Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ADB: Баргардондани баҳраи евробондҳо ба Тоҷикистон "вазнин меафтад". ВИДЕО


Прадип Шривастава

Бонки Осиёии Рушд (Asian Development Bank) мегӯяд, пардохти фоиз ё баҳраи евробондҳо ба иқтисоди Тоҷикистон гарон хоҳад афтод.

Тоҷикистон соли гузашта бо фурӯши евробондҳо 500 миллион долларро ба муддати даҳ сол ба даст овард, ки баҳраи солонааш 7,125 дарсад аст. Мақомот гуфтанд, ин пул барои сохтмони нирӯгоҳи Роғун харҷ хоҳад шуд. Моҳи феврал Вазорати молия низ эълон кард, ки то кунун 65 миллион доллари онро дар бунёди Роғун сарф кардаанд.

Прадип Шривастава, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе, рӯзи 28-уми феврал гуфт, Тоҷикистон барои фурӯши евробондҳо бо чунин шароит ночор буд. Ба қавли ӯ, ҳоло кишвар маҷбур аст, ҳар сол фақат барои бозпас додани фоизи евробондҳо аз буҷет 35 миллион доллар ҷудо кунад.

“Мо мефаҳмем, ки Тоҷикистон дар чунин шароит ночор буд. Дар раванди тасмимгирии ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора чанд масъалаи дигар низ матраҳ аст”, - афзуд Шривастава. Аммо ӯ “ночории ҳукумат” ва, ҳамин тавр, “масъалаҳои дигар”-ро шарҳ надод.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, маблағи аз фурӯши евробондҳо ба даст омада, аллакай дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун истифода мешавад. Вай афзуд, агар талабот ба ин евробондҳо пайдо шавад, ҳукумати Тоҷикистон омода аст миқдори изофии евробондҳоро ба фурӯш бароварад.

Фурӯши евробондҳои Тоҷикистон бо сарварии Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ, соли гузашта сурат гирифт ва як муваффақияти ӯ дар солҳои охир тавсиф мешавад. Аммо ба назар мерасад, баъзе аз созмонҳои молии байналмилалӣ аз оқибати пардохти ин маблағҳо бо фоизҳои гарон нигарон ҳастанд.

Тоҷикистон айни замон аз хориҷа тақрибан 2,9 миллиард доллар қарздор аст. Барои пардохти фоизҳои ин қарз кишвар дар буҷети соли 2018 беш аз 1 миллиард сомонӣ ҷудо кардааст, ки барои буҷети Тоҷикистон хеле зиёд аст. Барои мисол, ин маблағ наздик ба харҷи буҷет барои соҳаи тандурустӣ дар тамоми сол аст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон қарз намедиҳад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:13 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG