Пайвандҳои дастрасӣ

"Роуд-шоу" – Вомбаргҳои Тоҷикистон дар 4 шаҳри бузурги дунё


Евробондҳо (вомбарг ё коғази қиматнок)-и давлатии Тоҷикистон аз 31-уми август дар чаҳор шаҳри бузурги дунё – Ню Йорк, Бостон, Сюрих ва Лондон – ба маърази сармоядорон ва харидорони эҳтимолӣ гузошта хоҳад шуд. Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ба сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун ба миқдори 500 миллион доллар вомбаргҳои давлатиро нашр кард, ки мӯҳлати гардишашон 10 сол аст. “Роуд-шоу” ё муаррифии вомбаргҳои Тоҷикистон ба сармоягузоронро ду бонки ҷаҳонӣ Citi-и Амрико ва Raiffeisen Bank International ташкил мекунанд.

  • Роуд-шоу як маъракаи муҳими қабл аз ба биржа баромадани вомбаргҳои давлатӣ аст ва ин маърака аз 31-уми август то 6-уми сентябр идома мекунад.
Барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун тақрибан 4 миллиард доллари амрикоӣ зарур аст.

Пас аз маъракаи муаррифӣ ба харидорони эҳтимолӣ, биржаи аслии фурӯши вомбаргҳои Тоҷикистон – биржаи Люксембург – хоҳад буд. Бар асоси маълумотномаи ибтидоии ин вомбаргҳо ва ё пропектерс, ки нусхааш дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор дорад, ҳуқуқи харидорони ин вомбаргҳо бар асоси қонунгузории аёлати Ню-Йорки Амрико танзим хоҳад шуд.

Давлати Тоҷикистон барои сармоягузории муҳимтарин тарҳаш – нерӯгоҳи Роғун тасмим гирифт 1 миллиард доллар коғазҳои қимматнок ва ё вомбаргҳои давлатӣ нашр кунад. Дар даври нахустин 500 миллион доллари ин вомбаргҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Порлумони Тоҷикистон рӯзи 21-уми июл ба нашри ин коғазҳои қимматнок раъйи мусбат дод.

Бинои Вазорати молияи Тоҷикистон
Бинои Вазорати молияи Тоҷикистон

Ҷамшед Нурмуҳаммадиён, муовини вазири молияи Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии қарори ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ”, дар иҷлосияи порлумон гуфт, нашри коғазҳои қиматноки давлатӣ таҷрибаи нахустини кишвар ба шумор меравад. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз ин иқдоми давлати Тоҷикистон, ҷалби сармоя тавассути бозорҳои байналмилалии молиявӣ барои бунёди нерӯгоҳи Роғун аст.

  • Вомбаргҳои давлатӣ як намуди коғазҳои қиматноке ҳаст, ки бо кафолати давлат ва ба муҳлати муайян ба фурӯш гузошта мешавад. Вомбаргҳо баҳраи муайяншуда низ доранд ва бо анҷоми муҳлат давлат вазифадор аст, маблағи вомбаргҳоро бо баҳрааш ба харидорон бозпас диҳад.

Мақомоти Тоҷикистон дар мавриди баҳра ва ё суди вомбаргҳо чизе нафгуфтанд. Танҳо маҷаллаи бритониёии Financial Times дар як матлабаш дар ин робита навишт, чанде пеш Белорус бо фурӯши вомбаргҳои 10-сола 1,4 миллиард доллар ҷалб кард, ки баҳраашон 7,62 дарсад буданд. Муаллифони матлаб гуфтанд, ба эҳтимоли зиёд баҳраи вомбаргҳои Тоҷикистон дар ҳамин сатҳ, яъне 7,62 дарсад хоҳад буд.

Барои бунёди нерӯгоҳи Роғун тақрибан 4 миллиард доллари амрикоӣ зарур аст. Бино ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, аз тариқи фурӯши саҳмияҳои ин нерӯгоҳ ба мардум беш аз 80 миллион доллар ба даст омада ва ҳамчунин, барои идомаи корҳои сохтмонӣ дар ин тарҳ, дар соли ҷорӣ аз буҷети Тоҷикистон ҳудуди 2 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст.

Вале ба гуфтаи масъулони ҳукумати Тоҷикистон, барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба маблағҳои бештар ва сармояи хориҷӣ ниёз вуҷуд дорад. Ба бозори байналмилалӣ баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ, аз ҷумлаи тадбирҳо барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба ин нерӯгоҳ унвон шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 1 июли соли 2016 бо ширкати итолиёии "Салини Импреҷило С.п.А." (Salini Impregilo SpA) созишнома имзо кард. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, маблағи умумии ин созишнома 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад. Танҳо маблағи сохтмони садди асосии нерӯгоҳ ба 1 милларду 950 миллион доллар ҳисоб шудааст.

Худи садди Роғун бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон мешавад. Нерӯгоҳи Роғун шаш турбинаи 600 мегаватӣ хоҳад дошт ва бо тавоноии 3600 мегават қудратмандтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG