд, аммо ҳеҷ гоҳ ҳақ надошт дар Узбакистон кор кунад ва орзуи пизишк шудан дар дилаш монд. Зеро мақомоти Узбакистон ба ӯ шаҳрвандӣ надоданд ва ӯ дар натиҷа шахси бешаҳрванд монд ва маҷбур шуд, ки хонашин шавад”, - гуфт ӯ.

Сафияи 32-сола, ки тамоми хешовандони модараш дар Деҳнав ва Сариосиёи Узбакистон зиндагӣ мекунанд, умед дорад аз ин ба баъд мисли солҳои пеш аз ҷанг бидуни мушкил ба хабаргирии холаву тағоҳояш меравад. Вай гуфт, солҳои ахир рафтуомади онҳо ба хонаи пайвандони модараш танҳо бо ирсоли “телеграмма” (барқия) сурат мегирифт. Аммо Сафия мегӯяд, “телеграмма” ҳам роҳи ҳал нест, чун мақомот баъзан тафтиш мекунан, ки, воқеан, ягон маросиме ҳаст ё не.

Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон (рост) бо Рустам Азимов, муовини нахуствазири Узбакистон. Душанбе, моҳи декабри 2016
Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон (рост) бо Рустам Азимов, муовини нахуствазири Узбакистон. Душанбе, моҳи декабри 2016

Мардуми Тоҷикистону Узбакистон то замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ паҳлӯи якдигар кору зиндагӣ мекарданд ва оилаҳои муштарак бунёд менамуданд. Дар солҳои Шӯравӣ тоҷикони зиёде аз Самарқанду Бухоро ба Тоҷикистон омада ва як насли бузурги онҳо дар ин кишвар ба воя расиданд.

Ҳоло дар ҳар ду давлат хонаводаҳое, ки решаашон аз ҳарду тарафи марз об мехӯрад, хеле зиёданд. Марямбонуи Фарғонӣ, адиби тоҷик, дар ноҳияи Сӯхи Узбакистон ба дунё омадааст. Ӯ мегӯяд, солҳои пеш тақрибан ҳар моҳ ба зодгоҳаш мерафт, вале бо печида шудани равобит натавонист ба марги азизтарин нафаронаш бирасад.

“Дар миёни ин солҳои ҷудоиандоз банда ҳамагӣ ду бор ба Сӯх рафтам, ки душвориҳои басе зиёд дошт. Дар онҷо хешбачаҳои наздиктаринам ҳам маро зуд нашинохтанд. Рӯзи видоъ бошад, гарданамро сар надода мегиристанд он тифлакон, ки “холаҷон, аммаҷон, нарав!” Аламовар аст, ки наберагони ман зодгоҳи маро надидаанд, хешони фарғонагии худро намешиносанд”, - мегӯяд Марямбонуи Фарғонӣ. Ин адиби тоҷик афзуд, сайъ мекунад бо ёддоштҳояш ва бо нишон додани акси пайвандон набераҳояшро ғоибона ба сарзамине, ки ба гуфтаи ӯ гузаштагонаш дар он хок дафн шудаанд , ошно намояд.

Фирӯз Баротов
Фирӯз Баротов

Муносиботи Тоҷикистону Узбакистон дар солҳои 90-ум ба сардӣ гароид. Тошканд дар соли 1999 ба таври якҷониба бо Тоҷикистон режими визаро ҷорӣ карда, парвози ҳавопаймоҳо байни пойтахтҳои ду кишвар аз ин пештар, дар соли 1992, қатъ карда шуд. Баъдан Узбакистон равуои озоди қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистонро низ маҳдуд намуд.

Фирӯз Баротов, хабарнигори тоҷик, ду сол қабл аз Бухорон дидан карда буд ва мегӯяд, ки вуҷуди чунин мониаҳо натавонистааст муносибати мардуми ду кишварро халалдор кунад. “Барои ман ҷолиб буд, ки вақте бо хонандгони мактабҳои Бухоро ҳамсӯҳбат шудам, онҳо мегуфтанд, дар бораи Тоҷикистон маълумот доранд. Ба фаҳмиши насли навраси Бухоров тоҷикон мардуме ҳастанд, ки бо онҳо ҳамзабонанд. Ман чунин хулоса бардоштам, ки вуҷуди мониаҳо барои равуо мардумро аз якдигар дур накардааст”, - афзуд ӯ.

Ҳамин тавр, ҳамсӯҳбатони мо барои поён ёфтани дарди фироқи сокинони ду тарафи марз ва шурӯи парвозҳо рӯз мешуморанд. Ба эҳтимоли ғолиб, парвози озмоишии ҳавопаймо аз Душанбе ба Тошканд 10 феврал ва парвози мунтазам 20 феврал оғоз шуда, роҳи чандсоатаи мошингард аз Душанбе ба Тошкандро то ба 1 соат расонад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG