Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки миллӣ масъули муқовимат бо пулшӯӣ шуд


Бинои Бонки миллии Тоҷикистон.
Бинои Бонки миллии Тоҷикистон.

Бонки миллии Тоҷикистон ниҳоди масъул дар муқовимат бо даромадҳои аз роҳи ҷиноят ба даст омада таъин шуд. Ин бонк бо як фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз чунин ваколат бархурдор шуд.

Дар ин фармони раиси ҷумҳур гуфта мешавад, ки "Бонки миллии Тоҷикистон мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом муайян карда шавад".

Давоми соли равон ин бори дуввум аст, ки ба Бонки миллӣ салоҳиятҳои нав медиҳанд. Қабл аз ин бо як қарори дигар салоҳияти назорати соҳаи суғурта ва ширкатҳои бимаро низ аз вазорати молия ҳазф карда, ба ихтиёри ин бонк супурданд.

Қонун "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом" соли 2011 қабул гардидааст ва ахиран бо судури фармони раиси ҷумҳур, Бонки миллӣ мақоми маъсул дар амри иҷрои ин қонун таъин гардид.

Тоҷикистон таҳия ва татбиқи ин қонунро бо тавсияи созмони FATF (Financial Action Task Force) як ниҳоди байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул, шурӯъ кард. Ин созмон Тоҷикистонро то соли 2014 дар рӯйхати кишварҳое ворид карда буд, ки эҳтимоли “пулшӯӣ” дар он ҷо зиёд аст.

Танҳо дар моҳи октябри соли 2014 Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул Тоҷикистонро аз рӯйхати кишварҳое, ки таҳти назорати вижаи ин созмон қарор доштанд, берун овард. Бонки миллии Тоҷикистон он замон гуфта буд, ки "Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ба зинаи баландтар баромад."

Бино бар ин манбаъ, FATF (Financial Action Task Force), Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул, ҳанӯз рӯзи 24 октябр дар ҷаласаи планериаш дар Пориси Фаронса қарор кардааст, ки "бинобар пурра мутобиқ гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои FATF ва мавриди амал қарор гирифтани онҳо, Тоҷикистон аз реҷаи мониторинг бароварда шуда, ба қатори кишварҳое, ки комилан ба талаботҳои ин ташкилот ҷавобгӯ ҳастанд, ворид карда шуд."

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон ба дунбол изҳори умед карданд, ки аз “рӯйхати сиёҳ”-и FATF берун шудани исми Тоҷикистон “мавқеи сармоягузории кишварро беҳтар намуда, имкониятҳои иловагиро барои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат фароҳам меорад.“

Пас аз ду моҳи берун шудани шудани Тоҷикистон аз рӯйхати сиёҳи ФАТФ дар соли 2014 дар амри мубориза бо пулшӯӣ, Пажӯҳишгоҳи Базели Швейтсария Тоҷикистонро дар қатори 10 кишваре шомил кард, ки хатари ба расмият даровардани пулҳои "нопок" дар онҳо зиёд аст. Аммо Бонки миллӣ билофосила баъд аз ин изҳороти пажӯҳишгоҳи Базел гуфт, ки ин ниҳод бо такя ба маълумот ва омори кӯҳна дар мавриди Тоҷикистон хулоса баровардааст, ки ғалат мебошад.

FATF (Financial Action Task Force), Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул, як созмони байнидавлатист, ки дар соли 1989 аз сӯи 7 кишвари саноатии ҷаҳон - Амрико, Ҷопон, Олмон, Бритониё, Итолиё, Фаронса ва Канада ташкил шуда буд. Маркази ин гурӯҳ дар Фаронса буда, то ба ҳол 40 дастури муқобила бо пулшӯиро ба кишварҳои ҷаҳон ироа кардааст. Дар ҳоли ҳозир 36 кишвар ва 9 созмон узви FATF мебошанд.

Зимнан, давоми соли равон ин бори дуввум аст, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон салоҳиятҳои нав медиҳанд. Қабл аз ин бо як қарори дигар салоҳияти назорати соҳаи суғурта ва ширкатҳои бимаро низ аз Вазорати молия ҳазф, карда ба ихтиёри Бонки миллӣ супурданд. Ҳоло муҷаввиз барои фаъолияти ширкатҳои суғуртавиро низ Бонки миллӣ дар Тоҷикистон содир мекунад.

XS
SM
MD
LG