Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Сулаймон Қаюмов ба бозбинии ҳукми додгоҳ дар қатли Умаралӣ Қувватов


Сулаймон Қаюмов ва Умаралӣ Қувватов. Акс аз бойгонӣ
Сулаймон Қаюмов ва Умаралӣ Қувватов. Акс аз бойгонӣ

Сулаймон Қаюмов, як шаҳрванди Тоҷикистон ки моҳи феврали соли 2016 барои ширкат дар куштори Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24” ба ҳукми зиндони абад маҳкум шуд, интизор дорад, ки Додгоҳи олии Туркия ин қарорро бозбинӣ мекунад.

Як манбаи радиои Озодӣ дар доираҳои дипломатии Тоҷикистон рӯзи 20 октябр хабар дод, ки ҳоло ҳам Қаюмов дар боздоштгоҳ ба сар мебарад. Баъди содир шудани ҳукми додгоҳи шаҳри Истамбул дар таърихи 26 феврал ӯ бо машварати ҳуқуқшиносон ба ин ҳукм эътироз овард. “Ҳоло парвандаи ин шахс дар марҳилаи нави баррасии Додгоҳи олии Туркия қарор дорад ва ҳукми ӯ содир нашудааст”, гуфт ин манбаъ ба Радиои Озодӣ. Вай гуфт, ки Қаюмов умедвор аст ҳукми ниҳоии додгоҳи Туркия тағйир меёбад. Сулаймон Қаюмов яке аз муттаҳамони куштори Умаралӣ Қувватов буд ва аз рӯи хулосаҳои тафтишот, ин ҷиноятро ӯ наметавонист батанҳоӣ иҷро кунад. Қаюмов дар додгоҳ худро комилан бегуноҳ гуфта буд.

Куштори Қувватовро дорои ангезаҳои сиёсӣ номиданд

Умаралӣ Қувватов шаби 5 марти соли 2015 баъди тарки манзили иҷораи Сулаймон Қаюмов дар маҳаллаи Фотеҳи Истамбул ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт ва бо зарби як тири туфангча кушта шуд. Қувватов ҳамроҳ бо зану ду писар ва ду муҳофизаш он шаб барои як “нони фотеҳа” ба хонаи Қаюмов даъват шуда буд. Додгоҳ гуфт, ки ба онҳо дар ин меҳмонӣ ибтидо хӯроки заҳролуд додаанд, вале вақте Қувватов аз ин дарак ёфта, тарки манзил мекунад, ӯро дар сари кӯча мепарронанд.

Додгоҳи Истамбул гуфт, ду гумонбари дигар дар ташкили куштори раҳбари “Гурӯҳи 24” тавонистаанд аз Туркия фирор кунанд ва феълан аз тариқи Интерпол таҳти таъқиб гузошта шудаанд. Исми ин ду нафар, ки низ шаҳвандони Тоҷикистон будаанд, ба далоили амниятӣ эълон нашудааст, вале қозӣ гуфтааст, ки дар сурати боздошт ва истирдоди онҳо ба Туркия мурофиаи парвандаи қатли Умаралӣ Қувватов боз идома пайдо хоҳад кард.

Ба гуфтаи манбаи Озодӣ, вакили мудофеи Сулаймон Қаюмов дар сухани ниҳоияш ба бегуноҳии ӯ исрор варзида, аз қозӣ хост, ки муваккилашро озод кунанд. Вале додситонӣ ба ҳукми ҳабси абад барои Сулаймон Қаюмов пойфишорӣ кард ва қозии парванда аз он пуштибонӣ кард.

Сулаймон Қаюмов дар рӯзи охирини додгоҳ гуфт, "Худо шоҳид аст, ки ман ин корро накардаам. Мо узви як гурӯҳ будем."

Вале 10 рӯз пеш, дар мурофиаи қаблӣ, вақте қозӣ аз ӯ пурсид, ки оё аз ғизоҳои шаби 5 март барои меҳмонон таҳиякардааш худи ӯ ҳам чашида буд ё хайр?, Қаюмов посух дод, ки на.

Сулаймон Қаюмов нахустин нафарест, ки бо ҷурми даст доштан дар қатли Умаралӣ Қувватов дар Туркия маҳкум ба зиндон шуд. Қаюмов рӯзи 6 март, баъди кушта шудани Қувватов тавассути ҳавопаймо аз Истамбул ба Алма-Атои Қазоқистон парвоз кард, вале марзбонони қазоқ ӯро ба Туркия пас гардонданд ва ӯро ба муҷарради баргаштанаш дар фурудгоҳи Отатурки Истамбул дастгир карданд.

Наздикони ин сокини 32-солаи ноҳияи Восеъ нақш доштани вайро дар сӯиқасд алайҳи Қувватов рад мекунанд ва мегӯянд, ки Сулаймон Қаюмов як соҳибкори оддӣ буд ва танҳо бо мақсади тиҷорат ба Туркия рафта буд.

Ғизои пухтаи Қаюмов заҳр дошт

Қаюмов ҳанӯз чанд моҳ қабл аз қатли Қувватов ба Истамбул омада, тавассути як тоҷики дигари сокини ин шаҳр бо раҳбари "Гурӯҳи 24" ошно ва баъди чанде ба доираи афроди таҳти эътимоди ӯ шомил шудааст. ​Қумринисо Ҳафизова, ҳамсари Қувватов баъди қатли ҳамсараш ба Озодӣ гуфта буд, ғизое, ки он шаб дар манзили Сулаймон Қаюмов ба онҳо доданд, заҳролуд буд. Мақомоти Туркия баъди ташхиси ҷасади Қувватов гуфтанд, ки дар бадани ӯ маводи психотропии клозапин ошкор шудааст.

Вокуниши созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон

Тарафдорони Қувватов дар қатли ӯ мақомоти Тоҷикистонро айбдор мекунанд. Дар гузориши Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия, ки рӯзи 17 феврал нашр шуд, низ гуфта мешавад, ки қатли раҳбари “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қуватов дар Истамбул бо “дахолат ё ризоияти ҳукумати Тоҷикистон” сурат гирифтааст. Вале ҷониби Тоҷикистон дар гузашта чандин бор чунин иддаоҳоро шадидан рад кардааст. Рамазон Раҳимзода, вазири дохилаи Тоҷикистон гуфта буд, ки Душанбе барои ҳамкорӣ бо пулиси Туркия дар амри таҳқиқи парвандаи қатли Қувватов омода аст.

Умаралӣ Қувватов - аз соҳибкори норозӣ ба сиёсатмадори терроршуда

Умаралӣ Қувватови 47-сола, як соҳибкори дар гузашта муваффақ, ки гуфта мешавад, тиҷорати ширкатҳои бузурги “Тоҷирон” ва “Фароз” дар Тоҷикистонро мечархонд, дар соли 2012 тарки кишвар кард ва дар Маскав “Гурӯҳи 24”, як созмони мухолиф ба ҳукумати Тоҷикистонро таъсис дод. Ӯ ва шарики тиҷориаш Шарофиддин Гадоев, ки низ ҳамроҳи Қувватов аз Тоҷикистон рафт, Шамсуллоҳ Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ғасби тиҷораташон айбдор карданд.

Вале масъулони кунунии “Фароз” ва “Тоҷирон” иддаои Қувватов ва Гадоев дар бораи дар гузашта ба онҳо тааллуқ доштани ин ширкатҳоро бепоя мехонанд. Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон низ баъди фирори Қувватов ва Гадоев алайҳи онҳо бо иттиҳоми сирқати қариб 6 миллион сомонӣ пули ширкати “Фароз” парвандаи ҷиноӣ боз кард ва ҳардуро аз тариқи Интерпол дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доданд.

Қувватов ду дафъа – соли 2013 дар Дубай – ва моҳи декабри соли 2014 – дар Истамбул бо дастури Интерпол дастгир шуд, вале дар ҳарду маврид дархости истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро рад карданд.

Дар пайи баргузории як силсила гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои Русия ва даъвати мардум ба як намоиши эътирозӣ дар маркази Душанбе, Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2014 фаъолияти "Гурӯҳи 24"-и Қувватовро дар кишвар расман манъ ва онро ба рӯйхати сиёҳи созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Умаралӣ Қувватов қабл аз кушта шуданаш ҳамроҳ бо ҳамсару 5 фарзанд ва чанде аз ёрони наздикаш дар Истамбул дар интизори баррасии дархости паноҳандагиаш аз сӯи Идораи паноҳандагони СММ ба сар мебурд. Танҳо баъди қатли ӯ ба зану фарзандонаш дар яке аз кишварҳои қораи Амрико мақоми паноҳанда доданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG