Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз муҳоҷират ба маскуншавӣ. Чӣ гуна тоҷикон дар Русия зиндагӣ месозанд?


Намое аз шаҳри Калинингради Русия.

Муҳоҷират ба Русия ба рағми тамоми ҷанбаҳои душвори он, барои бахши бузурге аз тоҷикистониҳо, дар ниҳоят, ба ҷойгир шудан дар ин кишвар табдил меёбад.

Бештари онҳо бо истиқомат ва сабр дар роҳи гароиш дар ҷомеаи ноошно тамоми монеаҳоро пушти сар мекунанд:

  • соҳиби хона мешаванд,
  • умури зиндагии ҳамарӯзаи худро ба роҳ мемонанд
  • ба сарпарасти комили зиндагии худ дар макони нав табдил меёбанд.

Аммо на ҳар кас метавонад чунин муваффақиятро аз роҳи осон касб кунад.

Маскан аз роҳи тиҷорати муваффақ

Раҳматулло Мазориев, муҳандиси фаннии саноати шир, соли 1984 яке аз донишкадаҳои Маскавро хатм кардааст. Вай то соли 1992 бо ҳамин тахассус дар Тоҷикистон кор кардааст. Аммо бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ, Мазориев мисли шаҳрвандони дигари маъмулӣ ба тарки кишвар маҷбур шуд.

"Дар ибтидо ба шаҳри Кемерово рафтам, ҷое, ки ба тиҷорат машғул шудам. Баъдан, соли 1996 ба Мурманск ва пас аз он ба шаҳри Перм омадам. Як манзил бо замини наздиҳавлигӣ харидам",-нақл кард Мазориев рӯзи 23-юми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Аз соли 1997 ин муҳандиси тоҷик бо хонаводаи калоне, ки аз панҷ фарзанд иборат аст, дар шаҳри Перм зиндагӣ доранд. Фарзандони Мазориев ҳамакнун бузург шуданд ва хонаводаи худро ташкил доданд ва ду манзили дигар ҳам хариданд. Муваффақияти молии ин хонавода ва хариди манзил, ба гуфти Раҳматулло Мазориев, аз роҳи тиҷорат ба даст омад, ки вай муддати ҳафт сол ба он машғул буд.

"Ҳамакнун барои як муҳоҷири маъмулӣ, хариди як хона дар шаҳрҳои бузург тақрибан ғайримумкин шудааст. Имкониятҳои ӯ хеле маҳдуд аст ва бештар кор мекунад, то хонаводаи худро бихӯронад ва тақрибан ҳеҷ вақт барои ба хариди як хона дар як макони нав фикр ҳам намекунад",-афзуд ӯ.

Бо ин ҳол, ба қавли ӯ, танҳо дар Перм дар чанд соли гузашта метавон бисёре аз хонаводаҳоро пайдо кард, ки бахше аз амволи худро дар Тоҷикистон фурӯхта, қарзҳои дарозмуддатро барои хариди хона гирифтаанд.

Вай афзуд, "дастрас будани маскан мушкили зиёдро ҳал мекунад. Аз ҷумла, иҷоза медиҳад, ки барои иҷораи хона пули зиёд сарф нашавад. Ҳангоме, ки як шаҳрванд дар манзили шахсиаш сабти ном мешавад, фарзандони ӯро бидуни ҳеч гуна монеа ба мактаб, боғчаи кӯдакон ва шифохона қабул мекунанд. Дар умум манзили шахсӣ бартариҳои зиёд медиҳад.”

"Тоҷикони навин" ҳамчун як падида дар бозори маскан

Мардуми зиёд аз Тоҷикистон барои хариди манзил дар Русия талош мекунанд. Иттилоъ дар бораи тақозои рӯ ба рушди тоҷикҳо дар бозори манзили Маскав соли 2016 дар баъзе аз расонаҳои русӣ пайдо шуд.

"Ин афрод ҳамеша муштариёни ҳамкорони мо аз бахши иҷораи хона будаанд. Мо тақрибан онҳоро дар миёни соҳибони билқувваи метри мураббаъ намедидем. Аммо дар солҳои ахир “тоҷикони ҷадид” зуҳур кардааст: касбу корро дар Маскав созмондиҳӣ карда ва пулеро ба даст овардаанд, ки метавонанд барои худ хона бихаранд",-таъкид карда буд он вақт Сергей Шлома, намояндаи ширкати "Инком-Недвижимость".

Ҳамон замон гузориш шуда буд, ки муҳоҷирони тоҷик, ки соҳиби хонаводаҳои бузург ҳастанд, манзили чандҳуҷраӣ бо буҷаи дар ҳадди миёна 10 миллион рублро тарҷеҳ (бартар донистани чизе, бартарӣ, афзалият) медиҳанд.

Соли 2017 тибқи омори бонки русии "ДельтаКредит", шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷумлаи ТОП-20-и хориҷиён буданд, ки ба онҳо қарзи хариди хона дода шудааст. Бо ин ҳол, тибқи омор онҳо мизони камтарин маблағи қарз -- миллиону 770 ҳазор рублро ба худ ихтисос додаанд.

"Аз он ҷойе мегиранд, ки арзонтар аст”

Ба гуфтаи раиси "Маркази фарҳангии тоҷикон", раванди доштани хонаи худӣ дар Маскав ба таври бисёр сареъ дида мешавад, хусусан, дар байни тоҷиконе, ки дар Русия даҳсолаҳост зиндагӣ мекунанд.

Солона садҳо ҳазор тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд.
Солона садҳо ҳазор тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд.

"Дар Маскав ва вилояти Маскав хона бисёр нархи гарон дорад. Барои ҳамин, бисёре аз тоҷикон дар навоҳии хеле дур аз Маскав ҳавлӣ ва ё хона мехаранд. Талош мекунанд аз ҷойе бихаранд, ки арзонтар бошад. Агар дар минтақаҳои атрофи Маскав бошад, онҳо ба истилоҳ хонаи заминӣ месозанд", - гуфт Ҳамроқулов.

Вале чунин хонаҳои бошукӯҳро, ба гуфтаи ӯ, танҳо мутахассисони баландихтисос ва ё тоҷирон месозанд. "Бештари муҳоҷирон ҳадафашон ин аст, ки зиндагии худро дар ватани худ дуруст кунанд",-афзуд ӯ.

Тибқи маълумоти ширкати молиявию сохтмонии "Лидер" дар 11 моҳи соли 2018 аз 4 то 8 дар сади тамоми фурӯши хона ба хориҷиён ба харидороне аз Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон рост омадааст. Ва гап дар бораи "бозори навъи дувум" не, балки сари тарҳҳои "люкс" дар канораҳои Маскав меравад.

Соҳиби моликият шудан баъди 15 соли муҳоҷират

Бештари омадаҳо, ҳатто онҳое, ки шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, ба далелҳои гуногун наметавонад барои худ хона бихаранд. Бархе сармояи ибтидоии мувофиқ надоранд, бархеи дигар хароҷоти рӯзмарраи зиёд доранд. Аммо ҳамчунин афроде ҳастанд, ки новобаста аз мушкилот таваккал мекунанду бо фоизҳои баланд қарз мегиранд, то дар пойтахти Русия соҳиби хона бошанд, агар имрӯз не, дар оянда наздик мехоҳанд соҳиби он шаванд.

Фурқат Шабозбеков соли 2000-ум аз Тоҷикистон ба Маскав рафтааст. Бо ихтисоси байторӣ, борҳо соҳаи фаъолияташро аз нуқтаи хӯроки умумӣ то моҳипарварӣ, аз савдо то сохтмон тағйир додааст. Соли 2004 шаҳрвандии Русияро ба даст овард.

Намое аз Маскав -- пойтахти Русия.
Намое аз Маскав -- пойтахти Русия.

Ҳоло Шабозбекови 50-сола дар яке аз ширкатҳои сохтмонии Маскав мутахассиси касбии крани борбардор аст. Соли 2015 дар ин шаҳр соҳиби хона шуд. Хонаро бо қарзи маскан (ипотека)-и 18 дар сад барои панҷ сол харид.

"Ҳар моҳ зарур меояд, ки ҳудуди 70 ҳазор рубл бипардозам. Маблағи каме нест, вале баъди чанд муддат соҳиби комилҳуқуқи хона мешавам. Ин аз он, ки ҳар моҳ барои хонаи иҷора маблағ бипардозам, хеле беҳтар аст",-гуфт ӯ. Пештар, ба иқрори ӯ, шароити хонаводагиро ба хатар намеандохт, вале ҳоло кӯдакон бузург шудаанд ва хонавода ба ин тасмим расид, ки ҳамин роҳ муносибтар хоҳад буд.

Омори норавшан

Таҳлилгарони ширкати риэлтории "ИНКОМ-Недвижимости" ҳаҷми хариди хона аз шумули муҳоҷиронро бозори хонаҳои навъи дувуми Маскав дар соли 2017 5 дар сад дар сол баҳогузорӣ мекунанд. Барои мисол, дар Бирюлеви Ғарбӣ ва ё Шарқӣ як метри мураббаъ 118,8 ё 124 ҳазор рубл арзиш дорад ё дар навоҳие чун Вешняки, Димитровский ва Ярловский қимати як метри мураббаъ аз 133,6 то 137,9 ҳазор рубл мебошад.

Риэлторҳо мегӯянд, омадаҳо дар бештари ҳолат аз биноҳои панҷқабата ва нӯҳқабатае, ки ҳам аз нигоҳи физикӣ ва ҳам зоҳирӣ фарсуда шудаанд, хона мегиранд, ки дар маҷмӯъ миёни харидорони бозори навъи дувум талаботи кам доранд.

Шуморе аз тоҷикон тарҷеҳ медиҳанд, ки дар берун аз Маскав хона бунёд кунанд. Акс аз бойгонӣ.
Шуморе аз тоҷикон тарҷеҳ медиҳанд, ки дар берун аз Маскав хона бунёд кунанд. Акс аз бойгонӣ.

Омори куллие, ки тамоми раванди хона харидани муҳоҷирони зодаи Тоҷикистонро дар бар бигирад, вуҷуд надорад. Ширкатҳои бузурги риэлторӣ ва бонкҳо, маъмулан омори дохилии худро бо расонаҳо шарик месозанд. Ба ҷуз ин, бештари харидорони хона шаҳрвандии Русияро доранд ва ба қишри "муҳоҷир" ва ё шаҳрванди хориҷӣ, ворид намешаванд.

Дар навбати худ расонаҳои Русия ва як қатор марказҳои таҳлилӣ-молиявӣ, ҳангоми таҳқиқи талаботи бозори амволи ғайриманқул дар Маскав ба ному насбаи славянӣ ва ғайриславяние, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии доштани ҳаққи амволи ғайриманқул инъикос шудаанд, такя мекунанд.

Мувофиқи чунин як тадқиқот, ки "Рамблер" бо такя ба ахбори федеролӣ нашр кардааст, ба ашхоси дорои ному насаби ғайриславянӣ шумораи қобили таваҷҷуҳи хариду фурӯши хонаҳо дар Маскав, хусусан дар қаламрави давру бари бозорҳои бузург рост омодааст.

Барои мисол, дар маҷмаи иқоматии "Люблино" дар ҷануб-шарқи Маскав, ки дар паҳлӯи бозори бузургтарини либоси пойтахт - "Маскав" қарор дорад, ин хариду фурӯш 22%-ро дар бар мегирад. Дар маҷмааи иқоматии "Белая Дача" -- хонаҳои навсохти наздиктарин ба бозори бузургтарини дигари пойтахт "Садавод" - 26%.

Бо такя ба ин маълумот, бисёре аз коршиносони русӣ аз хатари "гетоизатсия" ё ба ибораи соддатар зуҳури минтақаҳои қавмӣ дар канораҳои Маскав ҳушдор медиҳанд ва чораҳои мушаххасе пешниҳод мекунанд.

Агар пештар хариди хона дар ин ё он минтақаи Русия барои муҳоҷир дар гирифтани РВП ва ё мақоми қонунӣ пайдо кардан мусоидат мекард, ҳоло бар асоси қоидаҳои нав, аз соли 2019 чунин имкон дигар вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, барои он, ки буду боши як омада комилан асоснок шавад, зарур аст, ки шиносномаи Русияро ба даст биоварад.

Ҳама мехоҳанд, вале на ҳама имкон доранд

Доштани хона дар Маскав ва ё дар дигар шаҳрҳои бузурги Русия бо доштани шаҳрвандии Русия, барои бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муҳоҷират қарор доранд, дурнамои ҷаззобе бе ҳисоб меравад. Зеро он ҷо навобаста аз шароити сахт онҳо даромади доимӣ ва устувор доранд.

Бино дар яке аз деҳоти Чувашистон. Акс аз бойгонӣ.
Бино дар яке аз деҳоти Чувашистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар ҳамин ҳол, вазъи молиявии на ҳамаи муҳоҷирон ин имконро медиҳад. Амири 33-сола бо вуҷуди доштани шиносномаи Русия ва кор дар Маскав барои хариди хона дар Душанбе сармоя ҷамъ мекунад.

"Мехоҳам фарзандонам дар Ватан бузург шаванд ва худро одамони комилҳуқуқ эҳсос кунанд ва ҳар вақти, ки маблағи заруриро ҷамъ овардам, дарҳол дар Душанбе хона мехарам",-нақшаҳояшро бо мо шарик сохт Амир.

Агар қимати хонаҳоро дар пойтахтҳои Тоҷикистону Русия муқоиса кунем, тафовутро мебинем. Агар як хонаи якҳуҷраии миёна дар биноҳои панелии минтақаҳои наздики Маскавро бо 4 миллион рубл ё 519 ҳазор сомонӣ бихаранд, пас чунин хонаи якҳуҷраии васеътар дар биноҳои навсохти дорои зерсохтҳои пешрафта дар навоҳии марказии Душанберо мешавад бо 250-260 ҳазор сомонӣ дарёфт кард.

Маълум аст, ки орзуҳои муҳоҷирони миёнаҳол бо доштани маоши 25-35 ҳазоррублӣ бештар ба қимати хонаҳо дар Ватан наздиктар мебошанд.

Дар айни замон муҳоҷирони зодаи Тоҷикистон, ки солиёни зиёд дар қаламрави Русия ба сар мебаранд, ба орзуҳои худ як миқдор хушбинонатар менигаранд ва ин қисман аз сӯйи омори ширкатҳои бузурги риэлторӣ ва бонкҳои Русия таъйид мешавад.

Тоҷикистон дар Русия аз рӯйи шумораи муҳоҷирон баъди Украина ва Узбакистон ҷойи сеюмро мегирад. Тоҷикон 11,3% муҳоҷиронро дар Русия ташкил дорад. Дар се моҳи аввали 2018 барои кор ба хориҷ 109 ҳазору 53 зодаи Тоҷикистон рафтаанд, ки бештари онҳо -- 94 ҳазору 366 нафарашон мардҳо будаанд.

Аз рӯйи маълумоти интишоршуда дар соли 2017, ҷумҳурӣ ҷойи сеюмро дар миёни кишварҳое гирифт, ки аз ҳама бештар шаҳрвандонаш шаҳрвандии Русияро соҳиб шудаанд. Шумораи онҳо 29039 нафарро дар бар мегирад, ки дар муқоиса бо соли 2012 се баробар боло рафтааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG