Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулони Вазорати энержӣ ва захираҳои об гуфтанд, ки Тоҷикистон талош дорад, дар бозори фурӯши барқи минтақа ҷойи пояшро пайдо кунад. Баъд аз шурӯи сохтмони нирӯгоҳи Роғун дар охирҳои соли гузашта, мақомот умед доранд, ниҳоят нақшаи таъмини бе танаффуси аҳолӣ бо барқ ва имкони содироташ ба хориҷа ба як кори маъмулӣ табдил хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир, танҳо дар фасли тобистон нерӯи барқи изофӣ аз тариқи хатти интиқоли барқи 220-киловаттаи Сангтӯда-Пули Хумрӣ ба Афғонистон ва аз шимоли Тоҷикистон ба Қирғизистон содир мешавад.

Тоҷикистон соли 2016 бо ширкати итолиёии "Салини Импреҷило С.п.А." (Salini Impregilo SpA) қарордоди чандмиллиардолларии бунёди Роғунро имзо кард ва ҳамин ширкат бунёди садди обанбори нерӯгоҳро бар ӯҳда гирифтааст.

“Тоҷикистон соли 2020 ба истиқлоли энержӣ хоҳад расид”

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захираҳои об, рӯзи 24 январ гуфт, дар сурати ба кор даромадани ду чархаи аввали Роғун ва бунёди нерӯгоҳҳои миёна имкон дорад, дар соли 2020 Тоҷикистон ба истиқлоли энержӣ даст ёбад. Охири соли гузашта пеши дарёи Вахш баста шуда ва бунёди садди нерӯгоҳи Роғун оғоз гардид.

Навори видеоӣ инҷост:

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 22 декабри соли гузашта, ҳангоми ироаи паёми солонааш ба порлумону мардуми Тоҷикистон гуфт, “дар соли 2018 чарха ё агрегати нахустини ин нерӯгоҳ ба кор даромада ва пас аз се сол истиқлоли энержӣ таъмин хоҳад шуд”. Нерӯгоҳи Роғун аз шаш агрегат иборат буда, дар сурати пурра ба кор даромаданаш то 17 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, натанҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои интиқол ба минтақаҳое дар Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд. Бар асоси нақша, чархаи аввал ва дувуми нерӯгоҳи Роғун дар солҳои 2018 ва 2019 фаъол шуда, чархаҳои дигар марҳила ба марҳила ба кор андохта мешаванд.

“Шӯрообод”, “Санобод”...

Тоҷикистон соли 2016 бо ширкати итолиёии "Салини Импреҷило С.п.А." (Salini Impregilo SpA) қарордоди чандмиллиардолларии бунёди Роғунро имзо кард ва ҳамин ширкат бунёди садди обанбори нерӯгоҳро бар ӯҳда гирифтааст. Усмоналӣ Усмонзода гуфт, “ҳоло дар канори бунёди нерӯгоҳи бузурги барқи обии Роғун тарҳҳои сохтмони нерӯгоҳи “Шӯрообод” бо тавоноии 1000 мегават ва “Санобод” дар дарёи Панҷ, дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон омода шудаанд”.

Ҳамчунин, дар ҷараёни дидори раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Ҳинд дар моҳи декабри соли 2016 мавзӯи сохтмони “Нуробод-1”, “Нуробод-2” ва “Фондарё” баррасӣ шудааст. Гуфта мешавад, иқтидори нерӯгоҳи барқи оби “Нуробод - 1” - 400 МВт, “Нуробод - 2” - 520 МВт ва “Фондарё” - 135 МВт - ро ташкил медиҳад.

Мақомоти Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯянд, дар сурати бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон мавсум ба CASA-1000 Тоҷикистон метавонад ба бозори фурӯши неруи барқи Осиёи Ҷанубӣ роҳ ёбад.

CASA – 1000 – роҳ то Осиёи Ҷанубӣ

Маросими оғози сохтмони CASA - 1000. Баҳори соли 2016
Маросими оғози сохтмони CASA - 1000. Баҳори соли 2016

Мақомоти Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯянд, сохтмону мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон, маъруф ба тарҳи CASA-1000, роҳи Душанберо ба бозори фурӯши нерӯи барқи Осиёи Ҷанубӣ ҳамвор хоҳад кард.

Бино ба маълумоти вазорат, ҳафтаи гузашта дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб масъулони вазоратҳои энержии Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон дидор карда ва роҳҳои татбиқи тарҳи CASA-1000-ро баррасӣ кардаанд. Ин манбаъ гуфт, бар асоси озмун ё тендер ду ширкати ҳиндӣ ба бунёди зеристгоҳҳо дар Афғонистон шурӯъ кардаанд. Корҳои сохтмониро дар ҳудуди Афғонистон Бонки Ҷаҳонӣ сармоягузорӣ карда ва дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Покистон ин нақшро Бонки рушди исломӣ иҷро хоҳад кард.

Дар назар аст, дар марҳилаи аввали бунёди CASA-1000 хатти интиқоли нерӯи барқи 500-киловаттӣ аз Даткаи Қирғизистон то Хуҷанди Тоҷикистон сохта ва системаи энержии ин ду кишварро ба ҳам пайваст кунад. Сипас, аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва тавассути ин кишвар ба шаҳри Пешовар дар шимоли Покистон хатти интиқоли нерӯи барқ бунёд хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG