Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Амрико бахши умдаи евробондҳои Тоҷикистонро харид


Акс аз бойгонист.

Бино ба гузоришҳо, Тоҷикистон бастаи дуввуми евробондҳои давлатиро бо маблағи ба 500 миллион доллар ба фурӯш гузоштааст.

Як манбаъ дар вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи 23-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бахши аъзами ин коғазҳои қимматнокро бунёди сармоягузории Меррил Линч, яке аз бунёдҳои маъруф дар Амрико харидааст.

Масъулони ин бунёд моҳи апрел барои барои ошноӣ бо вазъи иқтисодии кишвар ба Душанбе омада, аз ҷумла ба маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Роғун рафтаанд, ки замонате барои бозгардондани қарзҳост.

Меррил Линч яке аз бунёдҳоест, ки қисми зиёде аз евробондҳои Тоҷикистонро моҳи сентябри соли 2017 харид. Дигар харидорони евробондшо бунёдҳои сармоягузории Fidelity, Metlife, BNP Paribas, T.Rowe Price, Barings, Eaton Vance ва Danske шомиланд.

Тоҷикистон тирамоҳи соли гузашта бо фурӯши евробондҳо 500 миллион долларро ба муддати даҳ сол ба даст овард, ки баҳраи солонааш 7,125 дарсад аст. Мақомот гуфтанд, ки ин пул барои сохтмони нирӯгоҳи Роғун харҷ хоҳад шуд. Моҳи феврали имсол вазорати молия ҳам эълон кард, ки то кунун 65 миллион доллари онро дар бунёди Роғун сарф кардаанд.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик мегӯяд, фурӯши евробондҳо барои Тоҷикистон бисёр муҳим аст ва аз тарафи дигар имкон медиҳад, маблағҳо ҳадафмандона харҷ шаванд.

“Назорат бар ҷараёни сохтмони нерӯгоҳ сахттар хоҳад шуд, чунки барои бонкҳои хориҷӣ, сармоягузорон шеваи харҷи маблағ дар сохтмон муҳим аст ва онҳо ҳатман назорати ҷиддӣ хоҳанд бурд" - гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ

Аз сӯи дигар ба қавли коршинос, фурӯши коғазҳои қимматноки давлатӣ барои худи фондҳо ва сармоягузорони хориҷӣ аз назари обрӯву эътибор муҳим аст. Нерӯгоҳи Роғун яке аз тарҳҳои азими иқтисодии Тоҷикистон аст ва дар сурати такмил кишварро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин мекунад. Гузашта аз ин нерӯи барқе ки бояд дар он тавлид мешавад, барои таъмини қаламравҳои васеи Покистону Афғонистон, ки мӯҳтоҷи нерӯи барқ ҳастанд, кофист.

“Инро ҳам бояд гуфт, ки аз як тарафи дигар сармоягузорӣ дар як сохтмони муҳим барои бонкҳо ва фондҳо низ аз аҳамият холӣ набуда барои обрӯи онҳо дар оянда таъсири мусбат хоҳад дошт”- гуфт Парвиз Муллоҷонов.

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун қарор аст, охири имсол ба тавлиди нерӯи барқ оғоз кунад.
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун қарор аст, охири имсол ба тавлиди нерӯи барқ оғоз кунад.

Аммо ба назар мерасад, баъзе аз созмонҳои молии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд, аз қарори Тоҷикистон ва оқибатҳои фурӯши евробондҳо нигаронанд. Ба гуфтаи мутахассисони ин бонк, мумкин аст, бозгардонидани ин маблағҳои бузург барои Тоҷикистон, ки иқтисоди хурде дорад, мушкил шавад ва буҷаи кишварро зери фишор қарор бидиҳад.

Иқтисоддонҳо пешбинӣ кардаанд, ки Тоҷикистон бо гирифтани қарзи кӯтоҳмуддат аз фурӯши евробондҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистон худро дар ростои “риски бузург” қарор медиҳад.

Созмонҳои байналмилалӣ ва ё давлатҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон бо фоизи хеле аз ин пасттар, яъне аз 1 то 3 дарсад ба муҳлати дарозтар – то 20 сол қарз медиҳанд. Қарзи хориҷии Тоҷикистон айни замон 2,9 миллиард долларро ташкил медиҳад ва барои пардохти фоизҳои ин қарзҳо дар буҷети соли 2018 беш аз 1 миллиард сомонӣ ихтисос додаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG