Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷик аз Русия $2,5 миллиард фиристодаанд


Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон
Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон

Муҳоҷирони тоҷик соли гузашта аз Русия ба ватан дуним миллиард доллар фиристодаанд. Дар ин бора Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Душанбе, рӯзи 25-уми январ дар суҳбат бо оҷонсии РИА Новости хабар дод.

Ӯ гуфт, “пули интиқолӣ дар соли гузашта ба Тоҷикистон дуним миллиард доллар аст, ки бино ба омори мухталиф аз 35 то 37 дар сади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад.”

Фролов гуфт, ба ҳисоби онҳо дар панҷ соли охир муҳоҷирони корӣ тавассути бонкҳо ба кишвар беш аз 15 миллиард доллар фиристодаанд. “Ин маблағ дар муқоиса ба ҷалби сармояҳои мустақим ба кишвар дар ин давра се баробар зиёдтар аст”, - афзуд ӯ.

Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, солҳои охир интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия коҳиш ёфтааст. Дар моҳи ноябри соли гузашта Ҷамшед Нурмуҳаммадзода – раиси Бонки Миллии Тоҷикистон – дар ҷаласаи порлумон эътироф кард, ки кам шудани пули муҳоҷирон ба сармоягузории бахшҳои дигар, аз ҷумла кори бонкҳо таъсир гузоштааст.

То соли 2014 муҳоҷирони тоҷик солона аз Русия беш аз 4 миллиард доллар пул мефиристоданд, аммо ин рақам дар соли 2017 ба дуним миллиард доллар коҳиш ёфт. Ин рақам дар солҳои 2015 ва 2016 ҳатто ба таври рекордӣ то марзи як миллиарду дусад ҳазор ва як миллиарду нуҳсад ҳазор поин омада буд.

XS
SM
MD
LG