Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳадяҳои фиристодаи муҳоҷирони тоҷик ба азизонашон нарасид


Дучарха, курсиву миз, либосу ҷузвдони мактабӣ аз бастаҳои даҳҳо муҳоҷири тоҷик аст, ки моҳҳо боз аз Русия то Тоҷикистон нарасиданд.

Наздики сад тан аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯянд, ба пайвандонашон дар Тоҷикистон бо ширкатҳои хусусӣ молу ашё фиристоданд, вале бо гузашти се ё чаҳор моҳ ҳанӯз ба дасти онҳо нарасидааст.

Нилуфар Шарипова, яке аз онҳост ва моҳи июли соли гузашта аз тариқи як ширкати русӣ барои духтараш дар Тоҷикистон либоси мактабӣ, ҷузвдон ва дигар ашёи муҳим фиристод. Ӯ рӯзи 15 -уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “зиёда аз ҳафт моҳ гузашт, соли таҳсил нисф шуд, вале аз бастаҳои фиристодаам хабаре нест”.

Наргис, ягона духтари Нилуфар дар тарбияи хоҳараш дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд қарор дорад. Ӯ гуфт, ки “духтараш синфи 4 мехонад ва барояш пеш аз соли таҳсили 2018 ҷиҳози мактабӣ равон кард”.

“Пеши духтарам дуруғгӯ шудам. Пеш аз равон кардан суратҳояшро ба ИМО нишон дода будам. “Аяҷон чизҳоям куҷо шуд гуфта мепурсад. Қариб ба маблағи 40 ҳазор рубл сару либос ва дигар ҷиҳози лозимӣ харида будам. Ҳанӯз аз чизҳоям хабаре нест. Одаме, ки ин корро кард, ба телефон ҷавоб медиҳад, вале фиреб медиҳад ва ҳоло ҳам имрӯзу фардо мекунад”-гуфт ӯ.

Нилуфар зиёда аз панҷ сол боз дар Русия кор мекунад ва ба хоҳараш, ки духтарашро парасторӣ мекунад, пул ва маводи лозим мефирстад.

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯянд, ба он хотир аз Русия молу ашёву таҷҳизот мефиристанд, ки нарх ва сифати он дар қиёс ба Тоҷикистон фарқ мекунад. Гоҳо аз дасти дуюм низ ашёи арзонтар пайдо мекунанд.

Молҳо дар марз дармондаанд. Барои чӣ?

Аксари муҳоҷирон, ки ба Радиои Озодӣ аз нарисидани бастаҳои молу ашё ба Тоҷикистон шикоят карданд, гуфтанд, ки муштарии ширкати “Осиё Экспресс” ҳастанд. Муҳаё Тағоева, муҳоҷири 26-солаи тоҷик мегӯяд, моҳи ноябр бо ваъдае, ки давоми 20 рӯз ашёи заруриро ба Тоҷикистон мерасонанд, ӯ ҷиҳози худро ба ширкати “Осиё экспресс” супурд.

“Дар ҳаҷми сад ҳазор рубли русӣ ҷиҳоз барои хона, мисли дарзмол, либоси зимистона ва чизҳои даркорӣ фиристодам. Барои бародару модарам. Ин ширкат намегӯяд, ки чизҳои мо куҷо шудааст. Се моҳ шуд, ки хабаре нест” – гуфт ӯ.

Шербек Сияров, муҳоҷири 27-солаи тоҷик мегӯяд, тариқи ин ширкат охири моҳи ноябр либосу бозича барои се фарзандаш фиристод. Ӯ гуфт, ҳанӯз писарони хурдсолаш интизоранд, ки кай бозичаҳои онҳо мерасад.

“Аввал бозича додам, ки баранд. Баъдан як хонаро таъмир кардам ва тамоми ҷиҳози онро, ки нав буд, бар ивази корам доданд. Қариб 300 ҳазор рубл арзиш доштанд”- афзуд мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Ширкатҳое, ки аз Русия ба Тоҷикистон ашёҳои лозими муҳоҷиронро мекашонанд, аксаран тоза таъсис ёфтаанд. Ширкати “Осиё экспресс” низ аз ҷумлаи он ширкатҳо ҳаст. Абдураҳмон Кабиров, масъули ин ширкати боркашонӣ гуфт, бинобар дармондан дар марз воқеан моли 64 нафар муҳоҷир ва чанд ширкатро ҳанӯз то Тоҷикистон нарасониданд.

Ӯ гуфт, ин мушкил замоне пеш омад, ки ҳангоми ворид шудан ба Тоҷикистон аз онҳо сертификати мутобиқати молу маҳсулоти воридшавандаро пурсиданд. Масъули ин ширкат гуфт, ки ин мушкил дар рӯзҳои наздик ҳал мешавад.

“Нӯҳ тона бор аз мардум аст ва 11 тона аз ширкатҳо, ки мо ҳатман мерасонем. Мушкил ба молу маҳсулоти ширкатҳо ҳаст.”-гуфт ӯ. Ин ширкат барои интиқол аз ҳар кило бор аз муҳоҷирон аз 35 то 45 рубли русӣ мегирад.

Муҳоҷирон чӣ мефирситанд?

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, аз чанд муҳоҷир барои нарасидани молҳояшон ба ватан шикоят дарёфт кардаанд. Ӯ гуфт, ин шикоятро баррасӣ доранд ва бо соҳибони ширкат низ тамос гифритаанд.

Иброҳим Аҳмадов мегӯяд, интиқоли молу маҳсулот солҳо боз давом дорад ва зоҳиран ирсоли бастаҳои муҳоҷирон ба як низом медарояд. Чун ба гуфтаи ӯ, қаблан, муҳоҷирон бештар молҳояшонро тариқи мошинҳои боркаше мефиристоданд, ки аз Тоҷикистон маҳсулот меоварданд ва аз ин самт холӣ ба кишвар бармегаштанд.

Иброҳим Аҳмадов
Иброҳим Аҳмадов

“Ҳоло дигар дар заминаи ин ширкатҳо пайдо шуд. Бисёре аз муҳоҷирон дар сохтмон кор мекунанд ва худашон асбоби сохтмонӣ харидорӣ мекунанд. Баъди анҷоми кор пеш аз анҷоми мавсими кори асбоби худро мебаранд. Вазни зиёд доранд, дар ҳавопаймо бурдан имкон надорад, аз ин рӯ, тариқи чунин ширкатҳо мефиристанд”- гуфт ӯ.

Парвиз Шарипов, раҳбари як ширкати боркашонӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол интиқоли бастаҳои инфиродии муҳоҷирон барои ширкатҳо чандон фоидаовар нест ва ба як тиҷорати хуб табдил наёфтааст.

“Як соҳибкор пиёз мебарад ва мошин аз он самт холӣ ҳаст. Ширкатҳо ҳамин гуна мошинҳоро пайдо мекунанд ва арзонтар борҳоро интиқол медиҳанд” - гуфт Шарипов. Раҳбари ширкати боркашонии “Глобал” гуфт, боре талоши интиқоли бастаҳои муҳоҷиронро карданд, вале он фоидаовар набуд.

“Бори муҳоҷирон алоҳида-алоҳида ҷамъ мешавад. Як нафар аз як ноҳияи дур ва яке аз қариб бор фиристоданӣ ҳаст. Аз 5 кило то 50 кило, ки як мошини боркаши 20 тоннагӣ дар як моҳ пур мешавад”-гуфт Парвиз Шарипов.

Соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон ба маблағи 967 миллион доллар молу маҳсулот ворид шудааст. Қисми зиёди онҳо маҳсулоти сӯзишворӣ ва сохтмонӣ будааст. Дар ин миён бастаҳои муҳоҷирони тоҷик маблағи ночизеро ташкил медиҳад, аммо барои худи онҳо сарнавиштсозу муҳим ҳастанд.

XS
SM
MD
LG