Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҷаи соли 2017 қабул шуд. Як доллар = нӯҳ сомонӣ. ВИДЕО


Порлумони Тоҷикистон қонуни буҷаи соли 2017-ро қабул кард. Коршиносон мегӯянд, чолиши асосии буҷаи соли оянда сохтмони нерӯгоҳи Роғун аст, ки бунёди сарбандаш охири моҳи октябри имсол шурӯъ шуд. Дар ин қонун бахши даромад дар ҳаҷми 19 миллиарду 568 миллион сомонӣ ва хароҷот дар ҳудуди 19 миллиарду 863 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳангоми баррасии тарҳи буҷаи соли оянда, аъзои порлумон аз мушкилоти калидии иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ёдовар шуда, онҳоро омили муҳими кундии рушди иқтисодӣ номбар карданд.

Абдусалом Қурбониён, вазири молия, рӯзи 16 ноябр ҳангоми муаррифии тарҳи буҷа гуфт, пешбиниҳо ин аст, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли оянда дар сатҳи 7 дарсад қарор хоҳад гирифт. Ба ҳар сурат, баҳсҳои асосии аъзои порлумон ҳангоми баррасии тарҳи қонуни буҷаи соли 2017 дар атрофи таъмини бахши даромад, пӯшондани касри буҷа ва дурнамои қурби пули миллии сомонӣ сурат гирифт. Ба гуфтаи вакилони порлумон, феълан бахши даромади буҷа асосан аз ҳисоби андоз ва боҷи гумрукӣ иҷро мешавад. Вале манбаъҳои андоз ҳамасола коҳиш меёбанд.

Як доллар = 9 сомонӣ?

Порлумон қонуни буҷаи соли 2017-ро қабул кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Тибқи пешбиниҳои имрӯза, касри буҷа дар соли оянда 0,5 дарсад ё 294 миллион сомониро ташкил медиҳад. Абдусалом Қурбониён, взаири молия гуфт, “касри буҷа аз ҳисоби хусусигардонии моликияти давлатӣ, ба фурӯш баровардани векселҳои хазинадорӣ ва дарёфти қарзу грант аз созмонҳои молии байналмилалӣ пӯшонда мешавад”. Бар асоси тарҳи буҷа, дар соли оянда арзиши як доллари амрикоӣ ба 9 сомонӣ ва 16 дирам баробар хоҳад шуд.

Коҳиши сармоягузорӣ ба Роғун

Абдусалом Қурбониён
Абдусалом Қурбониён

Давлати Тоҷикистон, ки ба танҳоӣ азми сохтмони нерӯгоҳи Роғунро кардааст, дар ҳоли ҳозир аз ҳисоби буҷа пардохт кардани хароҷоти ин сохмтони азимро надорад. Абдусалом Қурбониён дар нишасти хабарии охир гуфта буд, буҳрони иқтисодӣ дар пур кардани буҷа зарба задааст ва кишвар бинобар ин маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи Роғунро дар соли оянда то 1 миллиарду 380 миллион сомонӣ коҳиш хоҳад дод. Кишвар дар солҳои қаблӣ барои сохтмони ин нерӯгоҳ ҳудуди 2 миллиард сомонӣ ихтисос медод. Харҷи сохтмони ин нерӯгоҳ дар як сол ҳудуди 400 миллион доллар – муодили 3 миллираду 200 миллион сомонӣ гуфта мешавад, ки баробар ба шашяки буҷаи кишвар аст.

Иқтисодшиноси мустақил Зафар Абдуллоев мегӯяд, бо назардошти таҳаввулоти ахир дар Тоҷикистон бунёди нерӯгоҳи Роғун муҳим мешавад ва чолиши аслии буҷаи соли оянда ҳамин тарҳ хоҳад буд. Абдуллоев гуфт, “дар канори омилҳои хориҷӣ омилҳои дохилӣ, яъне, хароҷоти фавқулода (непрофилний) вуҷуд дорад. Ҳоло пеши дарё баста шуда ва сохтмони Роғун сар шуд. Ба назари ман, агар давлати Тоҷикистон сармоягузори хориҷиро пайдо накунад, барои сохтмони ин нерӯгоҳ маблағи зиёде аз буҷа масраф хоҳад шуд. Дар ин сурат бахши хароҷоти буҷаи соли ояндаи Тоҷикистон боз бештар хоҳад шуд.”

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев

Сохтмони сарбанди Роғун охири моҳи октябри соли ҷорӣ расман шурӯъ шуд ва ба баҳсҳои сиёсии атрофи зарурати ин тарҳ барои Тоҷикистон ва минтақа нуқта гузошт. Коршиносон мегӯянд, шурӯи бунёди ин тарҳ баъди он имконпазир шуд, ки зоҳиран мақомоти Тоҷикистон ва раҳбарияти нави Узбакистон баъди сари Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, дар ин масъала тавофуқ ҳосил карданд.

Таъсири омилҳои берунӣ

Дар ҳамин ҳол, ба эътиқоди коршиносон, омилҳои объективии берунию дохилӣ метавонад дар ҷараёни иҷрои буҷа таҳрир ворид кунад. Аз ҷумла, таҳримҳои Ғарбу Аврупо нисбат ба Русия дар ду соли пеш, ки боиси бӯҳрони иқтисодӣ шуд, аз омилҳои берунии таъсиргузор дар буҷаи Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Як паёмади ин таҳримҳо коҳиши ҷойҳои корӣ дар Русия ва кам шудани сафарҳои муҳоҷирони кории тоҷик ба ин кишвар бо ҳадафи дарёфти даромад гардид. Дар натиҷа, интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон 40 дар сад кам ва дар хонаводаҳои ин шаҳрвандон дар Тоҷикистон таъсиргузор шуд.

Гаронии андоз

Шукурҷон Зуҳуров
Шукурҷон Зуҳуров

Ҳангоми баррасии тарҳи буҷаи соли оянда, аъзои порлумон аз мушкилоти калидии иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ёдовар шуда, онҳоро омили муҳими кундии рушди иқтисодӣ номбар карданд. Гаронии андоз ва ҳам бӯҳрони бонкҳои тоҷик дар меҳвари ин нигарониҳо қарор дошт.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, дар кишварҳои дар ҳоли рушд соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ густариш ёфта ва бахши умдаи андоз низ аз ҳамин ҳисоб ба буҷа ворид мешавад. Аммо вазъ дар Тоҷикистон дигар аст. Ба гуфтаи ӯ, “ба соҳибкорон на танҳо кумак карда намешавад, балки барояшон мушкилоту монеаҳо эҷод шуда ва фаъолияташон қатъ мегардад”. Аз рӯи иттилои расмӣ дар Тоҷикистон фаъолияти 22 ҳазор соҳибкор қатъ шудааст.

Зуҳуров гуфт, "пас, аз куҷо ҷойи кору андоз мешавад? Бояд барои фаъолияти озоди соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам гардад". Гуфта мешавад, далели аз фаъолият бозмондани соҳибкорон дар канори зиёд будани андоз дарёфти қарз аз бонкҳо будааст.

...ва бӯҳрони бонкҳо

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон мушкили дарёфти қарзҳоро аз созмонҳои қарзии кишвар таъйид карда ва гуфт, тибқи арзёбии Бонки миллӣ дар соли ҷорӣ мизони додани қарзҳо 33 дарсад коҳиш ёфтааст. “Яке аз сабабҳо паст шудани пардохтпазирии аҳолӣ ва корхонаҳо аст. Пештар ташкилоти қарзӣ ба миқдори зиёд қарзҳои хурд медоданд, дар ду соли ахир додани ин гуна қарзҳо хел кам шудааст. Се бонке, ки ҳоло проблема доранд, додани қарзро кам кардаанд”, - афзуд ӯ.

Манзури Нурмуҳаммадзода бонкҳои “Тоҷиксодиротбонк”, “Тоҷпромбонк” ва “Агроинвестбонк” буд, дар соли ҷорӣ ба мушкили ҷиддии молӣ мувоҷеҳ шуда ва Бонки миллӣ дар ду бонки аввал раҳбарии муваққатӣ ҷорӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мавридҳои истифодаи ғайримуассир ва ғайримақсадноки маблағҳои буҷаро аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи иҷрои буҷаи давлатӣ хонд. Ӯ гуфт, ниҳодҳои марбута аз ошкор кардани чунин ҳолатҳо ва мусодираи даҳҳо миллион сомонӣ хабар дода, аммо баъдан маълум намешавад, ки чӣ миқдор аз ин маблағ ба буҷа баргардонда шуда ва нафарони гунаҳкор чӣ ҷазо гирифтаанд. Ӯ аз масъулони Палатаи ҳисоби Тоҷикистон хост, то иҷрои шаффофи буҷаро ҷиддан назорат карда ва аз ҳодисаҳои истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлатӣ ҷилавгирӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG