Пайвандҳои дастрасӣ

Хоҳари Ғаффор Мирзоев: "14 сол боз аз Суҳроби Зафар дарак надорем"


Сӯҳроб Зафар (Тӯраев), маъруф бо лақаби Шом

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки боздошти Суҳроб Зафар (Суҳроб Тӯраев), раҳбари "Гурӯҳи 24" ва Насим Шарипов, намояндаи ин созмон дар Туркияро аз матбуот фаҳмиданд. Ин ду намояндаи "Гуруҳи 24", созмони мамнуъ дар Тоҷикистон, рӯзи 19-уми марти имсол дар шаҳри Истанбул боздошт шуданд.

"Гурӯҳи 24" соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнӯъ эълон шудааст.

Далели боздошт чист?

Суҳроб Зафари 40-сола, ҷияни генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев, ки бо тахаллуси “Шом” низ маъруф аст, аз охири соли 2015 ба ин тараф раёсати “Гуруҳи 24”-ро бар уҳда дорад. Вай дар пайи як тағйироти кадрӣ, ки онро шохаи дигари “Гуруҳи 24” табаддулот меноманд, ин масъулиятро аз Шарофиддин Гадоев ба ихтиёри худ гирифт.

Суҳроб Зафар бори аввал соли 2014 дар эътирозҳои созмондодаи ин гурӯҳ дар шаҳрҳои Русия пайдо шуд ва баъдан раҳбари ин гуруҳ Умаралӣ Қувватовро дар Туркия ҳамроҳӣ мекард.

Саидалӣ Ашӯров, намояндаи "Гуруҳи 24", рӯзи 20-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз нисбат ба онҳо иттиҳоме эълон нашудааст. "Аммо аз ҳоло мегӯем, ки ангезаи боздошти намояндаҳои созмон нақзи шароити будубош дар Туркия нест, балки фармоишист", - афзуд ӯ.

Суҳроб Зафар таҳти ҷустуҷӯ буд

Бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон
Бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Ашӯров гуфт, онҳо бовар доранд, ин боздошт бо дархости ҷониби Тоҷикистон сурат гирифтааст. Ӯ гуфт, "алайҳи Суҳроб Зафар дар Тоҷикистон бар асоси моддаҳои “дежурный”, аз ҷумла даъват ба сарнагунии ҳукумат парванда боз шуда, таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт. Номи ӯ дар листи сиёҳи Бонки Миллӣ ҳам ҷой гирифтааст. Аз қабл медонистем, ки аз паси ӯ ҳастанд. Аммо роҳе, ки ба он баромадаем, осон нест."

Саидалӣ Ашӯров гуфт, кормандони мақомоти интизомии Истанбул ин ду роҳбари “Гурӯҳи 24”-ро дар манзили зист боздошт карда, бо худ бурдаанд. Вай гуфт, аз боздошти ду роҳбари ин созмон дар шаҳри Истанбул созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар огоҳ шудаанд ва ҳоло талошҳо барои раҳоии онҳо идома дорад.

Суҳроб Зафар дар гузашта ҳамроҳи Умаралӣ Қувватов, муассис ва раҳбари "Гуруҳи 24" низ дар Туркия боздошт ва баъди чанд ҳафта раҳо шуда буд.

Оиша Мирзоева: Аз боздошти Суҳроб дарак надорем

Оиша Мирзоева
Оиша Мирзоева

Оиша Мирзоева, хоҳарбузурги Ғаффор Мирзоев, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Сӯҳроб Зафар писари угайи ӯст, аммо аз боздошташ дар Туркия дарак надоранд. Мирзоева рӯзи 20-уми март, дар ҳоле ки дар маросими видоъ бо амаки Суҳроб Зафар иштирок дошт, гуфт, “14 сол боз аз тақдири ӯ бехабарем.”

“Намедонем, ки Суҳроб тайи ин солҳо дар куҷо буд, ба чӣ машғул буд, узви кадом созмон буд. Хабари боздошт шуданаш дар Истанбул барои ману шавҳарам ғайричашмдошт аст”, - гуфт ӯ. Аммо онҳо баъди шунидани ин хабар алоқа нишон доданд ва пурсиданд, ки “барои чӣ дар Туркия дастгир шудааст ва акнун чӣ хоҳад шуд?”

Боздошти даҳҳо нафар баъди манъи "Гурӯҳи 24"

Созмони “Гурӯҳи 24” соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнӯъ эълон шуд. Дар пайи он даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” боздошт ва бархеи онҳо зиндонӣ шуданд.

Умаралӣ Қувватов
Умаралӣ Қувватов

Вале дар баъзе ҳолатҳо, кишварҳо баъди таҳқиқи қазияҳояшон аз таслими онҳо ба мақомоти Тоҷикистон худдорӣ кардаанд. Аз ҷумла, солҳои 2015 ва 2016 Собир Валиев дар Молдова тақрибан 40 рӯз ва Шабнам Худойдодова дар Беларус беш аз 8 моҳро дар боздошт сипарӣ карда, баъдан озод шуданд. Кишинёв ва Минск дархости истирдоди онҳо ба Душанберо рад карданд.

Муассис ва раҳбари ин гуруҳ Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар Туркия кушта шуд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG