Пайвандҳои дастрасӣ

Э.Раҳмон: Соли 2017 дар Тоҷикистон “марҳилаи нави рушд” хоҳад буд. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – соли 2017-ро “оғози марҳилаи нави рушд” барои кишвар номид ва аз мардум хост, ки дар вазъи мушкили ҷаҳону минтақа “беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу ҳушёр бошанд”. Ӯ чанд лаҳза қабл аз фаро расидани соли нави милодӣ гуфт, “умед дорам, 2017 соли амалишавии орзуву мақсадҳои неки давлату миллати тоҷик мегардад ва мардуми шарифи мо дар самти рушд ва ободиву бунёдкорӣ бо қадамҳои устувор пеш мераванд.”

Дар соли оянда ҳам умеди хушҳолкунанда нест. Ин раванд метавонад идома кунад.

Оқои Раҳмон дар ин сӯҳбаташ соли гузаштаро айёми пешрафтҳо тавсиф кард ва гуфт, ки мардуми Тоҷикистон дар соли оянда низ “ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон, таъмини амнияти давлат ва шарафу номуси ватандорӣ боз ҳам бештар заҳмат мекашанд, зеро ояндаи сарзамини биҳиштосоямон дар дасти онҳост... Зеро дастовардҳое, ки то имрӯз ноил шудаем, аз мо мебошанд.”

Нигоҳи Давлати Усмону Хуршеди Атовулло инҷост:

Аз шоки иқтисодӣ то соли душвортарини Тоҷикистон

​Аммо коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон соли 2016-ро бо бастаи мушкили иқтисодӣ ва маҳдудиятҳои сиёсиву озодии баён ба поён мебарад. Давлати Усмон, таҳлилгари тоҷик, як бахши соли 2016-ро барои мардуми Тоҷикистон “ҳолати шоки иқтисодӣ” донист. Вай гуфт, “соли 2015 ва қисме аз соли 2016 мардум дар ҳоли изтироб буданд ва танҳо охири сол маълум шуд, ки онҳо кам-кам аз ин бӯҳрон берун меоянд.”

Хуршеди Атовулло, раиси Шӯрои васоити ахбори умуми Тоҷикистон, соли 2016-ро “аз солҳои душвортарини даврони истиқлол” ном бурд ва гуфт, ки дар ин сол бӯҳрон натанҳо ҷайби сокинонро холӣ кард, балки миёни чанд нашрияро ҳам шикаст. Ӯ афзуд, дар ин сол “фирори мағзҳо”, аз ҷумла онҳое, ки барои адабиёту бахши рӯзноманигорӣ нақш доштанд, аз Тоҷикистон ба хориҷ афзудааст. “Ин рақам ба даҳҳо нафар мерасад. Дар соли оянда ҳам умеди хушҳолкунанда нест. Ин раванд метавонад идома кунад”, - таъкид дошт ӯ.

Назари Шокирҷони Ҳаким инҷост:

"Ошкорбаёнӣ набуд"​

Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон низ гуфт, дар ин сол дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоъ ва ошкорбаёнӣ камтар шудааст: “Шояд кафолати амният камтар шуд. Аммо бояд тадбирҳое андешид, ки озодии сухан, озодии баён ва фаъолияти нашрияҳои мухталиф, бахусус ғайридавлатӣ ҳамчун шарти муҳими амалӣ кардани ормони Қонуни асосӣ пазируфта шавад. Дар ин хусус иродаи сиёсӣ дар амал лозим аст.”

Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ аз он изҳори таассуф кард, ки дар муқоиса ба кишварҳои ҳамсоя Тоҷикистон имсол натавонистааст сармояи зиёди хориҷиро ба иқтисоди кишвар ҷалб кунад. “Новобаста аз мушкилӣ дар Русия, ки ба ҷайби муҳоҷирон ҳам таъсир гузошт, онҳо талош карданд, ба ватан пули бештар фиристанд ва иқтисоди хонаводаҳоро дар Тоҷикистон то қадри зарурӣ нигоҳ доранд”, - шарҳ дод ӯ.

Роғун ва беҳбуди равобит бо Узбакистон

Аммо бархе аз сокинон беҳбуди равобит бо Узбакистон ва оғози сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғунро аз ҳодисаҳои мусбату хотирмони соли гузашта ном бурданд. Амониддин, як сокини Суғд гуфт, беҳбуди равобит бо Узбакистон ба “ҷанги эълоннашуда” миёни ду ҳамсояи девор ба девор хотима гузошт ва умедро ба оянда бештар кард. Вай гуфт, “ҳамин беҳбуди равобит буд, ки Тоҷикистон бе дудилагӣ ва баҳсу кашмакаш ва бар асоси хулосаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ сохтмони садди обанбори Роғунро оғоз кард. Магар аз ин дида рӯзи хушӣ мешавад? Агар ин нерӯгоҳ ҳамон тавре ки мақомот мегӯянд, то ду соли дигар ба кор дарояд, хеле қоматамонро рост хоҳем кард.”

Равобити Тоҷикистону Узбакистон баъд аз марги Ислом Каримов дар моҳи сентябри соли гузашта ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар интихоботи моҳи декабри 2016 зоҳиран ба марҳилаи нав ворид шуд. Ҳоло Тоҷикистону Узбакистон барои азсаргирии парвозҳо тавофуқ карда, масъалаи таъину аломатгузории марзҳои ду кишварро низ баррасӣ намудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG