Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони садди асосии Роғун шурӯъ мешавад. Марҳилаи аввал ба поён расид


Дар Тоҷикистон сохтмони қисмати поёнии сарбанди нерӯгоҳи Роғун ба поён расидааст, ки анҷоми як марҳилаи муҳими сохтмони бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Шурӯи садди асосӣ ​

Қарор аст, қисмати аввали садди асосии нерӯгоҳи Роғун моҳи июли соли 2018 ва апрели соли 2019 такмил шавад ва иҷоза бидиҳад, ки ду трубинаи нерӯгоҳ ба истеҳсоли нерӯи барқ шурӯъ кунанд в

Як манбаъ дар ҷамъияти саҳомии “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” рӯзи 15-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкати итолиёии “Салини Имперҷило” қисмати поёнии садди рахнанопазирро, ки 35 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, бо истифода аз 2.7 миллион метри мукааб сангреза бунёд кардааст.

Ҳадаф аз такмили ин қисмати садд, комилан бастани маҷрои оби рӯдхонаи Вахш аст, ки дар фасли тобистон сероб мешавад. Акнун маҷрои Вахшро аз тариқи ду нақб ба самти чапи водӣ ҷорӣ кардаанд, то “коргарон тавонанд, ба бунёди шурӯи садди асосӣ дар бистари хушки рӯдхона шурӯъ кунанд.”

Маҳалли сохтмони Роғун
Маҳалли сохтмони Роғун

Қудратмандтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ

Давлати Тоҷикистон моҳи октябри соли 2016 бо баргузории як маросими бошукӯҳ ва бо ҳузури раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон маҷрои рӯдхонаи Вахшро баст. Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ки тарҳи тақрибан 4 миллиард долларӣ дар Тоҷикистон аст, дар сурати такмил истеҳсоли нерӯи барқ дар кишварро ду баробар бештар мекунад.

Худи садди Роғун бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон мешавад. Нерӯгоҳи Роғун шаш турбинаи 600 мегаватӣ хоҳад дошт ва бо тавоноии 3600 мегават қудратмандтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ мешавад.

Қарор аст, қисмати аввали садди асосии нерӯгоҳи Роғун моҳи июли соли 2018 ва апрели соли 2019 такмил шавад ва иҷоза бидиҳад, ки ду трубинаи нерӯгоҳ ба истеҳсоли нерӯи барқ шурӯъ кунанд ва ниёзи дохилии Тоҷикистон ба нерӯи барқро бароварда созанд.

Мардуми ташнаи барқ

Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки онро Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳаёту мамоти Тоҷикистон номидааст, солҳои Шӯравӣ шурӯъ шудааст. Ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ҳукумати Тоҷикистон натавонист, онро такмил кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шурӯъ кард.

Кишварҳои поёноб мегуфтанд, ки дар сурати бастани маҷрои Вахш барои кишту кор оби кофӣ нахоҳанд ёфт. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, оби обанбори Роғун ба тадриҷ ва дар муддати беш аз як даҳсола ҷамъ мешавад ва ҳеҷ яке аз кишварҳои поёноб аз об танқисӣ нахоҳанд кашид, зеро маҷро бетағйир мемонад.

Мардуми Тоҷикистон солҳост, ки ба сабаби истеҳсоли нокофии нерӯи барқ зимистону тирамоҳ дар соатҳои муайян нерӯи барқ мегиранд.

XS
SM
MD
LG