Пайвандҳои дастрасӣ

Ташвиши ташкили тӯйи арӯсӣ дар Тоҷикистон барои соҳибмаърака бештар шуд. Соҳибони тӯй акнун дар баробари теъдоди ширкатдорони тӯйи худ, бояд фикри сару либоси арӯс ва намуди зоҳирии меҳмонони ҷашнашонро ҳам бикунанд.

Бар асоси тағйироти ахир ба қонуни танзими расму оинҳо, дар маросими тӯй ва дигар маъракаҳои суннатӣ ҳозир шудани меҳмонҳо бо либоси миллӣ, ҳатмӣ шудааст. Ин ӯҳдадориро бисёр сохторҳои дахлдор ҳамчун “манъи пӯшидани либоси мазҳабӣ” қабул карда, ҳоло аз ҳама – мизбон ва меҳмонҳои маърака тақозо мекунанд, ки ин муқарраротро риоя кунанд.

Ҳуқуқдонҳо танзими либоси занҳо ва ҳатмӣ шудани либосҳои миллиро, навъи мудохила ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон ва мухолиф ба Қонуни асосиву меъёрҳои байналмилалӣ медонанд.

Ҷашни хонадоршавии писари Раъно Убайдова, як сокини деҳаи Дарёободи Рӯдакӣ ба шабу рӯзе рост омад, ки парлумон ба қонуни танзим дар робита ба сару либос тағйирот ворид кард. Ӯ мегӯяд, дар тӯйи арӯсии писараш талош карданд аз қонун берун по нагузоранд. Ба тамоми духтарони хона куртаи атлас дӯзонда, меҳмононро ҳам таъкид карданд, ки ба тарабхона бо либоси ғайр ҳозир нашаванд.

“Мо дар тӯй ба ҳама фаҳмонидем, ки бо либоси миллӣ ба тӯй ҳозир шаванд. Ба меҳмонҳо фаҳмонидем, ки бо сатр наоянд. Дар тарабхона низ масъулонаш моро фаҳмонданд, ки “илтимос, сатрпӯшон наоянд». Мо ҳам ба меҳмонҳо гуфтем, ки агар сатр пӯшанд, илтимос ба тӯй наоянд. Хушбахтона ҳама моро дарк карданд ва тӯй бо хушу хурсандӣ гузашт»-, гуфт Раъно Убайдова.

Ба гуфтаи хонум Убайдова, дар тарабхона ҳам масъалаи либоси иштирокдорони тӯй ҷиддан назорат мешуд. Бар асоси моддаи 14-и Қонуни танзим, ки сокинонро ӯҳдадор кардааст, дар ҷашну маросим либоси миллиро ҳифз кунанд, ҳоло дар бархе аз тарабхона ва хонаҳои ақди никоҳ, занону духтарон бо либоси пӯшида мисли рӯйсарӣ ва ё нимаурён, роҳ дода намешаванд.

Раъно Убайдова.
Раъно Убайдова.

Нигора, як мусоҳиби сатрпӯши Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҷашни хурсандии як дугонаи наздикаш, ки хеле дер боз интизораш буд, маҳрум шуд. Вай гуфт, вақте нахост ба ҳарфи масъулин гӯш диҳад, натавонист вориди маърака шавад: “Дар ЗАГС ба мо гуфтанд, ки ё сатратонро гиред ё умуман ворид нашавед. Дугонаҳои дигарам ҳам ҳамин тавр бо ин либос наметавонанд ба туй раванд”

Бархе аз хонаҳои ақди никоҳ ҳам бо пешниҳоди як огаҳинома ба соҳибони тӯй таъкид мекунанд, ки дар маросими ақди никоҳ аз чор мошин бештар набошад ва меҳмонҳо бо либоси сатр ҳозир нашаванд. Ин огоҳинома қабл аз маросими ҷашни хонадоршавӣ ба тӯйдорон дода мешавад ва риояи он ҳатмӣ шудааст.

Сайёҳат Достизода, раҳбари Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фирдавсӣ, ки ҳар рӯз чандин ҷуфтро никоҳи расмӣ мекунад, мегӯяд, қабл аз тӯй онҳо домоду арӯс ва наздиконашонро огоҳ мекунанд, ки бояд бо чӣ либосе ба ин маросим ҳозир шаванд. Дар бархе аз ҳолатҳо ба гуфтаи Достизода, онҳо то иҷрои талаби худ аз сӯйи арӯсу меҳмононаш, аз гузаронидани ақди никоҳ худдорӣ мекунанд. Хонум Достизода дар зимн аз ҳодисаи ахире дар як тарабхона мисол меорад, ки барои ақди никоҳи ду навҷавон даъват шуда буд.

“Ҳангоме, ки вориди тарабхона гаштем, дидем, ки тамоми сару рӯи арӯс пӯшида буд. Фата дошт, аммо дар сараш сатр буд. Аммо нохунҳояш дароз ва макияжи зиёде карда буд. Мо гуфтем, ки ин чӣ маъно дорад? Буд ҳолате, ки ман инро рад кардам, вале ҳамон замон арӯс кулоҳашро гирифт ва бо либоси замонавӣ вориди толор шуд. Мо ҳам маросими ақди никоҳро гузаронидем.»

Масъулини Кумитаи дин, танзими ҷашну маросимҳо мегӯянд, ҳадаф аз ворид кардани тағйирот дар сару либос зимни ҷашну маросимҳои хонадоршавӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва ҳифзу муаррифии либоси миллӣ аст. Аммо дар ҳоле, ки бархе аз манъ шудани вуруд ба тӯйхонаҳо бо либоси ғайр ва пӯшидани фатаҳои нвъи аврупоӣ шикоят мебаранд, масъулини Кумитаи дин мегӯянд, касе ҳуқуқи шаҳрвандонро нақз ва пӯшидани либоси дилхоҳашонро дар тӯю маросим манъ накардааст. Фақат аз онҳо хоҳиш шудааст, ки либоси миллӣ ҳифз шавад ва либосҳои аз ҳад пушидаву печида ё нимаурён ба тан накунанд.

Нигинамоҳ Ризоева, як масъули ин ниҳод рӯзи 8-сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ин маънои онро надорад, ки мо, масалан манъ кунем, маҷбур созем. Ҳар як шахс ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро медонад, ки аз чӣ иборат аст. Фақат имрӯз иддае аз занҳои мо худро ба занҳои турк, занҳои эрону афғон монанд мекунанд. Махсусан ба маъракаҳо агар равем, ин гуна шароит аст, ки занҳои меҳрубони моро шинохта намешавад. Вақте вориди толор мегардӣ, фикр мекунӣ мардуми бегона аст. Ҳадафи мо ҳифзи либоси миллӣ аст.»

Нигинамоҳ Ризоева.
Нигинамоҳ Ризоева.

Ин мусоҳиби мо мегӯяд, то имрӯз муроҷиате барои иҷборан берун шудан аз тарабхона ё тӯю маросим аз сӯйи сокинон ворид нашудааст, аммо сокинон бо суолҳои зиёде дар робита ба иловаҳои ахири қонуни танзим, аз ҷумла сару либос дар тӯю маросим ба онҳо муроҷиат мекунанд. Махсусан бисёриҳо пурсон мешудаанд, ки оё арӯс метавонад дар тӯй фата бипӯшад?

Мақомот умед дорад, ин ҳама нофаҳмиҳо пас аз таҳия шудани тарҳи либос барои ширкат дар тӯю маросим, ки аз сӯйи Комиссиюни вижае таҳия мешавад, рафъ хоҳад шуд. Аммо то замоне, ки ин тарҳ таҳия ва ба ин масъала рӯшанӣ андохта мешавад, тӯйдорон бо тарсу ҳароси ҷарима шудан барои либоси меҳмононашон тӯйҳои худро баргузор кардаву, меҳмонон ҳам бо дудилагӣ, ки оё роҳ дода мешаванд ё на, ба табрики навхонадорон меоянд.

Маҳина, ки дар охирҳои моҳи август ба тӯйи як дугонааш даъват шудааст, ҳоло ба ин фикр аст, ки мабодо барои ширкаташ дар тӯй ба соҳибони он дари сар эҷод накунад. Ӯ мегӯяд, агар зарур шавад, ба хотири хушҳолии дугонааш рӯсариашро дигар мекунад ва ба туйхона ворид мешавад. “Ба хотири оне, ки вай дӯсти наздик аст, шояд хафа шавад, ки ман иштирок накунам. Вале агар иштирок кунам, шояд ба хотири сатрам онҳоро ҷарима кунанд, ман намехоҳам, ки зарари ман ба касе расад. Шояд ба тарзи талаботи имрӯза пӯшида равам, зеро намехоҳам, ки дӯстии мо канда шавад.”

Ҳуқуқдонҳо танзими либоси занҳо ва ҳатмӣ шудани либосҳои миллиро, навъи мудохила ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон ва мухолиф ба Қонуни асосиву меъёрҳои байналмилалӣ медонанд. Сокинон агарчӣ, мегӯянд, зидди либосӣ миллӣ нестанд ва аз пӯшидани он хушашон меояд, аммо мегӯянд, ин амр набояд маҷбурӣ, балки ихтиёрӣ сурат гирад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Вобаста

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG