Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳинд дар Тоҷикистон се нерӯгоҳ месозад. САДО


Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ширкати "Ходайз групп Индастрис" Сиривас Ходай

Ҳиндустон барои сохтмони се нерӯгоҳ дар шарқу шимоли Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, барои мушаххас кардани ҷузъиёти тарҳи "Нуробод-1", "Нуробод-2" ва "Фондарё" коршиносон таҳқиқот анҷом хоҳанд дод.

Дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи “Фондарё” дар фарози рӯдхонаи Зарафшон мавзӯи Узбакистон низ матраҳ буд, ки ба сохтмони нерӯгоҳ дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ мухолифат мекард.

Хабари тавофуқ бо Ҳиндустон барои сохтмони се нерӯгоҳ "ҳосили" сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Ҳиндустон арзёбӣ мешавад. Дафтари матбуоти президент низ эълон кард, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба Ҳиндустон бо раиси ширкати "Ходайз групп Индастрис" Сиривас Ходай дидор анҷом дода, мавзӯи сохтмони “Нуробод-1”, “Нуробод-2” ва “Фондарё”-ро баррасӣ кардааст.

Ҳинд дар шарқу шимоли Тоҷикистон се нерӯгоҳ месозад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00
Линки мустақим

Манбаъ иттилои зиёде дар ин бора ироа накарда, вале навиштааст, иқтидори нерӯгоҳи барқи обии “Нуробод - 1” - 400 МВт, “Нуробод - 2” - 520 МВт ва “Фондарё” - 135 МВт - ро ташкил медиҳад. Коршиносон ва мақомоти тоҷик гуфтанд, ки то ҳол тарҳи дақиқи сохтмони ин нерӯгоҳҳо таҳия нашудааст ва маблағи зарурии сармоя барои иҷрои ин тарҳҳо дар даст нест.

Алмос Сайфуддинов, шореҳи иқтисодии Тоҷикистон дар интернет навиштааст, ҷониби Ҳиндустон аз 10 сол ба ин тараф талош мекард барои бунёди ин нерӯгоҳҳо иҷоза гирад ва ҳамакнун чунин тасмими сиёсӣ гирифта шудааст. Зимнан, мавзӯи сохтмони ин нерӯгоҳҳо дар шарқ ва шимоли Тоҷикистон аз чанд сол ба ин сӯ матраҳ аст, вале набудани сармоя дар иҷрои он монеъ мешуд.

Гузашта аз ин, дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи “Фондарё” дар фарози рӯдхонаи Зарафшон мавзӯи Узбакистон низ матраҳ буд, ки ба сохтмони нерӯгоҳҳо дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ мухолифат мекард. Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси масоили энержии Тоҷикистон, рӯзи 19 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои бунёди зарфияти 1 МВт-и нерӯгоҳҳо дар шароити кӯҳистонӣ дастикам 1 миллион доллар сармоя зарур аст. Дар ҳоле ки коршиносони ду кишвар тоза ба баррасии ҷузъиёти ин се тарҳ оғоз мекунанд, метавон тахмин зад, ки барои сохтмони ин се нерӯгоҳ беш аз 1 миллиард доллар маблағ зарур мешавад.

Ғуломиддин Сайфиддинов
Ғуломиддин Сайфиддинов

Сайфиддинов афзуд, бахши аслии ин маблағро ҷониби Ҳиндустон фароҳам мекунад ва тибқи маъмул давлати Тоҷикистон низ саҳмгузор хоҳад шуд. Аммо Ғуломиддин Сайфиддинов бо дарназардошти таҷрубаи Эрон дар сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” ва қарздории Тоҷикистон дар пардохти маблағи барқи истифодашуда тахмин мезанад, ки чунин мушкил метавонад дунболгири тарҳҳои энержии Ҳиндустон шавад.

"Ҳиндустон дар гузашта бо харҷи ҳудуди 20 миллион доллар мехост нерӯгоҳи “Варзоб-1”-ро бозсозӣ кунад. Вале то ҷое иттилоъ дорам, бештаре аз ин маблағ ба таври ғайримуассир истифода шудааст. Тарси ман ин аст, ки чунин ҳолат метавонад такрор шавад ва гузашта аз ин, минбаъд ҷониби Ҳиндустон дар бозпас гирифтани маблағҳои сармояи худ дучори мушкил хоҳад шуд", – афзуд ӯ.

Маҷрои дарёи Вахшро ба хотири сохтмони Роғун дар охири октябри имсол дигар карданд
Маҷрои дарёи Вахшро ба хотири сохтмони Роғун дар охири октябри имсол дигар карданд

Дар сурати сохтмони нерӯгоҳи Фондарё ин дувумин нерӯгоҳ дар шимоли Тоҷикистон баъд аз нерӯгоҳи Қайроққум хоҳад буд. Бештаре аз соҳибназарон мегӯянд, дар сурати иҷрои тарҳҳои энержии Ҳиндустон дар Тоҷикистон, мушкили камбуди нерӯи барқ дар фасли сармо дар кишвар то ҷое ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Зеро, сокинони кишвар метавонанд бо нерӯи барқ ба пуррагӣ дар фасли сармо танҳо баъд аз фаъол шудани нерӯгоҳи Роғун таъмин карда шаванд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG