Пайвандҳои дастрасӣ

Наздикони Гадоев гуфтанд, ки 4 дӯконашон мусодира шуд


Наздикони Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гӯруҳи 24", иддао доранд, ки мақомоти интизомӣ дар Фархор чаҳор дӯкони онҳоро аз бозори марказии ноҳия гирифта ва мехоҳанд ба каси дигар бидиҳанд. Занҷирамоҳ Гадоева, хоҳари Шарофиддин Гадоев, рӯзи 10 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, нимаи аввали имрӯз кормандони интизомии ноҳияи Фархор қуфли дари ду дӯкони шавҳар ва ду дӯкони модарашро дар бозори марказӣ шикаста, молу маҳсулотро берун андохтанд.

Гадоева афзуд, се сол боз дари дӯкони шавҳару модараш дар бозори марказии ноҳияи Фархор баста буд ва бештари молу маҳсулот, ки аз пойафзол, халату порчаҳои занона иборат буд, фарсуда ва ғайри қобили истифода шудаанд. Ба гуфтаи Занҷирамоҳ Гадоева, дар се соли пеш ба хотири бародараш, ки узви "Гурӯҳи 24" аст, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дари дӯконҳои шавҳару модарашро мӯҳр зада ва ба онҳо иҷозаи савдо намедоданд.

Ба гуфтаи онҳо, бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ, пайвандони Шарофиддин Гадоев, аз ҷумла панҷ хоҳараш, ки дар ноҳияи Фархор ба сар мебаранд ва соҳиби маълумоти мухталиф ҳастанд, наметавонанд дар ҷое кор кунанд. Ин пайвандон мегӯянд, се бародари Шарофиддин Гадоев низ ба далели фишору таъқиб аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ, дар чанд соли пеш ба Русия рафта ва дигар барнагаштаанд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти интизомӣ нисбат ба ҳодисаи ахир бар сари пайвандони Шарофиддин Гадоев, изҳори беиттилоӣ карданд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар ин робита хабар надорад. Аммо Нуралӣ Рашидзода, сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор ба далели ба гуфтаи худаш "дар дарс будан", аз сӯҳбат дар ин бора худдорӣ кард.

Дар гузашта низ мавридҳои фишору таъқиб алайҳи пайвандони Шарофиддин Гадоев, ки дар ноҳияи Фархор ба сар мебаранд, мушоҳида шудааст. Моҳи октябри соли 2015 баъди даъвати "Гурӯҳи 24" барои намоиши эътирозӣ дар маркази Душанбе, кормандони амниятии ноҳияи Фархор модар ва се хоҳари Шарофиддин Гадоевро барои “сӯҳбат” ба раёсати Кумитаи давлати амниятии миллии ноҳия бурданд ва се хоҳари ӯро фақат чанд соат баъд раҳо карданд.

Шарофиддин Гадоев панҷ сол пеш тарки Тоҷикистон карда, иддао дорад, ки тиҷорати муваффақи ӯ ва Умаралӣ Қувватовро дар Тоҷикистон ғасб кардаанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ӯро дар тахаллуфоти молӣ айбдор карда, аз ҳукумати Испания дархости боздошт ва истирдоди ӯро карда буданд. Аммо додгоҳи шаҳри Мадрид се соли пеш ин дархости Тоҷикистонро рад карда, ба гуфтаи худи Шарофиддин Гадоев, ба ӯ барои 5 сол дар ин кишвари Аврупо паноҳандагии сиёсӣ додааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG