Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CММ: "Яман ба бузургтарин гуруснагии ҷаҳон рӯбарӯ мебошад"


Як писарбачаи яманӣ.
Як писарбачаи яманӣ.

Марк Ловкок, раиси бахши кӯмакҳои башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид рӯзи чаҳоршанбеи 8-уми нобяр ҳушдор додааст, агар эътилофи арабӣ бо раҳбарии Арабистони Саудӣ ба ҷилавгирӣ аз фиристодани кӯмакҳои инсонӣ ба Яман идома диҳад, ин кишвар ба бузургтарин гуруснагӣ ва қаҳтӣ дар дунё дар чанд даҳсолаи ахир рӯбарӯ хоҳад шуд.

Пас аз партоби мушак ба Риёз аз сӯи ниманизомиёни шиаи Ҳусӣ дар авохири ҳафтаи гузашта, эътилофи аскарӣ бо раҳбарии Арабистони Саудӣ рӯзи душанбе эълом кард, ки ба ҳадафи қатъ кардани интиқоли аслиҳа аз Эрон ба Яман барои шӯришиёни Ҳусӣ, роҳҳои ҳавоӣ, заминӣ ва баҳрӣ ба Яманро хоҳад баст.

Ба гузориши СММ дар ҳамлаҳои эътилофи арабӣ бо раҳбарии Арабистони Саудӣ, беш аз 8670 нафар кушта шуданд, ки 60 дарсади онҳо ғайринизомиён мебошанд.

Ба гузориши "Рейтерз", ин иқдоми эътилофи арабӣ метавонад вазъият дар Яманро бисёр вахимтар кунад, зеро, ки ҳамакнун ҳафт миллион нафар дар Яман ба хатари гуруснагӣ рӯбарӯ ҳастанд ва 900 ҳазор нафар низ ба вабо гирифтор шудаанд.

Тибқи ин гузориш, Марк Ловкок рӯзи чаҳоршанбе ба дархости Шветсия дар нишасти Шӯрои Амнияти СММ ҳозир шуд ва пушти дарҳои баста гузорише дар ин бора ироа кард. Марк Ловкок пас аз ин нишаст ба хабарнигорон гуфт, "ба аъзои Шӯрои Амният гуфтам, агар муҳосираи Яман поён дода нашавад, дар ин кишвар қаҳтӣ хоҳад шуд". Раиси бахши кӯмакҳои башардӯстонаи СММ таъкид кардааст, "бузургтарин қаҳтие, ки дунё тайи даҳаҳои ахир бо он рӯбарӯ буд, рух хоҳад дод ва миллион нафар қурбон хоҳанд шуд."

Марк Ловкок ҳамчунин гуфтааст, Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ рӯзи чаҳоршанбе бо Одил Ал-Ҷубайр, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ тамос гирифта ва хостори ирсоли дигарбора ва фаврии кӯмакҳои башардӯстона ба Яман шудааст. Вай ҳамчунин гуфтааст, "Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ дар моҳ барои ҳафт миллион нафар дар Яман ғизо таъмин мекунад. Он чӣ акнун зарур аст, коҳиши муҳосира мебошад, то битавонем ҷони инсонҳоро наҷот диҳем."

Харобиҳои ҷанги Яман.
Харобиҳои ҷанги Яман.

Дар ҳамин ҳол, сафири Италия ва раиси давраии Шӯрои Амният низ гуфтааст, ин Шӯро нисбат ба вазъияти инсонӣ дар Яман ибрози нигаронӣ кардааст. Вай гуфт, "аъзои Шӯрои Амният таъкид карданд, ояд ҳама бандарҳои Яман аз ҷумла бандари наве барои кӯмакҳои башардӯстона боз бошанд."

Ин дар ҳоле аст, ки Марк Ловкок низ гуфтааст, пеш аз эъломи муҳосира дар рӯзи душанбе, дастрасӣ ба бандарҳои Яман кофӣ набуд. Вай изофа кардааст, аз рӯзи душанбе то ба ҳол ба ҳавопаймоҳои Созмони Милали Муттаҳид иҷозаи фуруд дар Яман дода нашудааст. Ин мақоми СММ хостори иҷозаи парвозҳо ба Санъо ва Адан шудааст.

Гурӯҳи Ҳусӣ, ки аз сӯи Эрон пуштибонӣ мешаванд, дар соли 2014 якҷо бо нерӯҳои тарафдори призиденти пешини он кишвар Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ пойтахти Яманро тасарруф карданд. Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои араби минтақа барои муқобила бо шибҳинизомиёни Ҳусӣ аз соли соли 2015 дар Яман амалиётҳои низомии худро оғоз карданд.

Ба гузориши СММ дар ин ҳамлаҳо беш аз 8670 нафар кушта шуданд, ки 60 дарсади онҳо ғайринизомиён мебошанд. Ин гузориш мегӯяд, ки бар асари ин ҳамлаҳо ҳудуди 50 ҳазор тани дигар захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG