Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси ҷунбиши "Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон" дар Аврупо


Дар Амстердам, маркази Ҳолланд, ҷунбиши нави "Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон" таъсис шудааст. Дар баёнияи ҷунбиш, ки рӯзи 15-уми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, "Ислоҳот ва рушд" ҳадафи асосии худро бунёди як кишвари қудратманду озод ва муосир дар Тоҷикистон номид.

Дар ҳайати муассисони ин гурӯҳ исми Мавҷуда Соҳибназарова, Шарофиддин Гадоев, Анвар Қувватов (бародари Умаралӣ Қувватов) ва дигарон дида мешавад.

Мавҷуда Соҳибназарова, рӯзноманигори тоҷик, дар гузашта аз аъзои ҳизби сабтнашудаи "Тоҷикистони нав"-и соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов буд. Ӯ як сол боз дар хориҷ аз кишвар қарор дорад.

Узви дигари муассисони ин гурӯҳ Шарофиддин Гадоев дар гузашта аз сарони "Гурӯҳи 24" бо раҳбарии Умаралӣ Қувватов буд. Тайи тақрибан ду соли ахир "Гурӯҳи 24" ба ду бахш тақсим шуд ва Шарофиддин Гадоев раҳбарии яке аз ин шохаҳоро бар дӯш дошт. Баъдан Гадоев ба Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон пайваст. Соли гузашта, пас аз онки Анҷумани нирӯҳои созанда аз ҲНИТ ва раҳбаронаш интиқод кард, аз ҳайати он берун омад.

Таъсиси ин ҷунбиш дар ҳолест, ки ҳудуди як моҳ қабл дар Аврупо гурӯҳи дигари мухолифон бо номи «Анҷумани озодандешони тоҷик» таъсис ёфт. Дар ҳайати ин анҷуман афроде чун Алим Шерзамонов, Темури Варқӣ, Саидюнуси Истаравшанӣ, Ҳакими Раббимпур ва дигарон шомил мебошанд. Расонаҳаои давлатии Тоҷикистон ин гуруҳро парвардаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ номида буданд.

XS
SM
MD
LG