Пайвандҳои дастрасӣ

Барои сохтмони Роғун тақрибан 2 млрд сомонӣ ҷудо шуд


Имсол барои сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун аз буҷаи кишвар тақрибан 2 миллиард сомонӣ пул ҷудо карда шудааст.

Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 28-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, музокирот барои ҷалби 500 миллион доллар аз тариқи ба муомила баровардани евробондҳо низ идома дорад.

Нирӯгоҳи Роғун аз шаш агрегат иборат буда, дар сурати пурра ба кор даромаданаш то 17 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, натанҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои интиқол ба минтақаҳое дар Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд.

Бар асоси нақша, чархаи аввал ва дувуми нерӯгоҳи Роғун дар солҳои 2018 ва 2019 фаъол шуда, чархаҳои дигар марҳила ба марҳила ба кор андохта мешаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG