Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Хатлон то Садовод. Муҳоҷирон дигар барои билет қарз намегиранд. ВИДЕО


Баҳром Бобоеви 25-сола, сокини ноҳияи Вахш барои сафар ба Русия омода мешавад, либосу тӯшаи роҳашро ҳам гирифтааст. Модараш ӯро гусел мекунад ва ҳарду ин дафъа на ба фурудгоҳ, балки ба терминали автобусҳои мусофирбари шаҳри Бохтар омадаанд.

Азбаски пули солҳои пеш овардааш аз Русия тамом шуд, ҳоло барои билети ҳавопаймо пул надорад, билети автобус харид. Баҳром, ки ноумед буд, аз оғози ҳаракати автобусҳо аз Бохтар ба Русия хушҳол шудааст.

“Ду сол шуд, ки зан гирифтам. Нарафта будам, ҳоло бояд раваму пул кор кунам, аз пушти зиндагӣ ҳастам, автобус барои ман мувофиқтар аст. Билет 750 сомонӣ ва назар ба ҳавопаймо бисёр арзон аст” - мегӯяд ӯ.

Бозоргул Қосимова, модари Баҳром аст, як тараф хурсанд аст, ки писараш ба муҳоҷират рафта пул мефиристад, вале аз сӯи дигар, ки ғамгин аст, ки ҷигарбандаш аз ӯву ҳамсараш дур мешавад ва дар кишвари дуре кор мекунад.

Шарифа Аҳмадова
Шарифа Аҳмадова

“Худо обу рӯяш диҳад, шаш фарзанд дорам, ки дутоаш ба муҳоҷират мераванд. Писарам бояд се рӯз дар роҳ бошад. Худованд соқу саломат равад, ризқашро диҳад” – гуфт ӯ.

Мисли Баҳром даҳҳо муҳоҷири дигар дар терминали мусофиркашонии Бохтар мунтазири автобусе буданд, ки онҳоро то ба қаламрави Русия мерасонад. Ҳамаи онҳо дар гузашта бо ҳавопаймо ба Русия сафар мекарданд, ҳоло роҳи дарозтар, вале арзонтаре ёфтаанд. Занҳо ҳам аз ноилоҷӣ ва аз тарси қимати баланди билети ҳавопаймо розӣ ҳастанд, сафари серӯзаи дарозу мушкил ба Русияро таҳаммул кунанд.

Занҳо ҳам дигар бо автобус мераванд

Шарифа Аҳмадҷонова, сокини 40-солаи шаҳри Бохтар аст, ки панҷ сол пеш аз муҳоҷират баргашт, имсол азми бозгашт дорад.

“Ҳавопаймо қимат шуд, мо автобусро интихоб кардем, медонам, ки сафар ба автобус вақт мегирад, вале вобаста ба шароитамон интихоб кардаем. Ман ба Екатеринбург меравам, ки онҷо фаррош ҳастам. Як замин гирифтам, ки бояд хона созам, барои ҳамин ба муҳоҷират меравам” – гуфт ӯ.

Юсуфҷон Ҳайдаров, сокини 22-солаи ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ мегӯяд, мардум қабл барои гирифтани билети ҳавопаймо қарз мекарданд. Ҳоло ки автобус ҳаст, дигар сарфаҷӯӣ мекунанд.

Аз Хатлон то Садовод. Муҳоҷирон дигар барои билет қарз намегиранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Вай афзуд: “Автобус арзон аст. Билети ҳавопаймо аз 1800 то 2000 сомонӣ аст. Зӯрамон намерасад, гоҳо бачаҳо қарз гирифта мераванд. Агар корамон барор накунад, бозпас гардем, зарар намебинем, агар бо ҳавопаймо равем зарар зиёд мешавад”

Сафар аз Бохтар ба Русия бо автобусро ширкати “Хуҷанд транс сервис” ба роҳ мондааст. Дар аввалин автобусе, ки рӯзи 18-уми феврал ҳаракат кард, 130 нафар ҷо гирифтанд.

Ҳусейн Бекиҷонов, масъули ширкат дар шаҳри Бохтар дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки роҳбаладон муҳоҷиронро то ба шаҳре, ки билет гирифтаанд, мерасонанд.

“Аз сабабе, ки билети ҳавопаймо гарон шуд, мусофирон зиёд шуданд. Қимати билетҳо аз 750 то 900 сомонӣ аст. Муҳоҷирон вақте, ки Қазоқистонро мегузаранд бо Wi Fi таъмин мешаванд” – гуфт, ӯ.

Афтобусҳои “Хуҷанд транс сервис” дар як ҳафта як маротиба аз шаҳри Бохтар ҳаракат мекунад. Масъулин мегӯянд, мумкин аст, бо зиёд шудани теъдоди хоҳишмандон ҳаракати автобусҳо бештар шавад.

Як роҳи дароз, роҳи бисёр дароз

Барои расидан ба Маскав камаш дувуним то се рӯз зарур мешавад. Ҳаракат бо автобус агарчӣ арзонтар аст, аммо дар гузашта шикояти зиёде буд, ки автобусҳо муҳоҷиронро то марзи Қазоқистон ё кишвари дигари минтақа мегузоранд ва онҳо пас аз азоби зиёде худро ба Русия мерасонанд.

Билети ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия дар як соли ахир пайваста боло рафт ва дар минтақа баландтарин қиматро ширкатҳои дохилии Тоҷикистон доранд.

Дар гузашта ҳамчунин автобусҳои муҳоҷирон ба садамаҳои мудҳиш дучор шудааст. Аз ҷумла соли гузашта дар натиҷаи оташ гирифтани як автобуси муҳоҷирони узбек даҳҳо нафари онҳо сӯхта ба ҳалокат расиданд.

Муҳоҷирони тоҷик ҳам мегӯянд, ки мушкилоти роҳро медонанд, вале илоҷе надоранд, чун боз ҳам масъала сари пул бармегардад. Чизе, ки муҳоҷирон ба сахтӣ ба даст меоранд.

XS
SM
MD
LG