Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз хоккей то балет. Комёбии фарзандони муҳоҷирон дар Русия


Фурӯғ Ниёзова. Ин аксро хонаводааш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Дар мавриди муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Русия тақрибан ҳама медонанд. Хабарҳо дар бораи муҳоҷирон, маъмулан пас аз ҳодисаҳои пур сарусадое ба мисли инфиҷор ва ихроҷкунии оммавӣ, ки тасаввури носозгоре барои русҳо ҳосил мекунад, паҳн мешаванд.

  • Дар ҳамин ҳол, паҳлӯи дигари муҳоҷират низ вуҷуд дорад: фарзанди муҳоҷирон. Бисёрии онҳо хеле зуд ба шароити нав мутобиқ шуда ва аз ҳамсолони худ дар ин кишвар пеш мегузаранд. Гуфтугӯ бо чунин кӯдакон ва волидони онҳо, маъмулан дидгоҳҳоро дар бораи муҳоҷират комилан дигар мекунад.
Ба таври касбӣ ба ин варзиш машғул шудан осон нест, зеро рақобатҳои бисёр сахт вуҷуд дорад

"Барои овозхонӣ зода шудаанд"

Фурӯғ Ниёзова, духтари 13-солаи муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон аст. Хонандаи мактаб дар Маскав, овозхон ва ҷоизадори озмунҳои байналмилалӣ ва пойтахти Русия, аз ҷумла “Зинаҳои Олимп”, “Занги садои экран”, “Маскав - хонаи ман” ва “Мусиқии Шарқ” мебошад.

"Фурӯғ аз дусолагияш, пеш аз ин ки ба Маскав биоем, суруд мехонд. Соли 2015 мо барои муваққат ба Маскав омада будем ва хостем, ки ӯро ба маркази томактабии наврасон бибарем. Муаллим ба садои ӯ гӯш дод ва гуфт: кӯдаки бисёр боҳушест ва пешниҳод кард, ки бимонем", - нақл кард модари овозхони наврас Малоҳат Салимова рӯзи 28-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ҳоло ӯ дар синфи 7-ум мехонад ва ҳамчунин ба мактаб-студияи кӯдакон дар Маскав меравад, ки дар онҷо овозхонӣ ва гиторнавозиро ба таври ҳирфаӣ меомӯзад. Фурӯғ бо панҷ забон - русӣ, тоҷикӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва форсӣ - суруд мехонад. Модараш мегӯяд, "Фурӯғ фарҳанг, анъанаҳо, таомҳо ва мусиқии тоҷикиро бисёр дӯст медорад ва таътилҳои тобистонаро бесаброна мунтазир мешавад, то ба Ватан биравем."

Имсол овозхон дар шоуи телевизионии "Бо тамоми овоз" ба ҳайси солист дар ҳайати тими Тоҷикистон иштирок кард.

Модари Фурӯғ - Малоҳат Салимова мухолиф нест, ки духтараш дар оянда овозхони касбӣ шавад ва бо вуҷуди мушкили зиёд ӯро пуштибонӣ мекунад. "Гап сари ин аст, ӯ аз ин лаззат мебарад, бе ин наметавонад. Ин кӯдакест, ки барои овозхонӣ зода шудааст. Мо бо таваҷҷуҳ ба хушҳолии ӯ, баъзе корҳои худро маҳдуд карда, вале талош мекунем, охирин даромадро барои ӯ сарф кунем", - гутф ӯ.

Чавгонбоз

Артур Ёдалиев писари муҳоҷири тоҷик Шавкат Ёдалиев аст, ки дар поёни солҳои навадум аз Тоҷикистон ба Маскав рафтанд ва беш аз 10 сол аст, ки хоккейбозӣ мекунад. "Дар наврасӣ хоккей бароям писанд буд. Дастаи Чехославакияро мухлисӣ мекардам. Замоне писарам калон шуд, хостам, ӯро ба чизе машғул бидорам ва ба ин навъи варзиш бурдам", - нақл кард Шавкат Ёдалиев.

Ҳоло Артур 15-сола аст ва ҳамлагари дастаи "Бабри барфӣ"-ст ва дар мусобиқоти қаҳрамонии то 18-солаҳои шаҳри Маскав иштирок мекунад. Бо таваҷҷуҳ ба рақобатҳои шадид барои хоккейбозӣ ин хеле муваффақияти бузург маҳсуб мешавад. Падари хоккейбоз ӯро ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад, вале ба рушди касбии ӯ дар оянда бо шак менигарад.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

"Ба таври касбӣ ба ин варзиш машғул шудан осон нест, зеро рақобатҳои бисёр сахт вуҷуд дорад. Бисёриҳо мехоҳанд, ки ба ин сатҳ бирасанд, вале ин кор душвор аст", - мегӯяд Шавкат Ёдалиев.

Ҷоизадори забони русӣ дар олимпиада

Сулаймоншо Содиқови 13-сола барои фаъолмандона ба варзиш сару кор гирифтан фурсат надорад. Ӯ орзу дорад, ки дипломат шавад, ҳарчанд моҳияти ин касбро ба таври комил намедонад.

Дар ҳамин ҳол муваффақиятҳое ҳам ба даст меорад. Имсол Содиқов миёни хонандаҳои синфи панҷум дар олимпиадаи умумирусиягии мактаббачаҳо, ки дар Маскав баргузор шуд, ҷоиза гирифт.

"Ибтидо мо нахостем, ки ӯ дар олимпиада иштирок кунад. Дар ҳар сурат ҳама медонистанд, ки ӯ аз хонаводаи муҳоҷир аст. Вале бо истодагарӣ ва алоқаи зиёдаш ба ин фан билохира ширкат кард ва ҷоиза бурд. Инро ҳеч кас аз ӯ умедвор набуд", - иқрор мешавад Фотима, модари Сулаймоншо. Ӯ мегӯяд, ки писараш комилан мустақил аст ва ба ҷуз аз забони русӣ ба таърих низ алоқа дорад. Ҳамчунин хеле талош мекунад, ки дар озмунҳои маърифатӣ бештар ширкат кунад.

Муваффақиятҳо дар балет

Соҳаи ҳунар низ аз ҳузури фарзандони муҳоҷирони тоҷик холӣ нест. Алинаи 15-сола, духтари Мавҷуда Душанбиева шаш сол аст, ки машғули балет аст. Ин дар ҳолест, ки ибтидо хонавода тасмим доштанд, духтарашон танҳо ба хотири саломатӣ ба ин ҳунар сару кор бигирад. Баъди шаш соли машаққати сангин Алина муваффақиятҳо нишон дод. Ӯ ҷоизадори мақоми аввали фестивали байналмилалии “Рангинкамони ҷаҳон”, ҷоизадори фестивал-озмуни “Баҳори мусиқӣ”, диплом аз “Art premium people award” ва барандаи озмуни байналмилалии “Premiodoc” дар ҳавзаи балет аст.

Имсол Алина ба синфи 9-ум рафт ва то ин муддат ба таври фаъол дар озмунҳои гуногун ширкат мекард. Ҳоло тасмим гирифтааст, ки вақти бештаро барои таҳсил ҷудо кунад. "Ӯ синфи 9 шуд, хатмкунанда ва бояд имтиҳонҳоро бисупорад. Ба ҷуз ин, мо ба ҷойи дигар кӯчидем ва кӯдак ба таври физикӣ наметавонад ба ин ҳама бирасад. Аз ин хотир, ба ин қарор омадем, ки бас кунад", - мегӯяд Мавҷуда Душанбиева, модари Алина.

Бо вуҷуди ин, Душанбиева мегӯяд, маҳз мактаби балет ба фарзандаш роҳи дуруст, покизагӣ ва эътимод ба нафсро омӯхт.

Дар ҳама мавридҳои зикршуда муваффақияти фарзанди муҳоҷирон, натиҷаи заҳмати дурудароз ва сангини волидони онҳо мебошад. Насли аввали муҳоҷирон тамоми талошро барои ин мекарданд, ки насли баъдии онҳо ба андозаи лозим ба муҳити иҷтимоиву фарҳангии кишвари иқомат мутобиқ шаванд ва дар пасманзарии умумии аҳолӣ ҳузур дошта бошанд.

Бо ин ҳол, ҳамеша дар чунин мавридҳо хатари мунҳал шудани насли нави муҳоҷирон, қисман ва ё комилан аз даст додани ҳувияташон вуҷуд дорад.

Тоҷикистон бо доштани муҳоҷирони зиёд дар Русия баъд аз Украина ва Узбекистон мақоми севумро мегирад. Шаҳрвандони Тоҷикистон 11,3 дар сади муҳоҷирони Русияро ташкил медиҳанд. Дар семоҳаи аввали имсол тақрибан 110 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба хориҷ аз кишвар рафтаанд, ки аз ин миён бештарашон мард (94 ҳазору 366 нафар) будаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG