Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба Русия нарав!" Тифли тоҷик пои падарро баст, то аз сафар боздорад. ВИДЕО


“- Чаро маро мебандӣ?

- Барои он ки ба Русия наравӣ!

- Ба Русия нарав гуфта мебандӣ акнун?

- Ҳова!”

Волидонам мегӯянд, ки солҳо аз оила дур буданам хуб нест. Имсол ният дорам, ки зану кӯдаконро низ ба Русия биёрам, то дар наздам бошанд

Ин гуфтугӯи падару писарест, ки навори онро як корбари Радиои Озодӣ рӯзи 17-уми январ ба мо фиристод. Дар видео дида мешавад, бачаи тақрибан чаҳорсола бо як банд пойи падари худро ба пояи бухорӣ (печка) бастанӣ аст, то ӯро аз сафар ба Русия боздорад.

Тифл бо лаҳни ширини ба худ хос мегӯяд, падараш бояд ба Русия наравад. Вале вақте падар исрор меварзад, тифл ба гиря омада, ӯро бо банд ба кунҷи дигари хона мекашад. “Кашокаши” падару писар дар ин навор бо саҳнае анҷом меёбад, ки кӯдак билохира бо дастони кӯчак, аммо азми қавӣ пойи падарро ба пояи мизи телевизион мебандад.

Ин навори кӯтоҳ сахтиву мушкилоти оилаҳо ва кӯдаконеро бармало мекунад, ки бе ҳузури падарони муҳоҷирашон бузург мешаванд. Мардони тоҷик асосан барои кору тиҷорат ба Русия рафта, дар ним сол ва ё як сол як бор аб хонаҳои худ меоянд. Дар ин давра кӯдаконашон роҳгардак ё хонандаи мактаб мешаванду тифлонашон бе ҳузури онҳо ба дунё меоянд.

Наворро дар инҷо тамошо кунед:

Кӯдаки тоҷик пои падарашро баст, то ба Русия наравад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:34 0:00

Неъматулло Шарифов, корбаре, ки ин наворро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт, мегӯяд, замоне ин видеоро дид, зиндагии дур аз тифлакони худаш ба ёд омад ва ашк дар чашмонаш ҳалқа зад. Вай гуфт, ин саҳнаи сохташуда нест, балки зиндагии воқеии як марди муҳоҷир ва фарзанди кӯчакаш ҳаст, ки ба бадоҳатан ба навор гирифта шудааст.

Неъматулло аз соли 2004 мунтазам ба муҳоҷират меравад. Ду соли охир дар яке аз минтақаҳои сардтарини Русия – Ёқутистон – кор мекунад. Ӯ рӯзи 17-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ду фарзанд дорад ва айни чунин сарнавишт.

“Моҳи октябри соли 2018 писари дувумам таваллуд шуд, аммо имкон наёфтам, ки рафта бубинам. Танҳо сурату видеояшро аз телефон дидам. Писари калониам дусола шуд. Ҳар боре бо телефон гап занем, саволи аввалаш ин аст, ки кай меоӣ? Экрани телефонро ба рӯяш зер мекунад ва мегӯяд, мехоҳам назди Шумо дароям. Фикр мекунад, агар ба даруни телефон дарояд, ба назди ман мерасад...”, - афзуд ӯ.

"Агар дар Тоҷикистон кор ёбам, ба Русия намеравам"

Кӯдаки тоҷик пои падарашро баст, то ба Русия наравад
Кӯдаки тоҷик пои падарашро баст, то ба Русия наравад

Ин ҳамсуҳбати мо дар сохтмон кор мекунад ва мегӯяд, бо вуҷуди сардии бесобиқа ва гаронтарин нархи патент дар Ёқутистон кор мекунад, чун ин ҷо пайдо кардани шуғл чандон душвор нест ва милисаҳо низ ба фарқ аз Маскаву Санкт-Петербург нисбат ба муҳоҷирон муносибати дағал надоранд. Сардиву сахтиҳои муҳоҷиратро низ танҳо ба хотири таъмини худу фарзандон таҳаммул мекунад.

Неъматулло Шарифов мегӯяд, агар дар Тоҷикистон коре ёбад, ки дар як моҳ 1500 сомонӣ маоши собит дошта бошад, маҷбур нест, муҳоҷират кунад.

Дар ҳоле ки Неъматулло дар фикри пайдо кардани ҷойи кори муносиб дар Тоҷикистон аст, Хусрав Зарифов ҷавони дигари муҳоҷир мегӯяд, пас аз панҷ соли муҳоҷират ҳаққи кору иқомати доимиро дар Русия ба даст овард ва имсол ният дорад, завҷа ва ду фарзандашро бо худ ба онҷо барад.

“Волидонам мегӯянд, ки солҳо аз оила дур будан хуб нест. Имсол ният дорам, ки зану кӯдаконро низ ба Русия биёрам, то дар наздам бошанд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

"Формула"-и зиндагии муҳоҷирон

Бо он ки як қисме аз муҳоҷирон солҳои охир оилаҳояшонро бо худ ба Русия мебаранд, формулаи зиндагии аксари муҳоҷирони тоҷик якранг аст: баҳору тобистон ва тирамоҳ дар муҳоҷират ва танҳо зимистон дар хона. Аз ин рӯ, як насли кӯдакон дар Тоҷикистон бе ҳузури падарон ва дар баъзе маврид дар ғайби падару модар дар тарбияи бобову бибӣ ба воя мерасанд, ки ба зеҳни онҳо бе таъсир нест.

Як пажӯҳиши вежа бо сарпарастии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон маҳз таъсири муҳоҷират ба зеҳни кӯдаконро дақиқ кардааст. Ин пажӯҳиш ки бо ширкати маркази омӯзиши афкори умум – “Шарқ” ва роҳбари он Музаффар Олимов – доир шуда буд, собит кард, ки зеҳни аксар фарзандони муҳоҷирон бинобар дурии волидон осеб мебинад.

Муҳоҷирати волидон, зарба ба зеҳни кӯдакон

Натиҷаҳои ин таҳқиқот нишон додааст, ки “яке аз таъсири муҳоҷират ба зеҳни кӯдакон ин дархудмондагӣ, зиққӣ ва афсурдагии кӯдакони муҳоҷирон аст”. Пажӯҳишгарон муайян карданд, ки раванди зиққиву афсурдагӣ бештар дар духтарон нисбат ба писарон дар оилаҳои муҳоҷирон зоҳир мешавад.

Бинобар омор аз сарчашмаҳои гуногун ҳудуди як миллион нафар аз аҳолии қобили меҳнати Тоҷикистон дар хориҷа хусусан Русия кор мекунанд. Соли гузашта муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 1 миллиарду 900 миллион доллар пул фиристоданд. Даромади ҳар чорумин хонавода аз ҳисоби муҳоҷират аст.

XS
SM
MD
LG