Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости истирдоди ду фаъоли "Гурӯҳи 24" аз Туркия ба Тоҷикистон


Тоҷикистон барои истирдоди Суҳроби Зафар (Суҳроб Тӯраев) ва Насим Шарипов, ду фаъоли боздоштшудаи “Гуруҳи 24” (мамнуъ дар Тоҷикистон) ба мақомоти Туркия дархост фиристодааст. Ин ду узви созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 19-уми марти имсол дар Истанбул боздошт шуданд.

Ба Додгоҳи Туркия дархост додаанд, ки ин афродро ба Тоҷикистон надиҳанд. Онҳо дар Тоҷикистон бо нақзи густурдаи ҳуқуқашон рӯ ба рӯ хоҳанд шуд

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 10-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, барои истирдоди Суҳроби Зафар ва Насим Шарипов бо мақомоти Туркия гуфтушунид доранд. "Дар ин замина бо мақомоти Туркия ҳамкорӣ дорем ва музокирот идома дорад", - афзуд ӯ.

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

Додгоҳи Туркия чӣ гуфт?

Умарҷони Эмомалӣ гуфт, ду фаъоли боздоштшудаи “Гуруҳи 24” таҳти пайгард қарор доштанд ва ба ин хотир барои истирдодашон дархост ирсол шудааст. Аммо сухангӯи ВКД-и Тоҷикистон нагуфт, ки дархост барои истирдоди ду узви "Гуруҳи 24" кай ба унвонии мақомоти Туркия фиристода шудааст.

Талаби Тоҷикистон дар ҳолест, ки додгоҳи Туркия истирдоди Суҳроби Зафар ва Насим Шариповро ба муҳлати се моҳ манъ кардааст. Фаъолони "Гурӯҳи 24" қаблан гуфта буданд, ду узви боздоштшудаи ин созмон дар Туркия дар мӯҳлати се моҳ дар ҷараёни таҳқиқи иттиҳоми зидди онҳо ба Тоҷикистон фиристода нахоҳанд шуд.

Дар қарори Додгоҳи конститутсионии Туркия бо имзои додрас Энгин Йилдирим гуфта шудааст, тасмими боздошта шудани ҷараёни истирдоди ин ду шаҳрванди Тоҷикистон "ба хотири таҳқиқи қазия" гирифта шуда, барои омӯзиши ин парванда маълумот ва санади бештар тақозо мешавад.

Созмони Human Rights Watch низ гуфта буд, аз додгоҳи Туркия хоста шудааст, ба ҳеч ваҷҳ раҳбарони боздоштшудаи “Гурӯҳи 24”-ро ба Тоҷикистон таслим накунанд. ​Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch гуфт, “онҳо вакилони дифоъ доранд. Ба Додгоҳи Туркия дархост додаанд, ки ин афродро ба Тоҷикистон надиҳанд. Онҳо дар Тоҷикистон бо нақзи густурдаи ҳуқуқашон рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.”

Бо айни чунин тақозо Эдвард Лемон, як пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ ҳам ахиран ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Боздоштҳо бар асоси рӯйхати Бонки Миллӣ

Стив Свердлов
Стив Свердлов

Саидалӣ Ашӯров, сухангӯи "Гуруҳи 24" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳори умед карда буд, ки ҳукумати Туркия бо назардошти сиёсӣ будани иттиҳомоти ин ду нафар дар ниҳоят Суҳроби Зафар ва Насим Шариповро озод мекунад.

"Ин бори аввал нест, ки Суҳроби Зафар боздошт мешавад. Ӯ дар солҳои 2014, 2015 ва ҳоло бар асоси дархости ҷониби аввал (Тоҷикистон) дастгир мешавад. Ҳар дафъа бо иттиҳоми гуногун боздошт мекунад. Ҳукумат ҳар дафъа кӯшиш мекунад, ки садди роҳи озодандешон ва мухолифон бошад", - афзуд вай.

Ба гуфтаи Ашӯров, ба Суҳроби Зафар ва Насим Шарипов гуфтаанд, ки як далели боздошти онҳо -- вуҷуди исмашон дар рӯйхати "афроди алоқаманд ба терроризм" аст, ки аз ҷониби Бонки Миллии Тоҷикистон таҳия шудааст. Ба ин феҳрист, ки аз тарафи Департаменти мониторинги молиявии Бонки Миллӣ таҳия шуд, 1372 шаҳрванди Тоҷикистон шомиланд. Дар ин феҳраст инчунин исми Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, рӯзноманигори мунаққиди ҳукумат Додоҷони Атовулло, фаъоли фейсбукӣ Саидюнуси Истаравшанӣ ва дигарон мебошанд.

Боздошти даҳҳо нафар дар дохилу хориҷ

Суҳроби Зафари 40-сола, ҷияни генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев, ки бо тахаллуси “Шом” низ маъруф аст, аз охири соли 2015 ба ин тараф раёсати “Гуруҳи 24”-ро бар ӯҳда дорад. Вай дар пайи як тағйироти кадрӣ, ки онро шохаи дигари “Гуруҳи 24” табаддулот меноманд, ин масъулиятро аз Шарофиддин Гадоев ба ихтиёри худ гирифт.

Суҳроби Зафар бори аввал соли 2014 дар эътирозҳои созмондодаи ин гурӯҳ дар шаҳрҳои Русия пайдо шуд ва баъдан раҳбари ин гуруҳ Умаралӣ Қувватовро дар Туркия ҳамроҳӣ мекард. Насим Шарипов ҳам, ба гуфтаи Ашӯров, як зодаи вилояти Хатлон буда, узви фаъоли “Гурӯҳи 24” мебошад.

"Гурӯҳи 24" чӣ созмонест?

Умаралӣ Қувватов.
Умаралӣ Қувватов.

Созмони “Гурӯҳи 24” соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнӯъ эълон шуд. Дар пайи он даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” боздошт ва бархеи онҳо зиндонӣ шуданд.

Вале дар баъзе ҳолатҳо, кишварҳо баъди таҳқиқи қазияҳояшон аз таслими онҳо ба мақомоти Тоҷикистон худдорӣ кардаанд. Аз ҷумла, солҳои 2015 ва 2016 Собир Валиев дар Молдова тақрибан 40 рӯз ва Шабнам Худойдодова дар Беларус беш аз 8 моҳро дар боздошт сипарӣ карда, баъдан озод шуданд. Кишинёв ва Минск дархости истирдоди онҳо ба Душанберо рад карданд. Муассис ва раҳбари ин гуруҳ -- соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар Туркия кушта шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG