Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафизамоҳ Гадоева: Паспортамро дар Истамбул гирифтанд


Ҳафизамоҳ Гадоева – хоҳари Шарофиддин Гадоев, як мунаққиди ҳукумати Тоҷикистон аз он шикоят кард, ки масъулони консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул се моҳ пеш шиносномаи хориҷии ӯро гирифта дигар пас надоданд.

Номаи шикоятии Ҳафизамоҳ Гадоева ба унвонии президенти Туркия ва СММ ирсол шудааст. Ҳафизамоҳ Гадоеваи 34-сола, модари чор фарзанд мегӯяд, дар давоми се моҳе, ки бесанад аст, аз ҷояш ҳаракат карда наметавонад ва зоҳиран бемайлии дипломатҳои тоҷик барои бозпас додани шиносномааш дорои ангезаҳои сиёсӣ аст.

Талош барои тарки Тоҷикистон

Вай мегӯяд, моҳи марти соли равон ҳамроҳ бо чор кӯдаки ноболиғаш

Мақомот дар дохили Тоҷикистон шиносномаҳои пайвандони бархе фаъолони сиёсиро мегиранд ва бо ин роҳ монеи сафари онҳо ба берун аз Тоҷикистон мешаванд. Стив Свердлов

мехост Тоҷикистонро тарк кунад, вале ӯро дар фурудгоҳи Кӯлоб аз парвоз ба самти Маскав пас гардонданд. Аммо пас аз як моҳ ӯ имкон ёфту ҳамроҳ бо ду кӯдакаш худро ба шаҳри Истанбули Туркия расонд.

Ҳафизамоҳ Гадоева мегӯяд, то соли 2014 дар бозори Фархор фурӯшгоҳҳои худро дошт, вале баъди аз Тоҷикистон рафтани бародараш Шарофиддин Гадоев, ки яке аз ҳамкорони соҳибкори кушташуда Умаралӣ Қувватов ва муассиси “Гурӯҳи 24” буд, ӯву дигар аъзои хонавода зери фишор монданд. Ба гуфтаи Гадоева, барои ӯву наздиконаш имкони кору даромад баста шуд, ходимони ҳифзи ҳуқуқ пайваста мавриди бозпурсӣ қарор медоданд ва дар ниҳоят, тасмим гирифт аз кишвар берун шавад. Гадоева мегӯяд, ният дошт дар хориҷа имкони барои худ сарпаноҳе пайдо кунад, то ки тавонад фарзандонашро бузург кунад. Феълан дар Истамбул бо корҳои муваққатӣ рӯз мегузаронад.

Вале рӯзи 11-уми июли соли ҷорӣ, пас аз тахминан се моҳи зиндагӣ дар Туркия аз консулгарии Тоҷикистон ба ӯ телефони тамос гирифта, хоҳиши сӯҳбат карданд.

“Гуфтанд, ки бисёр кори муҳим аст ва ба наздашон биёям. Ҳамроҳ бо ду кӯдакам рафтам. Гуфтанд, ки шиносномаатро нишон деҳ. Онро гирифтанд ва пурсиданд, ки ту чӣ хел аз Тоҷикистон берун шудӣ ва дар ин ҷо кӣ ба ту кӯмак мекунад. Барояшон нагуфтам ва ҳангоми берун шудан дигар шиносномаамро надоданд.”

Ин зан мегӯяд, дар давоми се моҳ панҷ бор ба консулгарии Тоҷикистон рафт, вале барояш шарт гузоштанд, ки танҳо дар сурати бозгашт ба ватан шиносномаашро медиҳанд.

Гирифтани шиносномаҳои наздикон - василаи фишор болои мунаққидон

Масъулони сафорати кишвар дар Туркия ва консулгарии Тоҷикистон дар Истанбул гирифтани шиносномаи Ҳафизамоҳ Гадоеваро шарҳ надоданд.

Як масъули консулгарии Тоҷикистон дар Истанбул рӯзи 27-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки маълумот дар ин бораро ба Вазорати корҳои хориҷӣ фиристодаанд ва ҳақи шарҳи ин масъаларо надоранд. Дар ҳоле, ки мақомот аз шарҳи ин қазия худдорӣ мекунанд, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар мегӯянд, дар Тоҷикистон фишор болои хонаводаҳои дигарандешон афзоиш ёфтааст.

Аз ҷумла, гирифтани шиносномаҳои наздикони фаъолони сиёсии беруншуда аз Тоҷикистон як василаи фишороварӣ ба мунаққидони ҳукумат гуфта мешавад.

Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch дар як сӯҳбат ба Радиои Озодӣ рӯзи 26 октябр гуфт, чанд моҳи охир созмони ӯ хабарҳое дарёфт кардааст, ки мақомоти маҳаллӣ дар дохили Тоҷикистон шиносномаҳои пайвандони мухолифонро дар Тоҷикистон мегиранд ва бо ин роҳ монеи сафари онҳо ба берун аз Тоҷикистон мешаванд.

Ӯ гуфт, дар бораи чандин чунин ҳодиса хабар дорад ва инро василаи дигари фишор болои фаъолони сиёсӣ арзёбӣ мекунад, ки дар хориҷа рафта аз Тоҷикистон интиқод мекунанд. Вай гуфт, чунин шикоятҳоро баъди ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава сентябри соли ҷорӣ ҳам дарёфт кардааст ва ин мояи нигаронӣ мебошад.

Фирор аз ноилоҷӣ

Ҳоло Ҳафизамоҳ Гадоева барои гирифтани шиносномааш аз мақомоти Туркия кӯмак хостааст. Ӯ гуфт, ҳоло бо писараш, Абдуллои ҳафтсола ва духтараш - Хушнудаи чорсола дар шароити сахте дар Истанбул ба сар мебаранд.

Вай мегӯяд, ду соли пеш бинобар хоҳари Шарофиддин буданаш ҳамсараш ӯву фарзандонро тарк кард. Ҳоло Мадина ва Марям - ду духтари дигари ӯро дар ноҳияи Фархор модараш нигоҳубин мекунад.

Шарофиддин Гадоев мегӯяд, баъди фирори ӯ аз Тоҷикистон ва шурӯи фаъолиятҳои сиёсиву интиқоди ҳукумати кишвар, фишор болои хонаводаи онҳо зиёд шуд. Аз 8 хоҳару бародараш шаш тан тавонистанд Тоҷикистонро тарк кунанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар Тоҷикистон модар ва ду хоҳараш боқӣ мондааст.

Шарофиддин Гадоев яке аз наздикони Умаралӣ Қувватов буд, ки дар як ҳамлаи террористии соли 2015 дар Истамбул кушта шуд. Соле аз ин пеш Қувватов аз таъсиси созмони “Гурӯҳи 24” эълон кард, ки дар мавқеи мухолифат бо ҳукумат қарор дорад, вале бархе мунаққидон мегуфтанд, ки танҳо баъди ноком шудан дар муборизаҳои тиҷоратӣ бо соҳибкорони наздик ба ҳукумат ба “як мухолифи сиёсӣ” табдил шуд.

Шарофиддин Гадоев бо як тасмими додгоҳи шаҳри Мадрид се соли пеш дар Испания паноҳандагии сиёсӣ гирифт. Ӯ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукуматро зиёд танқид мекунад ва ҳоло мегӯяд, мусаллам аст, ки қазияи мусодира шудани шиносномаи хоҳараш ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ бастагӣ мегирад.

XS
SM
MD
LG