Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон лағви визаро то соли 2021 ба таъхир гузошт


Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Узбакистон, бо нашри як фармон санаи лағви равуои бе визаро барои шаҳрвандони 27 кишвари дунё, ки қарор буд, 1 апрели соли равон ба иҷро дарояд, то 1 январи соли 2021 ба таъхир гузоштааст.

Ибтидои моҳи декабри соли гузашта ва ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз интихоботи президентӣ, Шавкат Мирзиёев қароре қабул кард, ки тибқи он сайёҳони 27 кишвари дунё метавонистанд, бе виза то 30 рӯз дар Узбакистон бимонанд.

Узбакистон дар соли 2001 бо Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кард.

Қарори ба таъхир гузоштани равуои бе виза бо ҳадафи "рушди устувори фаъолияти сайёҳӣ ва таъсиси пойгоҳи зарурии моддиву техникӣ, таъмини амнияти сайёҳон ва сиҳатии шаҳрвандони хориҷӣ" ва, инчунин "рушди баробари ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ" унвон шудааст. Дар матни қарори президенти Узбакистон омадааст, ки тасмими ба таъхир гузоштани равуои бидуни визаро мақомоти дахлдор гирифтаанд.

Аз Австрия то Исроил

Бар асоси қарори пешина, Тошканд аз моҳи апрели соли 2017 раводидро барои он шаҳрвандони Австралия, Австрия, Бритониё, Олмон, Дания, Испания, Италия, Канада, Люксембург, Ҳолланд, Корея, Сингапур, Финляндия, Швейтсаприя ва Ҷопон бекор мекард, ки бо нияти саёҳат ва на бештар аз 30 рӯз ба Узбакистон мераванд. Инчунин, визаи Узбакистон барои сокинони аз 55-сола болои Белгия, Малайзия, Амрико, Фаронса, Вйетнам, Исроил, Лаҳистон, Маҷористон, Португалия ва Чехия аз байн бурда мешуд.

Ҳарчанд қарор рӯзи 2 декабри соли гузашта аз тарафи Шавкат Мирзиёев, яъне иҷрокунандаи вазифаи президент, имзо шуда буд, вале хабар баъди як рӯзи пирӯзии ӯ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ эълон гардид. Интихоботи президентии Узбакистон баъд аз се моҳи даргузашти раҳбари нахустини он кишвар Ислом Каримов баргузор гардид.

Тоҷикистон хост, виза бекор шавад

Узбакистон тайи бештар аз 25 соли раҳбарии Ислом Каримов ба як кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ табдил шуда, бо ҳамсояҳояш, аз ҷумла Тоҷикистон марзҳои минакоришуда ва низоми шадиди раводид ҷорӣ карда буд. Баъд аз даргузашти Ислом Каримов муносибати Тоҷикистону Узбакистон ба марҳилаи нав ворид шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Азимов
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Азимов

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 27 декабри соли гузашта дар мулоқот бо Рустам Азимов, муовини нахуствазири Узбакистон дар Душанбе хостори бекор ё содда кардани низоми виза бо Узбакистон шуд. Вай аз кишвари ҳамсоя даъват кард, ки содироту воридоти нерӯи барқро дубора ба роҳ монанд.

Дар ҳоли ҳозир мақомоти Тоҷикистону Узбакистон барои азсаргирии парвозҳо миёни Душанбеву Тошканд ба тавофуқ расида, бар сари таъин ва аломатгузории марзи муштарак сӯҳбат доранд. Бархе аз соҳибназарон гуфтанд, дар ҳоли ҳозир лағви якбораи виза миёни Узбакистону Тоҷикистон баид ба назар мерасад, вале шояд то ҳадде содда карда шавад. Тошканд дар соли 2001 бо Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG