Пайвандҳои дастрасӣ

Дар соли 2016 дар маҳали сохтмонҳо ва корхонаҳои саноатӣ 33 ҳодисаи нохуш рух дода, дар онҳо 21 нафар ҷон бохтаанд. Дар ин бора 13 январ дар нишасти матбуотии Хадамоти давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон эълон карда шуд.

Ҳодисаҳои нохуш дар корхонаҳои муштарак

Ба гуфтаи мақомоти ин Хадамот, бештаре аз ин ҳодисаҳои нохуш ба фаъолияти корхонаҳои муштарак бо Чин ва барои истихроҷи маъдан ва ширкатҳои марбут ба Эрон рух додаанд. Ба иттилои вай, чунин ҳодисаҳо дар корхонаҳои “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”, ширкати “Пакрут” ва чанд ширкат бо сармоягузории Эрон ба мисли ширкатҳои “Умрон Морун”, “Обшорон” ва “Туннел садди Ориёно” ва “Гушикай ЛТД”, рух додаанд.

Давраҳои омӯзишӣ барои пешгирӣ аз "нохушиҳо"

Ба ин далел, масъулони ин ниҳод тасмим гирифтаанд дар маҳалли сохтмонҳои азим ва истихроҷи маъдан, давраҳои омӯзиши баргузор кунанд. Раҳим Санъат Асо, раиси Хадамоти давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора гуфт: "Дар соли гузашта дар маҳалли ин сохтмонҳо ҳудуди 300 ҷаласа баргузор карда шуд. Чунин ҷаласаҳо дар Исфара, Панҷакент ва Роғун барпо карда шуданд. Дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун давраҳои омӯзишии нақбканҳо баргузор шуд, ки дар онҳо 257 нафар коргарон ва муҳандисон ширкат карданд. Дар ҳодисаҳои нохуши марбут ба ширкатҳои чинӣ, 8 нафар бо шумули як шаҳрванди Хитой ҷон бохтанд."

18 ҳодисаи нохуш дар Роғун

Аммо Аламзода Исроил Бобо, муовини аввали раиси ин ниҳод дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар соли гузашта дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун 18 ҳодисаи нохуш рух дода, ду коргари он дар ин ҳодисаҳо фавтидаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Аламзода, сабаби асосии рух додани ин ҳодисаҳои нохуш, риоя накардани меёрҳои бехатарии корҳо аз сӯйи худи коргарон ва масъулони корхона мебошад.

Вай афзуд: "Асосан коргарон ва муҳандисон қоидаҳои бехатарии корҳои сохтмониро риоя намекунанд. Мо мушаххас кардем, ки дар ҳар ду ҳолати фавт дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун, коргарон бидуни қамарбанд кор мекарданд ва маҳалли кори онҳо бо панҷара иҳота нашуда буд."

Гунаҳкорон муҷозот шуданд

Ҷаноби Аламзода афзуд, ки ҳамаи ҳолатҳои фавти коргарон дар саноат ва кӯҳканӣ аз тарафи додситонҳои маҳаллӣ таҳқиқ шуда, афроди гунаҳгор ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ба иттилои ҷаноби Аламзода, баъд аз қабули Кодекси нави меҳнат дар Тоҷикистон дар нимаи соли гузашта, ҳамакнун барои осебдидаҳо дар маҳалли кор 12 музди меҳнат ва ба хонаводаҳои фавтидагон 60 маоши ин корманд пардохт карда мешавад.

Осебдидаҳо ва дарёфти кӯмак

Аммо Суҳайлӣ Назиров, муҳандиси ҷавони тоҷик, ки соли 2010 дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун маъюб шуда буд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки танҳо ду соли охир тавонистааст аз давлати Тоҷикистон кӯмакпулӣ дарёфт кунад.

Вай гуфт: "Ман аз баландие афтода, пой, даст ва манаҳам шикаста буд. Дар бемористон тӯлонӣ табобат гирифтам. Аммо ҳоло дигар наметавонам кор кунам ва маъюб шудаам. Дар ду соли охир ҳукумат бароям моҳе 840 сомонӣ нафақапулӣ медиҳад. Ҳарчанд вакили дифои ман гуфта буд, ки имкон дорад маблағи бештаре бароям бидиҳанд."

Дар ҳамин ҳол Аламзода Исроил, муовини раиси Хадамоти давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон аз ироаи омори дақиқи коргарони машғули бунёди нерӯгоҳи Роғун худдорӣ кард, аммо гуфт, ки агар соли 2015 дар маҳалли сохтмони ин нерӯгоҳ 26 ширкат фаъолият дошта бошанд, дар соли 2016 миқдори он ба 59 адад расидааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG