Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи муҳоҷирони тоҷик ба Вазорати маориф: “Маҷлиси скайпӣ кунед” ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Чанд тан аз муҳоҷирони тоҷик бо ирсоли нома ба унвонии вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саид хостаанд, ки барояшон иҷоза диҳад, то тариқи Скайп ё ИМО дар маҷлисҳои мактабии фарзандони худ иштирок кунанд. Ин падарон гуфтаанд, ки бо амри тақдир дар муҳоҷиратанд, аммо аз фосилаи 4 ҳазор километр дурӣ мехоҳанд, дар ҷараёни таҳсилу тарбияи фарзандон ҳузури бештар дошта бошанд.

"Ҳар моҳ наметавонем, ба ватан биравем"

"Мемориал", як созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, дар гузориши худ моҳи январи соли равон гуфт, муҳоҷирати корӣ беш аз ҳар каси дигар ба вазъи кӯдакон дар Тоҷикистон таъсир гузоштааст.

"Мо корамонро партофта, ҳар моҳ ба ватан омада наметавонем. Фарзандонро мегӯем, ки телефон ё планшетҳоро дар маҷлиси падарон баред, то видеоӣ иштирок кунем. Онҳо мегӯянд, ки муаллимон иҷозат намедиҳанд”, – гуфта шудааст дар номаи падарони муҳоҷир ба Вазорати маориф.

Абдураҳим Қаландаров, яке аз муаллифони нома, рӯзи 11-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки 3 фарзанди мактабхон дорад. Онҳо дар сӯҳбатҳои телефонӣ ба ӯ таъкиди муаллимаҳоро мерасонанд, ки гуфтааст, бояд ин бор дар маҷлиси волидон падарашон ширкат кунад. Абдураҳим мегӯяд, ӯ ҳам мехоҳад пайваста аз ҷараёни таҳсили фарзанд огоҳ бошад, аммо то замони бозгашт коре карда наметавонад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Номаи муҳоҷирони тоҷик ба Вазорати маориф: “Маҷлиси скайпӣ кунед”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00

"Ҳам барои мо муҳим аст, ҳам барои устодон"

Ӯ гуфт, “ҳоло аз рӯйи зарурат бисёре аз муҳоҷирон барои тамос ба хонаводаҳои худ телефону планшет фиристодаанд. Иҷоза диҳанд, зарур бошад, мо муҳоҷирон худамон бо ҷамъоварии пул барои ин кор ёрӣ хоҳем кард. Ин кор хеле муҳим аст. Мо тариқи барномаҳое мисли скайпу ИМО дар ҷаласаҳо метавонем фикри омӯзгорро фаҳмем ё омӯзгорон фикри моро фаҳманд”.

Ҳар сол ҳазорҳо марди қобили кори Тоҷикистон ба Русия мераванд
Ҳар сол ҳазорҳо марди қобили кори Тоҷикистон ба Русия мераванд

Волидон дар номаи худ ба Вазорати маориф ҳамчунин пешниҳод кардаанд, ки бо фароҳам овардани шароит дар синфхонаҳои мактаб, баъзан барояшон имкон диҳанд, то дур аз кишвар дар ҷараёни дарси фарзандон тариқи онлайн ширкат ва ӯро назорат кунанд. Ба гуфтаи онҳо, ин иқдом дар боло бурдани сатҳи дониши хонандагон ва масъулияти омӯзгорон ҳам мусоидат хоҳад кард.

Абдураҳим Қаландаров мегӯяд, аксаран дар расонаҳо ва гузориши созмонҳои кор бо кӯдакон аз падарони муҳоҷир шикоят мешавад, ки дар тарбияи фарзандони худ нақши муассир надоранд. Аммо ӯ гуфт, падароне ҳам кам нестанд, ки бо вуҷуди дурӣ талош мекунанд, фарзанди хуб ба воя расонанд.

Вазорати маориф: Ҳанӯзе номае нагирифтем

Ба номаи мӯҳоҷирон дар бораи фароҳам овардани имконият барои ширкати фосилавии падарони муҳоҷир дар маҷлисҳои мактабӣ ва дар ҷараёни дарси фарзандон, вазорат ҳанӯз посух надодааст. Масъулини вазорати маориф гуфтанд, ки онҳо ҳанӯз чунин номае дарёфт накардаанд.

Аммо бархе аз омӯзгорон ва мудирони мактабҳо, ки маъмулан дар даъвати падарон ба маҷлисҳои мактабӣ мушкил мекашанд, аз амалишавии чунин иқдом ҷонибдорӣ мекунанд. Бобомурод Тошев, мудири мактаби рақами 67-и пойтахт, мегӯяд, баъзе масъалаҳое ҳаст, ки бояд бо падарони хонандаҳо матраҳ шавад ва ҳузури падар ҳалли онро осонтар мекунад.

“Аммо тавре маълум солҳои ахир падарон дар муҳоҷиратанд ва бештар модарон дар маҷлисҳои мо ширкат мекунанд. Агар, дарвоқеъ, бо истифода аз технологияҳои нав байни мо ва онҳо ягон робитае барқарор шавад, хеле хуб мешуд”, - афзуд ӯ.

"Баъзе волидон телефонӣ аз мо мепурсанд"

Аммо, ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, ҳоло, ки хонандагон иҷозаи бо худ овардани телефону планшетро надоранд, дар сурати пеш омадани зарурат бархе аз падарон ба телефони ҳамроҳи мудир ё устодони мактаб занг зада, аз рафтору таҳсили фарзандон пурсон мешаванд. Пешниҳоди муҳоҷирон дар мавриди ширкати онлайнӣ дар маҷлиси мактабӣ дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон аз соли 2012 истифодаи телефон дар мактабҳо манъ аст.

Мушкили аслӣ дар роҳи амалӣ шудани пешниҳоди падарони муҳоҷир барои ҳузури онлайнии онҳо дар ҷараёни дарсу маҷлисҳои мактабӣ, ба гуфтаи таҳлилгарон , пайваст набудани муассисаҳои таълимӣ ба интернет ва ҳамчунин таъмин набудан бо фанновариҳои дигари иттилоотӣ аст.

Бунёди кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид ё ЮНИСЕФ бо анҷоми як таҳқиқот дар чанд соли пеш фарзандони муҳоҷиронро ба далели дурӣ аз падар "саркаш, осебпазир ва таҳдиде ба ояндаи субот дар ҷомеа" унвон карда буд.

Аммо масъулини мақомоти маориф мегӯянд, дар ҳоли ҳозир 1800 мактаб дар кишвар бо интернет пайваст аст ва онҳо бо таҳияи як барномаи нав дастрасии саросарии мактабҳо бо интернетро дар назар доранд.

"Вақте ҳамаи мактабҳо ба интернет пайваст шуд..."

“Вазорати маориф лоиҳаи нави Барномаи рушди технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия барои мактабҳои миёна, дар солҳои 2018 – 2020 ба ҳукумат пешниҳод кард. Ин барнома дастгирӣ ҳам ёфт ва як ҳадафи аслӣ пурра ба интернет пайваст шудани муассисаҳои таълимӣ аст. Оянда вақте пурра мактабу синфхонаҳо бо интернет ва дигар таҷҳизот пайваст шуд, тамоми дарсу маҷлису машварат фосилавӣ гузаронида мешавад”, – гуфт Бобокалон Ғаюров, муовини раҳбари Маркази ҷумҳуриявии технологияҳои информатсионӣ дар назди Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Талоши падарони муҳоҷир барои иштирок дар ҷараёни дарсу маҷлисҳои мактабии фарзандони худ дар ҳолест, ки дар гузашта чандин созмон аз таъсири бади муҳоҷират ба вижа дурии падарон таълиму тарбияи фарзандон гузоришҳо дода буд. Аз ҷумла, "Мемориал", як созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, дар гузориши худ моҳи январи соли равон гуфт, муҳоҷирати корӣ беш аз ҳар каси дигар ба вазъи кӯдакон дар Тоҷикистон таъсир гузоштааст. Тибқи ин гузориш, ба далели муҳоҷирати волидон, "аз таҳсил дур мешаванд" ва "хушунат мебинанд".

Бунёди кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид ё ЮНИСЕФ бо анҷоми як таҳқиқот дар чанд соли пеш фарзандони муҳоҷиронро ба далели дурӣ аз падар "саркаш, осебпазир ва таҳдиде ба ояндаи субот дар ҷомеа" унвон карда буд.

XS
SM
MD
LG