Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо намояндаҳои ВУХ-и Узбакистон


Содиқ Имомӣ, сафири Тоҷикистон дар Тошканд, рӯзи 3 феврал бо мақомоти Вазорати умури хориҷии Узбакистон вазъи ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ кардааст. Сомонаи Вазорати умури хориҷии Узбакистон рӯзи 4 феврал навишт, дар ин нишаст "иҷрои тавофуқоти байни Узбакистону Тоҷикистон баррасӣ шуд, ки охири моҳи декабри соли гузашта дар нишасти Комиссияи байниҳукуматӣ дар Душанбе ба даст омадааст".

Дар ин мулоқот омодагӣ ба музокироти нав низ баррасӣ гардидааст, вале ҷузъиёти аз ин бештар дастрас нест. Маълум нест, ки дар музокироти оянда масъалаи содда кардани виза низ баррасӣ хоҳад шуд ё не. Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ надодааст.

Аммо дар ҳамин ҳол, Утоқи савдо ва саноати Тоҷикистон эълон кардааст, ки намоишгоҳи нахустини маҳсулоти саноатии Узбакистон дар Душанбе охири моҳи марти имсол баргузор хоҳад шуд. Як манбаи Утоқи савдо ва саноат гуфт, дар ин маврид мақомоти ду тараф дар охири моҳи январ ба созиш расидаанд. Баргузории ин намоишгоҳ низ як бахши "ҳосили" нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон дар охири моҳи декабри соли гузашта дар Душанбе гуфта мешавад.

Узбакистону Тоҷикистон аз ҳамсояҳои наздик ва девор ба девор буда, аммо тайи беш аз бист соли гузашта бо якдигар дар масъалаи равуо, марз, хатти парвоз, роҳи оҳану интиқоли барқ ва обу сохтмони нерӯгоҳҳо мушкил доштанд. Баъд аз марги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, дар моҳи сентябри соли гузашта зоҳиран муносибати ду ҳамсоя ба марҳилаи нав ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG