Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"100 млрд $ фасоди молӣ". Додситонии Саудӣ 207 танро бозҷӯӣ кардааст


Додситонии кулли Арабистони Саудӣ рӯзи панҷшанбеи 9-уми ноябр гуфт, то ба ҳол 207 тан дар робита бо таҳқиқоти зидди фасоди молӣ дар ин кишвар бозҷӯӣ ва ҳафт тан аз онҳо озод шудааанд. Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Шайх Саъуд Ал-Муъҷаб, дар баёнияе гуфтааст, "бар асоси таҳқиқоти се соли ахир, тахмин зада мешавад, ки ҳадди ақал 100 миллиард доллар дар чанд даҳсолаи ахир ба таври систематикӣ мавриди фасоди молӣ ва пулшӯӣ, қарор гирифтааст."

Як мақом дар Палатаи савдо ва саноати Риёз гуфтааст, ки дар сурати мусодираи дороиҳо, ҳаҷми умумии он ба 800 миллиард доллар хоҳад расид.

Ӯ чун дигар мақомоти баландпояи Арабистони Саудӣ такрор кард, ки боздоштҳои ахир дар ин кишвар таъсире ба фаъолиятҳои тиҷоратӣ нахоҳад дошт ва фақат ҳисобҳои шахсии шуморе аз шаҳрвандони Саудӣ дар бонкҳо баста шудаанд, вале ин иқдом дар мавриди ширкатҳои сурат нагирифтааст. Додситонии кулли Арабистони Саудӣ афзуд, ки ширкатҳо ва бонкҳо озоданд то ба фаъолиятҳои худ идома диҳанд.

Даҳҳо тан аз аъзои ҳукумати Саудӣ, мақомҳо ва мудирони тиҷоратии ин кишвар рӯзи шанбеи гузашта дар иқдоми ногаҳонӣ бо ҳукми кумитаи навтаъсиси мубориза бо фасод, боздошт шуданд. Ин дастгириҳо танҳо чанд соат пас аз ташкили ин кумита аз сӯи Малик Салмон рух дод. Ба гуфтаи манбаъҳои огоҳ, Кумитаи мубориза бо фасод ҳисобҳои шоҳзода Муҳаммад бин Ноиф, валиаҳди барканоршудаи Арабистони Саудиро низ масдуд кардааст.

Подшоҳи Арабистони Саудӣ дар тобистони соли ҷорӣ бо барканории Муҳаммад бин Ноиф аз валиаҳдӣ, фарзандаш Муҳаммад бин Салмонро ҷойгузини вай кард. Кумитаи мубориза бо фасод дар Арабистони Саудӣ эълом кард, ки пул ва дороиҳои онҳое, ки даст ба фасоду пулшӯӣ задаанд, мусодира хоҳад шуд. Дар миёни боздоштшудаҳо миллиардери номдори ҷаҳони араб Валид бин Талол низ ҳаст. Сарвати ӯ 18 миллиард доллар гуфта мешавад.

Валид бин Талол, миллиардери машҳури ҷаҳон араб.
Валид бин Талол, миллиардери машҳури ҷаҳон араб.

Хабаргузории "Рейтерз" рӯзи чаҳоршанбеи 8-уми ноябр гузориш дод, ки интизор меравад шумораи касоне, ки Кумитаи мубориза бо фасод дар ҷустуҷӯи онҳо аст, ба садҳо тан расад. Рӯзномаи "New-York Times" гузориш додааст, ки то ба ҳол наздик ба 500 дастгир шудаанд, ки бештари онҳо дар "муҷаллалтарин зиндони дунё" яъне меҳмонхонаи Ritz Carlton воқеъ дар минтақаи дипломатнишини Риёз, нигаҳдорӣ мешаванд.

"Рейтерз" ҳамчунин ба нақл аз манбаъҳои бонкии Арабистони Саудӣ афзуд, ки шумораи ҳисобҳои басташуда то рӯзи чаҳоршанбеи дар бонкҳои дохилии Саудӣ ба беш аз 1700 расидааст. Ин рақам дар рӯзи сешанбеи 7-уми нобяр 1200 ҳисоби бонкӣ гузориш шуда буд. Ин хабаргузорӣ ба нақл аз як мақом дар Палатаи савдо ва саноати Риёз гузориш дод, ки дар сурати мусодираи дороиҳо, ҳаҷми умумии он ба 800 миллиард доллар хоҳад расид.

Дар ҳамин ҳол, як сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи панҷшанбеи 9-уми ноябр эълон кард, ки Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии ин кишвар бо Одил Ал-Ҷубайр, ҳамтои саудии худ дар бораи вазъияти Арабистони Саудӣ гуфтугӯ кардааст. Ба гуфтаи хабаргузории "Рейтерз", ин гуфтугӯ дар пайи боздошти даҳҳо тан дар Арабистони Саудӣ таҳти мубориза бо фасод, анҷом шудааст.

Дар ин байн, Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё HRW рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе аз боздоштҳои дастаҷамъӣ дар Арабистони Саудӣ ба иттиҳоми фасоди молӣ интиқод кард ва аз ҳукумати ин кишвар хост то дар бораи ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва додгоҳии ин боздоштҳо иттилоъ бидиҳад. Ба гузориши хабаргузории Олмон, Дидбони ҳуқуқи башар ин боздоштҳои густурдаро бештар нишонаи "бозиҳои қудрат дар дохил" донист, ки дар расонаҳои Арабистони Саудӣ аз он "мубориза бо фасод" ном мебаранд.

XS
SM
MD
LG