Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Падарам ба Русия наравад, бо мо монад" ВИДЕО


Оятуллоҳ Сатторзодаи 13-сола ба фарқ аз ҳамсолонаш на фасли тобистону мавсими таътил, балки бештар зимистонро дӯст медораду интизор мешавад. Маҳз дар ҳамин мавсим падари ӯ баъди моҳҳои дурӣ ба хона, назди онҳо бармегардад. Оятуллоҳ яке аз ҳазорҳо наврасонест, ки лаҳзаҳои ширину муҳими зиндагиро бе ҳузури падар сипарӣ мекунанд.

Ид мешавад. Ҳамсояҳо либоси нав мехаранд ва кӯдакони мо зиқ мешаванд. Мегӯянд, ки барои чӣ онҳо доранд, мо надорем?

Ӯ ба варзиши навъи гуштӣ шавқ дорад. Мегӯяд, хеле мехоҳад, ҳангоми сабқатҳо дар миёни тамошобинон падараш ҳам бошад, то ӯро руҳбаланд ва ҳаводорӣ кунад. Ширкати падар дар мусобиқаҳо ба гуфтаи ин наврас, ба ӯ нерӯ ва боварӣ мебахшад.

"Вақте падарам нест"

"Падарам агар бо ман бошад, дар мусобиқаҳо мегуфт, ки натарс, ту ӯро мезанӣ, онҳо аз ту зӯртар нестанд. Онҳо ҳам мисли ту машқ кардаанд. Ман бовар мекардам ва ҳатман ғолиб меомадам, кӯшиш мекардам, ки бовариашро аз даст надиҳам. Кадоме, ки падараш инҷост, хурсанд аст. Кадоме, ки падараш дар Русия бошад, не. Вақте инҷо аст, хурсандам", - гуфт Оятуллоҳ Сатторзода.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Кӯдаки муҳоҷирони тоҷик дар орзуи дидори падар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:21 0:00

"Онҳо каме хашин мешаванд"

Оятуллоҳ Сатторзода
Оятуллоҳ Сатторзода

На танҳо дар сабқатҳои варзишӣ, балки дар тамоми лаҳзаҳои дигари зиндагӣ ҳам ба гуфтаи Оятуллоҳ, набудани падараш сахт эҳсос мешавад. Махсусан, вақте дар чеҳраи модару хоҳари хурдсолаш осори дуриву ҷудоиро мебинад, хеле нороҳат мешавад.

Ӯ гуфт, "хоҳарам вақте ягон касро бо падараш бинад, зиқ мешавад ва хона омада, занг мезанад, ки падар биё, падар биё. Дур будани падарро аллакай мефаҳмад."

Як пажӯҳиши ахири Бунёди атфоли СММ ё ЮНИСЕФ дар миёни хонаводаи муҳоҷирон дар Тоҷикистон ошкор кард, ки аксари кӯдакон моҳҳову солҳо аз оғӯши гарми падар ё модарони муҳоҷири худ дуранд. Созмон мегӯялд, ингуна кӯдакон зери фишорӣ равонӣ қарор доранд ва худро танҳову бе пуштибон эҳсос мекунанд.

Фарида Нуриддин
Фарида Нуриддин

Фарида Нуриддин, раҳбари бахши ҳифзи кӯдакон дар ЮНИСЕФ, рӯзи 22-юми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷират ва ба муддати тӯлонӣ дур будани падарон аз хонавода дар баробари мушкилоти дигар ба руҳияи кӯдакон таъсир гузоштааст. "Онҳо худро метавонанд партофташуда эҳсос кунанд. Онҳо каме хашин мешаванд ва барои модарон ҳам тарбияву назорати онҳо мушкил хоҳад буд. Хонаводаҳои муҳоҷирон, ки инҷо мемонанд, ба фишори равонӣ гирифтор мешаванд ва ба кумакӣ равонӣ ниёз доранд", - мегӯяд ин масъули ЮНИСЕФ.

"Баъзеҳо наметавонанд нони дастархони худро ёбанд"

Инчунин, ба гуфтаи Фарида Нуриддин, аксар хонаводаи муҳоҷирон дар Тоҷикистон ба мушкили ҳуҷҷатгузорӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Вай афзуд, "масалан, зан дар гирифтани шаҳодатномаи таваллуди кӯдак ё шаҳодатномаи ақди никоҳ мушкил дорад. Бархе мушкил бо санади моликият доранд. Мушкили дигар ҳам молӣ аст, онҳо аксаран аз камбуди маблағ барои зиндагӣ азият мекашанд. Баъзеҳо наметавонанд ҳатто нони дастархони худро пайдо кунанд."

Тибқи лоиҳа рӯйхати кӯдаконеро, ки шаҳрвандӣ надоранд, тартиб медиҳем. Муайян хоҳем кард, ки шумораи онҳо чӣ қадар аст ва оё чунин кӯдакон дар Тоҷикистон вуҷуд доранд? Мо ба оилаҳои онҳо метавонем ёрии ҳуқуқӣ расонем.

Ба хотири расидагӣ ба ҳамин мушкили атфоле, ки моҳҳо аз дидори падар маҳруманд, Бунёди атфоли СММ ё ЮНИСЕФ якҷо бо мақомоти Тоҷикистон лоиҳаи вижаеро рӯйи даст гирифтаанд. Лоиҳаи "Ҳифзи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта", ки аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо маблағгузорӣ мешавад, ҳимояи кӯдакони муҳоҷирон ва таъмини онҳо бо кӯмакҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва дастрасӣ ба таҳсилро дар назар дорад. Ин лоиҳа барои 3 сол пешбинӣ шуда, дувуним ҳазор кӯдакро аз 6 минтақа фаро мегирад.

Фарида Нуриддин, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон гуфт, "мо ба он кӯдаконе, ки дастрасӣ ба мактабу соҳаи тандурустӣ надоранд, мусоидат хоҳем кард. Ҳамчунин тибқи ин лоиҳа, мо шурӯъ аз моҳи январи соли оянда мо рӯйхати кӯдаконеро, ки шаҳрвандӣ надоранд, тартиб медиҳем ва муайян хоҳем кард, ки шумораи онҳо чӣ қадар аст ва оё чунин кӯдакон дар Тоҷикистон вуҷуд доранд? Мо ба оилаҳои онҳо метавонем ёрии ҳуқуқӣ расонем."

"Муҳоҷират беш аз ҳар каси дигар ба кӯдакон таъсир гузоштааст"

Ин барнома на танҳо фарзандони дар Тоҷикистон будаи муҳоҷирон, балки онҳоеро ҳам фаро мегирад, ки ҳамроҳ бо волидони худ дар муҳоҷират қарор доранд ва ба мушкиле мувоҷеҳ шудаанд.

Бино ба ҳисобҳо як миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар муҳоҷиратанд
Бино ба ҳисобҳо як миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар муҳоҷиратанд

Оғози як лоиҳаи махсус барои ҳифзи кӯдакони муҳоҷирон дар ҳолест, ки шумори дақиқи кӯдаконе, ки дар Тоҷикистон зери таъсири муҳоҷират мондаанд дақиқ нест, аммо дақиқ аст, ки ҳазорҳо кӯдак дар ин кишвар дур аз падар ё модар ва ё дар тарбияи хешу наздикони худ ба воя мерасанд. Дар гузашта чандин созмон аз таъсири бади муҳоҷират ба вижа дурии падарон дар таълиму тарбияи фарзандон гузоришҳо дода буд.

Як таҳқиқоти созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия - “Мемориал" ҳам соли 2017 муайян кард, муҳоҷирати корӣ беш аз ҳар каси дигар ба вазъи кӯдакон дар Тоҷикистон таъсир гузоштааст. Масъулони ин созмон гуфтанд, ба далели муҳоҷирати волидон, кӯдакон "аз таҳсил дур мешаванд", "хушунат мебинанд" ва гоҳо аз тангдастии аъзои дигари хонавода ба хона-интернат меафтанд.

Хеле мехоҳам падарам, дигар ба Русия наравад, ҳамин ҷо кор кунад ва бо мо монад.

​"Мегӯянд, чаро онҳо доранду мо надорем?"

Улҷоной Раҳимова, ки се писараш дар муҳоҷират ва дур аз фарзандон қарор доранд, бо таваҷҷӯҳ ба зиндагии набераҳои хурдсолаш мегӯяд, муҳоҷирати мардони хона, бори вазнини зиндагиро ба дӯши занону кӯдакони вогузор кардааст.

Ба таъкиди таҳлилгарон ҳам аксари заноне ҳам, ки шавҳарҳояшон гузошта ба муҳоҷират рафтаанд, дар тарбияи фарзандон мушкилӣ мекашанд. Меҳриннисо Саидова ҳам мисли занони зиёди дигар дар Тоҷикистон тарбияи ду фарзанди худ ва тамоми кори замину хонаро танҳо ба дӯш дорад. Шавҳари ӯ аз 4 фасли сол танҳо 1 мавсим бо онҳост. Пуле ҳам, ки ба хонавода мефиристад, кофӣ нест.

Меҳриннисо мегӯяд, вақте хостаҳои фарзандонро наметавонанд бароварда созанд, сахт нороҳат мешавад. "Ҳангоми мактаб рафтанашон, пул нест, ки сару либоси мактабӣ гирӣ. Ид мешавад, ҳамсояҳо либоси нав мехаранд ва онҳо зиқ мешаванд. Мегӯянд барои чӣ онҳо доранду мо надорем?" -меафзояд Меҳриниссо.

Иқтисоди бисёре аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон ба рӯи маблағҳои муҳоҷирони корӣ устувор шудааст ва тибқи ҳисобҳои расмӣ, беш аз 800 ҳазор нафар ва бино ба оморҳои дигар, зиёда аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик, дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Аммо кӯдакон, ки ҳанӯз на ҳама зарурати муҳоҷират ва дурии падаронро аз хонавода ба пуррагӣ дарк мекунанд, баъзан дар сӯҳбатҳои телефонӣ дар посух ба навозишҳои падар, мегӯянд, ба онҳо чизе лозим нест, фақат мехоҳанд худаш баргардад. Мисли мусоҳиби навраси мо Оятуллоҳ Сатторзода, ки хеле мехоҳад, падараш наздашон бошад.

"Хеле мехоҳам падарам, дигар ба Русия наравад, ҳамин ҷо кор кунад ва бо мо монад", - мегӯяд ӯ.

XS
SM
MD
LG