Пайвандҳои дастрасӣ

Қорӣ Шамшод: "Мусиқие, ки дилҳоро нарм мекунад, мамнуъ нест"


Исми Шамшод Муҳиддинов, имом-хатиби масҷиди деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисор, пас аз нашри як видеои кӯтоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вирди забонҳо шуд. Наворҳои панду насиҳат ва маъизаҳои ин рӯҳонии тоҷик бо номи "Қорӣ Шамшод" ҳаводори зиёд дорад. Аммо ин дафъа навори кӯтоҳи ин рӯҳонии тоҷик, ки порчае аз суруди "Модарам"-и шодравон Зафар Нозимро зам-зама кард, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бинандаи зиёде пайдо намуд.

Ман ба овозхонии ӯ мухолифат накардаам. Ӯ оиладор аст ва зиндагии мустақилонаи худашро дорад. Ду сол пеш фарзандор шуд ва тифлашро парасторӣ мекунад.

Қисме аз корбарон аз ҳунари овозхонии ин рӯҳонӣ тавсиф ва ҳам қисме танқид кардаанд. Дар як сӯҳбати ихтисосӣ рӯзи 16-уми апрел аз Шамшод Муҳиддинов пурсидем, ки решаи овози марғуладорӣ ӯ аз куҷост ва ба кадом муносибат таронаи Зафар Нозимро сароидааст?

Шамшод Муҳиддинов: "Ман фарзанди Тоҷиддин Муҳиддинов ҳастам, яъне дар хонаводаи ҳунарманд ба дунё омадаам. Падарам дар хурдӣ, ҳангоме 12-сола будам, аз дунё даргузашт. Замоне ки зинда буд, майли хондани Қуръонро доштам. Пас аз марги падар ба Донишгоҳи Исломии Тоҷикистон дохил шуда, онро хатм кардам. Айни замон масъулияти имом-хатибии масҷиди деҳаи Дурбати Ҳисорро бар дӯш дорам."

Суруди "Модарам" ва сару садоҳо дар интернет

Радиои Озодӣ: Як пора суруди "Модарам"-и шодравон Зафар Нозимро хондед ва он ҳаводори зиёде пайдо кард. Нияти ба овозхонӣ пардохтан ва касби падарро идома доданро доред?

Шамшод Муҳиддинов: "Ин сурудро бадоҳатан сароидам ва тасодуфан сабт шудааст. Мо дар вақтҳои холӣ ба варзиш машғул мешавем. Рӯзи модарон буд ва дар канори толори варзишӣ бачаҳо дар бораи модар сухан гуфтанд. Илҳоми мо низ бедор шуду ҳамин сурудаи шодравон Зафар Нозимро дар васфи модар каме зам- зама кардем. Нафаре аз шоҳидон онро навор бардошта, дар интернет гузоштааст. Ҳарчанд инро намехостам ва ӯро накӯҳиш кардам, ки чаро бе иҷозаи ман дар интернет ин наворро гузоштааст. Воқеан, ба баъзе нафарон писанд омадааст ва баъзеи дигар маро маломату мазаммат кардаанд."

Радиои Озодӣ: Чаро мазаммат кардаанд?

Шамшод Муҳиддинов: "Ба бовари ин тоифа, мусиқӣ дар Ислом ҳаром аст ва маро маломат кардаанд, ки чӣ гуна як рӯҳонӣ метавонад суруд хонад. Инҳо мусиқиро билкул ҳаром медонанд, ҳол онки ин тавр нест. Танҳо суруду мусиқие, ки шахсро ба шаҳват кашонад, ҷоиз нест. Аммо тибқи мазҳаби мо, сурудаҳое, ки дилҳоро нарм мекунаду ба роҳи рост даъват мекунад, бок надорад. Хусусан, он суруде, ки ман сароидам дар васфи модар аст ва Ислом ҳурмату эҳтиром ва васфи модарро ташвиқ мекунад. Мо ҳадис ва ривоятҳои зиёде аз замони зиндагии паёмбар Муҳаммад дорем, ки ӯ доира задан дар тӯйро мақбул донистааст."

"Ман рӯҳонӣ ҳастам ва масъулият дорам"

Радиои Озодӣ: Пас, нияти овозхон шудану тарки имоматиро надоред?

Шамшод Муҳиддинов: "На, ман рӯҳонӣ ҳастам ва ба ин иҷрои ин масъулияти худ идома медиҳам."

Радиои Озодӣ: Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёде аст, ки Шумо дар миёни муҳоҷирон вазъ мегӯед. Дар Русия ҳам зиндагӣ кардаед?

Шамшод Муҳиддинов: "Ман аз замони донишҷӯиям ба нашидхониву мавлудхонӣ майлу рағбат доштам ва ба чунин маҳфилҳо даъват мешудам. Аз ин рӯ, бархе аз ҳамдиёрони мо дар моҳи мавлуд (манзур моҳи таваллуди паёмбар) маро, дигар уламои дин Ҳоҷӣ Мирзо ва Қорӣ Амриддинро ба Русия даъват мекунанд. Мо мувофиқ ба имконият дар маъракаҳои онҳо ширкат мекунем ва бо ҳамдиёронамон сӯҳбатҳо меороем."

"Шабнам оиладор аст ва зиндагии мустақил дорад"

Радиои Озодӣ: Як узви дигаре аз хонаводаи Шумо – Шабнами Тоҷиддин пешаи падаратонро идома медиҳад. Тақрибан ду сол инҷониб Шабнамро дар саҳна намебинем ва гуфта мешавад Шумо мухолифи овозхонии ӯ ҳастед...

Шабнами Тоҷиддин.
Шабнами Тоҷиддин.

Шамшод Муҳиддинов: "Не, не. Ман ба овозхонии ӯ мухолифат накардаам. Ӯ оиладор аст ва зиндагии мустақилонаи худашро дорад. Ду сол пеш фарзандор шуд ва тифлашро парасторӣ мекунад. Бо ӯ муносибати хуб ва рафтуомад дорам. Бо хоҳарам дар ин бобат аслан суҳбат ҳам накардаам."

Радиои Озодӣ: Мақомоти умури дин ва интизомӣ аз гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав нигаронӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, маҳз зиёд мазҳабӣ будан ҷавононро тӯъмаи эмиссарҳои хориҷӣ кард ва дар ниҳоят ба ҷангҳои Сурияву Ироқ кашонда шуданд. Дар ин бора чӣ мегӯед?

Шамшод Муҳиддинов: "Ин масъала натанҳо кишвари мо Тоҷикистон, балки чандин кишварҳои дигарро низ ба ташвиш овардааст. Лекин аз оғози ҷанги Суриву Ироқ уламои шинохтаи мо, кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Миср гуфтанд, ки дар Сурия ҳеҷ гуна ҷиҳод нест, балки фитна аст. Мо низ дар сӯҳбатҳоямон хусусан бо ҷавонон ҳамин нуктаро такрор ба такрор мегӯяем, мефаҳмонем. Мутассифона, як гурӯҳ ҷавонони моро тавонистанд гумроҳ созанд ва онҳо ҷони азизи худро дар ин ҷангҳо аз даст доданд. Хушбахтона, қисме ҳам бо кумаки мақомот баргардонда шуданд. Дар аксари ҳолат маҳз дониши кам ва мағзҳои холӣ боис шуданд, ки гуруҳҳои тахрибкор қисмате аз ҷавонони моро гумроҳ кунанд."

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG