Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Роҳи наҷот”-и Тоҷикистонро тармим мекунанд


Тоҷикистон барои таҳқиқу лоиҳакашии марҳалаи навбатии бозсозии роҳи Ваҳдат - Рашт – Ҷиргатол - марзи Қирғизистон озмун эълон кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон барои интихоби ширкатҳои довталаб ҷиҳати таҳқиқ ва лоиҳакашии як роҳи муҳим, ки кишварро ба Қирғизистон мепайвандад, озмун эълон кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, дар сурати таъмиру бозсозии роҳи Ваҳдат - Рашт – Ҷиргатол - марзи Қирғизистон, ба тиҷорати минтақавӣ, офаридани ҷойҳои корӣ, коҳиши вақту қиммати интиқоли молу коло, амнияти ҳаракат дар роҳҳо ва дар маҷмӯъ беҳтар шудани зиндагии сокинони навоҳии сари роҳ мусоидат мекунад.

Иброҳим Раҷабзода, намояндаи Гурӯҳи иҷрои барномаҳои иншооти гидроэнергетикии тобеи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 11-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, харҷи таҳқиқу кашидани лоиҳаи тармиму бозсозии роҳ аз ҳисоби буҷаи давлат сурат мегирад: “Корҳои таҳқиқу лоиҳакашӣ аз ҳисоби худи буҷети кишвар мешавад. Мо лоиҳаро таҳия ва пешниҳод мекунем ва баъд маълум мешавад, ки сармоягузорӣ хориҷӣ мешавад ва ё ватанӣ ва баъд сохтмонро оғоз мекунем. Ин як роҳи стратегӣ, роҳи дохилии ҷумҳурӣ ва ояндааш байнидавлатӣ мешавад.”

Бар асоси пешбиниҳои мутахассисони тоҷик, корҳои таҳқиқотӣ ва таҳияи лоиҳаи роҳ бояд то нимаи соли 2016 ба анҷом бирасад ва ширкатҳои роҳсозиву лоиҳакашӣ, ки ба ин тарҳ рағбат доранд, бояд то 20 августи имсол ба Гурӯҳи иҷрои барномаҳои иншооти гидроэнергетикии тобеи раиси ҷумҳури Тоҷикистон санадҳои ширкат дар озмунро пешниҳод намоянд.

Ба гуфтаи Иброҳим Раҷабзода, дари озмун ба рӯи ҳама боз аст ва ширкатҳои дохилӣ ва хориҷие, ки таҷрибаи таҳқиқу лоиҳакашии роҳҳоро доранд, метавонанд, дар озмун ширкат кунанд. Дар марҳилаи аввал қитъаи 86 километрии роҳ тармим мешавад, ки бахше аз шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Ҷиргатол, як роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ бо тули бештар аз 400 километр дар Тоҷикистон аст.

Роҳи мазкур имкон медиҳад, интиқоли моли Тоҷикистон бидуни убури қаламрави Узбакистон аз тариқи Қирғизистон ба Қазоқистон ва сипас ба Русияву Аврупо зиёдтар шавад ва дар оянда роҳи оҳане ҳам дар ин самт бикашанд. Қисмати зиёде аз шоҳроҳи Душанбе – Рашт - Ҷиргатолро бо кӯмаки бештар аз 60 миллион долларии Бонки осиёии рушд ва дигар муассисаҳои байналмилалии молӣ ҳамвору тармим карданд, вале қисмате аз ин роҳ, ки аз шаҳраки Обигарм шурӯъ шуда ва то ноҳияи Нуробод мерасад, ҳанӯз роҳи ноҳамвор ва сангӣ аст.

Амрулло Соҳибов, як сокини ноҳияи Ваҳдат, ки чанде пеш ба Рашт сафар кардааст, мегӯяд, дар ин қисмати роҳ вақти зиёде сарф мешавад ва агар мошинатон хуб набошад, аз тариқи он ҳаракат накунед: “Бисёре аз қисматҳои роҳ ҳамвор ва бисёр хуб аст, вале тақрибан 30 километри он роҳи сангӣ ва асфалтпӯш ношудааст. Барои мошинҳо, бахусус мошинҳои кӯҳна, ки дар Тоҷикистон зиёд аст, ҳаракат дар ин роҳ бад аст, чун мумкин аст, шикананд ва вайрон шаванд. Хуб мешуд, агар ин қисмати роҳро ҳам зудтар таъмир кунанд.”

Айни замон ба гуфтаи Бонки Осиёии Рушд, баъзе аз қисматҳои роҳи Душанбе-Ваҳдат – Рашт - Ҷиргатол, дар натиҷаи фалокатҳои табиӣ хароб шудаанд. Гузашта аз ин зиёд шудани ҳаракати нақлиёт ҳам пеш аз муҳлат вазъи қисматҳое аз роҳи мазкурро бадтар кардааст. Вале бо вуҷуди ин ба ҳисоби мутахассисони Бонки осиёии рушд, ин роҳ имкон додааст, ки табодули молу коло миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз 27 ҳазор тоннаи соли 2006 ба 250 ҳазор тонна дар соли 2015 бирасад. Дар ин муддат табодули молу коло байни Чину Тоҷикистон аз 14 ҳазор тоннаи соли 2006 ба 1 миллион тонна дар соли 2015 расидааст ва аз ин роҳ ним миллион тонна молу колои чинӣ ба Афғонистон рафтааст.

Ба гуфтаи мутахассисон, то соли 2008-уми сатҳи асфалтии 75 дарсади роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон қисман, ё комилан аз байн рафтаанд ва суръати ҳаракати мошинҳо дар тақрибан 50 дар сади роҳҳо фақат 35 километр дар як соатро ташкил медод. Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, дар тули солҳои истиқлол 1700 километр роҳҳои нав сохта ва ё роҳҳои куҳнаро тармим кардааст ва азм дорад, бар асоси Стратегияи миллии нақлиётӣ то соли 2025 бо харҷи тақрибан 900 миллион доллар, 4165 километр роҳҳои нав бисозад. Яке аз тарҳҳои нақлиётии муҳиме, ки ҳанӯз рӯи коғаз аст, сохтани роҳи оҳани Ваҳдат- Қарамиқ дар марзи Қирғизистон аст, ки 296 километрро ташкил медиҳад ва барои он тахминан 3 миллиарду 200 миллион доллар зарур мешавад.

Аммо ин як барнома аст ва ҳоло Тоҷикистон ҳамчунон пойбанди роҳҳои транзитии Узбакистон боқӣ мемонад, ки гоҳо ин роҳҳоро мебандад ва гоҳе мекушояд. Чанде пеш мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки аз Узбакистон тақозо кардаанд, қитъаи роҳи оҳани Тирмиз - Амузанг қисматҳои ҷанубии Тоҷикистону Узбакистонро мепайваст ва роҳи транзитӣ барои бузургтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистон - Хатлон маҳсуб мешуд, барқарор кунад. Содироти пахта ба хориҷи кишвар ва воридоти масолеҳи сохтмонӣ ва муҳимтар аз он, маводи ғизоӣ ба қаламрави вилояти Хатлон маҳз тавассути ин қитъаи роҳи оҳан сурат мегирифт ва ҳоло истифода аз роҳҳои дигари ҳамлу нақл даҳҳо ҳазор доллар хароҷоти изофиро дар бар мегирад.

XS
SM
MD
LG