Пайвандҳои дастрасӣ

"Сандуқи $3 миллиардии Озарбойҷон барои пардохти ришва ба сиёсатмадорони аврупоӣ"


Бар асоси гузориши таҳқиқотие, ки рӯзи сешанбеи 5-уми сентябр ба таври муштарак дар чанд рӯзномаи аврупоӣ чоп шуд, табақаи ҳоким дар Ҷумҳурии Озарбойҷон аз як манбаи молии пинҳон ба арзиши 2,9 миллиард доллар барои додани ришва ба сиёсатмадорони аврупоӣ ва пулшӯӣ, истифода кардаанд.

Ба асоси ёфтаҳои ин таҳқиқот, ки тавассути Тарҳи гузориш дар мавриди ҷаримаҳои созмонёфта ва фасоди молӣ (Organized Crime and Corruption Reporting Project (OCCRP) таҳия шуда ва дар чандин рӯзномаи аврупоӣ, аз ҷумла Guardian нашр шудааст, ин манбаи молии пинҳон дар байни солҳои 2012 то 2014 аз тариқи ширкатҳое, ки дар Бритониё сабт шуда буданд, фаъолият кардааст.

Мушовири раиси ҷумҳури Озарбойҷон гуфтааст, ки ин талошҳо бахше аз як маъракаи густурда барои бадном кардани Ҷумҳурии Озарбойҷон аст.

Ин гузориш мегӯяд, ки манбаи аслии ин сандуқи молии пинҳонӣ маълум нест, вале далоили зиёде вуҷуд дорад, ки собит мекунад он бо хонаводаи Алиев робита дорад. Мақомоти Ҷумҳурии Озарбойҷон иртиботи ин сандуқ бо хонаводаи раҳбари кишварро радд карда ва ин гузоришро "муғризона", беасос ва таҳрикомез" хонданд.

Алӣ Ҳасанов, мушовири раиси ҷумҳури Озарбойҷон ба хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гуфт, "ин талошҳо бахше аз як маъракаи густурда барои бадном кардани Ҷумҳурии Озарбойҷон аст" ва душмани аслии Озарбойҷон, яъне ҳукумати Арманистон ва "лоббии байналмилалии арманиҳо"-ро ба раҳбарии ин маърака муттаҳам кард.

Рӯзномаи "Guardian" менависад, бахше аз ин пул ба сиёсатмадорон ва рӯзноманигорон пардохт шуд, то дар замоне, ки ҳукумати Озарбойҷон ба боздошти фаъолони ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорон ва тақаллуб дар интихобот муттаҳам мешуд, таваҷҷуҳи афкори умумӣ аз ин интиқодро ба тарафи дигар бикашонанд.

Ин рӯзномаи бритониёӣ менависад, ин талошҳои лоббигарона ба ҳадде муваффақ буд, ки кишварҳои узви Шӯрои Аврупо дар соли 2013 ба гузорише, ки амалкардҳои ҳукумати Озарбойҷонро мавриди интиқод қарор дода буд, раъйи манфӣ доданд.

Санадҳои бонкие, ки ба дасти рӯзномаи даниягии "Berlingske" -- оғозгари ин таҳқиқот, афтодааст, нишон медиҳад, Озарбойҷон ба чандин тан аз аъзои пешини порлумони Аврупо пул пардохт кардааст. Хабаргузории "Ассошиэтед пресс" меафзояд, Шӯрои Аврупо эълон кард, ба унвони бахше аз таҳқиқот, дар мавриди эҳтимоли фасоли молӣ дар ниҳодҳои аврупоӣ, се коршиноси мустақлил машғули бозпурсӣ аз шоҳидон ҳастанд.

Алӣ Ҳасанов таъкид кард, ки сиёсатмадорон, мақомот ва коршиносони хориҷӣ, ки "нисбат ба Озарбойҷон мавзеи дӯстона доранд, бидуни ҳеҷ санаде мавриди бадгумонӣ қарор гирифтаанд. Яке аз бонкҳои Дания аз тариқи яке аз дафтарҳояш дар Эстония ин маблағро пардохт мекардааст.

Ба навиштаи рӯзномаи "Guardian", пас аз гузоришҳо дар мавриди эҳтимолии пулшӯӣ дар шӯъбаҳои ин бонк дар Эстония дар байни солҳои 2011 то 2014, ин бонк дар моҳи март эълон кард, "дар ин муддат система ва муқаррароти мо дар Эстония барои ҷилавгирӣ аз пулшӯӣ коромад набуд. Мо барои рафъи ин нуқсон талошҳои лозимро анҷом додаем."

Ин бонк афзудааст, ки пешниҳоди хадамот ба шуморе аз муштариёнро қатъ кард ва "ба ҳеҷ унвон намехоҳем, ки аз хадамоти бонки мо барои пулшӯӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ, истифода шавад". Ба навиштаи рӯзномаи Guardian, чаҳор ширкати сабтшуда дар Бритониё, ки аз онҳо барои интиқоли пул ва пардохтҳо истифода мешуд, пароканда ва ё мунҳал шудаанд.

Ҳайдар Алиев ва Нурсултон Назарбоев.
Ҳайдар Алиев ва Нурсултон Назарбоев.

Ҳукумати Озарбойҷон ба хотири озор ва боздошти мухолифони хонаводаи Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури он кишвар, доимо мавриди интиқод қарор гирифтаааст. Вале он кишвар ин иттиҳомотро радд кардааст. Аз ҷумла хабарнигори ҳамкори Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод Хадиҷа Исмоилова барои чанд сол дар зиндон ба сар бурд. Дар гузориши Гузоришгарони бидуни марз дар мавриди озодиҳои расонаҳо дар 180 кишвари ҷаҳон, ки дар соли 2017 мунташир шуд, Ҷумҳурии Озарбойҷон дар раддаи 162 қарор дорад.

Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури феълии Озарбойҷон пас аз марги падараш Ҳайдар Алиев дар сол 2003 ба қудрат арсид. Ҳайдар Алиев як мақоми баландпояи хадамоти ҷосусии Шӯравӣ КГВ ва раҳбари ҷумҳурии дар замони ҳукумати коммунистӣ буд, ки аз соли 1993 бо мушти оҳанин дар ин кишвар ҳукумат кард. Созмони Amnesty International ё Шаффофияти байналмилалӣ хостори контроли сабти амвол ва сахттар кардани мубориза бо пулшӯӣ дар Дания шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG