Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Евробондҳо – шикофи дигар дар кисаи нимахолии Тоҷикистон


Ба бозор баровардани евробондҳои Тоҷикистонро, ки Бонки миллӣ онро “як саҳифаи нав дар таърихи ташаккулёбии иқтисодиёти миллӣ” номида буд, дар як барномаи стратегии давлат “қарори санҷиданошуда” ва “бармаҳал” унвон шуд. Чун, ба гуфтаи муаллифони ин санад, қарзгирӣ бо ин шева барои давлат “хавфи баланд” дорад.

Тоҷикистон ният дорад, сохтмони як марҳилаи нерӯгоҳи Роғунро соли оянда ба поён расонад. Барои ин, таъҷилан маблағ зарур буд.

Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли равон коғазҳои қимматнок ва ё евробондҳоро, ки гардишашон 10-сола аст, бо арзиши 500 миллион доллар фурӯхт.

Бонки миллӣ маъракаи фурӯши коғазҳои қимматбаҳоро “бо муваффақият” ва “як саҳифаи нави таърихи ташаккулёбии иқтисодиёти миллӣ” унвон кард. Аммо дар “Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” гуфта мешавад, ки аввалан фоизи ин қарз бисёр баланд аст ва дувум муҳлаташ барои бозгардони қарз тӯлонӣ нест. Ин дар ҳолест, ки сомонӣ – пули миллии Тоҷикистон дар баробари арзҳои хориҷӣ қурби худро пайваста аз даст медиҳад ва дар сурати идомаи ин раванд сарбории бозгардони қарз вазнинтар мешавад.

Намояндаи Бонки Миллии Тоҷикистон, ки мо барои шарҳи ин мавзуъ ба онҳо муроҷиат кардем, гуфт, ки фурӯши евробондҳо масъулияти онҳо нест. Муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҳангоми гуфтушунидҳо оид ба фурӯши евробондҳо дар Лондон ба ҳайси раҳбари Гурӯҳи кории салоҳиятдор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ намудани фурӯши Евробондҳо иштирок дошт. Дар Вазорати молия суду зиёни фурӯши Евробондҳои Тоҷикистон, ки моҳи сентябр дар чаҳор шаҳри дунё – Лондон, Сюрих, Ню-Йорк ва Бостон сурат гирифт, таҳлил кардаст. Бо он ки муаллифони стратегия ду бартарии ҷалби қарзи евробондҳоро зикр кардаанд, аммо ҳамчунин аз паёмади ин гуна қарзгирӣ ҳушдор доданд.

Дар робита ба ду бартарӣ стратегҳои вазорат мегӯянд, аввалан харидорони Евробондҳо ба фарқ аз созмонҳои байналмилалӣ ҳангоми қарз додан дар назди ҳукумати Тоҷикистон шарт намегузоранд. Маъмулан созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли Бонки Ҷаҳонӣ ва ё Бонки Осиёии Рушд қабл аз ҷудо кардани қарз шарти ислоҳотро матраҳ мекунанд, ки барои Тоҷикистон чандон хушоянд нест.

Тоҷикистон бо фурӯши Евробондҳо 500 миллион долларо ба муддати 10 сол ба даст овард, ки баҳраи солонааш 7,125 дарсад аст.

Дувум, маблағ аз фурӯши Евробондҳо зуд ба суратҳисоби ҳукумати Тоҷикистон мерезад ва ба траншҳо ҷудо намешавад. Созмонҳои байналмилалӣ танҳо баъд аз иҷрои шарташон аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон ба кишвар пул медиҳанд.

Вале дар идома муаллифони ин стратегия навиштаанд, баҳраи Евробондҳо ба фарқ аз қарзҳои созмонҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон боимтиёз нест.

Тоҷикистон бо фурӯши Евробондҳо 500 миллион долларо ба муддати 10 сол ба даст овард, ки баҳраи солонааш 7,125 дарсад аст.

Созмонҳои байналмилалӣ ва ё давлатҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон бо фоизи хеле аз ин пасттар, яъне аз 1 то 3 дарсад ба муҳлати дарозтар – то 20 сол қарз медиҳанд.

Дар хулоса таҳиягарони ин стратегия навиштаанд, ки Тоҷикистон бо гирифтани қарзи кӯтоҳмуддат аз фурӯши Евробондҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистон худро дар ростои “риски бузург” қарор медиҳад.

Ҷамолиддин Нуралиев
Ҷамолиддин Нуралиев

Фурӯши Евробондҳои Тоҷикистон бо сарварии Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ, сурат гирифт, ки як муваффақияти беназири ӯ дар солҳои охир тавсиф мешавад. Аммо ба назар мерасад, Вазорати молия аз оқибати пардохти ин маблағҳо бо фоизҳои гарон нигарон аст.

Тоҷикистон айни замон аз хориҷа 2 миллиарду 803 миллион доллар қарздор аст. Барои бозгардон ва пардохти фоизҳои ин қарз кишвар дар буҷети соли 2018 ҳудуди 1 миллиарду 220 миллион сомонӣ, муодили 138 миллион доллар ҷудо кард, ки барои буҷети Тоҷикистон хеле зиёд аст. Барои мисол, ин маблағ баробар ба масрафҳои буҷет барои соҳаи тандурустӣ дар тамоми сол аст.

Нурмуҳаммад Сафарзода, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, командаи Ҷамолиддин Нуралиев дар ҳоле ба кишвар 500 миллион доллар қарз ҷалб кард, ки ҷумҳурӣ ба он сахт ниёз дошт. Ӯ гуфт, “Тоҷикистон ният дорад, сохтмони як марҳилаи нерӯгоҳи Роғунро соли оянда ба поён расонад. Барои ин, таъҷилан маблағ зарур буд. Музокироти кишвар барои ҷалби ин миқдор маблағ аз Сандуқи байналмилалии пул самар надод. Кишварҳои хориҷӣ ба мисли Чин ва созмонҳои дигари байналмилалӣ ҳам омода набуданд, бидуни қайду шарт ба кишвар чунин маблағ диҳанд. Дар ин шароит ягона роҳи мумкин фурӯши Евробондҳо буд. Ҳарчанд баҳраи ин қарзҳо хеле баланд аст ва кишвар онро бо фоизҳояш бояд баргардонад.”

Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, айни замон вазифаи рақами яки давлат харҷи пурсамари ин маблағҳо барои бунёди бомуваффақи Роғун аст. То ки кишвар аз фурӯши барқ ин маблағҳоро ҷамъ карда, бо фоизҳояш ба харидорони Евробондҳо баргардонад.

“Дар сурати таъхир дар пардохти маблағи Евробондҳо ва фоизҳояш ба кишвар дефолт таҳдид мекунад”, - хулоса кард ин иқтисоддон.

XS
SM
MD
LG