Пайвандҳои дастрасӣ

Суоли сармоядорон аз ҳайати Тоҷикистон дар Лондон чӣ буд?


Азамат Султонов

Талабот ба коғазҳои қимматноки Тоҷикистон дар як ҳафтаи намоиш ба сармоягузорон дар хориҷа то ба 4,5 миллиард доллар расидааст. Коғазҳои қимматноки Тоҷикистон ваё евробондҳо аз 31-уми август то 6-уми сентябр дар чаҳор шаҳри бузурги дунё – Лондон, Сюрих, Ню-Йорк ва Бостон – ба сармоягузорон муаррифӣ карда шуд.

Саволи аз ҳама асосии сармоядорон ба ҳайати Тоҷикистон ин буд, ки чӣ гуна кишвар мушкили дефитсит ваё камомади буҷетро пур карданист? Чунки дефитсит наздик ба 36 миллион доллар буда, ба 0,5 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ВВП) баробар аст.

Масъули ташкили муаррифии коғазҳои қимматнок ва ё “роуд-шоу” дар шаҳрҳои Аврупо бонки Raiffeisen Bank International ва дар Амрико Citi-бонк буд. “Роуд-шоу” як маъракаи муҳим ва ибтидоии пеш аз биржа ба муомилот баровардани вомбаргҳои давлатист. Дар ин робита рӯзи 9-уми сентябр бо Азамат Султонов, иқтисоддони тоҷики муқими Лондон, сӯҳбате доштем, ки дар яке аз ҳамоишҳои “роуд-шоу” иштирок дошт ва шахсан аз наздик ҷараёни фурӯши евробонди аввалини Тоҷикистонро мушоҳида кардааст. Радиои Озодӣ: Ҷараёни роуд-шоу чӣ гуна баргузор шуд?

Азамат Султонов: “Ман дар яке аз маъракаҳои роуд-шоу дар Лондон иштирок кардам, ки дар он кишвари мо дар сатҳи хеле муносиб ба сармоядорон муаррифӣ шуд. Захираҳои тиллоиву пулии Тоҷикистон 800 миллион доллар гуфта шуд, ки аксари ин захираҳо дар шакли тилло мебошад. Агар ба омори се соли охири захираҳои моливу пулӣ ҳам нигарем, афзоишашон хуб буд. Аммо саволи аз ҳама асосии сармоядорон ба ҳайати Тоҷикистон ин буд, ки чӣ гуна кишвар мушкили дефитсит ваё камомади буҷетро пур карданист? Чунки дефитсит наздик ба 36 миллион доллар буда, ба 0,5 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ВВП) баробар аст. Барои сармоядорон бисёр муҳим буд, то фаҳманд, Тоҷикистон чӣ гуна ин дефитсит ваё камомади буҷетро пур мекунад. Барои ҳайати Тоҷикистон аз ҳама муҳим ин натиҷаи роуд-шоу ва ба даст овардани купони хубе буд, зеро ҳар як вомбарг ба худ купони даромаднокӣ дорад.”

Радиои Озодӣ: Мешавад шарҳ диҳед, ки купони даромаднокӣ чӣ аст ва баҳраи он чӣ гуна муайян мешавад?

Азамат Султонов: “Дар инҷо як механизми иқтисоди бозорӣ кор мекунад. Бибинед, дар аввал баҳраи купони вомбаргҳои Тоҷикистон 8 дарсад дар як сол муқаррар шуда буд. Аммо ҳарчанд талабот ба вомбаргҳо бештар бошад, ҳамон қадар баҳраи купонҳо поинтар мешавад. Барои кишвар бисёр муҳим буд, ки талабот ба коғазҳояшро бештар кунад, чунки бо бештар шудани талабот баҳраи купонҳо поин меравад. Баҳраи купон ин пулест, ки ҷумҳурӣ ба харидорони вомбаргҳояш пардохт мекунад. Талабот ба вомбаргҳои Тоҷикистон ба 4,5 миллиард доллар расид, яъне даҳ маротиба бештар аз онки мо пешниҳод карда будем. Тоҷикистон ба маблаги 500 миллион доллар вомбаргҳояшро ба фурӯш баровард. Дар натиҷа баҳраи купони вомбаргҳо то ба 7,125 дарсад поин омад. Вомбарги кишвари моро бо вомбарги Ҷумхурии Беларус муқоиса мекунанд, зеро ки рейтинги давлатҳои мо баробаранд. Ҳайати Тоҷикистон кишварро дар назди сармоядорон бисёр хуб муаррифӣ кард. Онҳо дар мавриди тарҳи нерӯгоҳи Роғун маълумот доданд, ки аллакай аз соли 2019 ба кишвар самара меорад. Оид ба тарҳи CASA-1000 низ гуфта шуд, ки дар ояндаи наздик ба ҷумҳурӣ фоида меорад. Ин маротибаи аввал аст, ки ҳайати Тоҷикистон ба сармоягузорони ҷаҳонӣ бозу равшан дар мавриди иқтисоди худ маълумот медиҳад. Фикр мекунам, ки ин ҳамоиш барои кишвар як рухдоди таърихӣ буд, аммо, мутаассифона, дар расонаҳои Тоҷикистон масъалаи мазкур аз назар дур монд. Дар ҳоле ки ҳамаи расонаҳои маъруфи ҷаҳонӣ Financial Times, Rueters, Bloomberg дар бораи тасмими Тоҷикистон ҷиҳати нашри вомбаргҳои давлати маълумот нашр карданд.”

Пули аз фурӯши вомбаргҳо ба даст омада барои сохтмони Роғун сарф хоҳад шуд
Пули аз фурӯши вомбаргҳо ба даст омада барои сохтмони Роғун сарф хоҳад шуд

Радиои Озодӣ: 500 миллион вомбаргҳои Тоҷикистон харидорӣ шуданд ваё ин ба маъноест, ки сармоядорон ният доранд, онро бихаранд?

Азамат Султонов: “Ин 500 миллион вомбаргҳои Тоҷикистон алҳол харида шуданд ва Тоҷикистон ин маблағҳоро аллакай ба даст овард. Аммо дар айни замон кишвар ӯҳдадорӣ гирифт, ки пас аз ним сол аввалин баҳраи купонро ба харидорон пардохт кунад, яъне 500 миллион бо баҳраи 7,125 дарсад дар як сол. Баҳраи купонҳо дар як сол ду дафъа пардохт мешавад, нисфи он дар нимсолаи аввал ва қисми дигар дар нимсолаи дувум. Дар натиҷа Тоҷикистон ӯҳдадор шуд, ки рӯзи 14-уми марти соли 2018 нисфи аввали баҳраи купонҳоро пардохт кунад. Агар маблағҳоро ҳисоб кунем, баҳраи 500 миллион дар як сол наздик 34 миллион долларро ташкил менамояд ва 14-уми марти соли 2018 Тоҷикистон бояд нисфи он – 18 миллионро пардохт намояд. Ҳамчун иқтисоддон аз ман мепурсиданд, ки беҳтар нест, барои амалӣ шудани ин лоиҳа сармоядорони институсионалӣ ҷалб карда шаванд? Барои ин маблағи зиёд ба мо зарур аст. Ба фикри ман, бисёр муҳим аст, ки дар ин масъала кор оғоз гардад.”

Радиои Озодӣ: Ҳайати Тоҷикистонро киҳо намояндагӣ мекарданд?

Азамат Султонов: “Намояндагони Тоҷикистон аз панҷ нафар иборат буданд. Онҳо масъулони Дастгоҳи иҷроияи президент, Вазорати молия, Бонки миллӣ ва гурӯҳи татбиқи тарҳҳои энержии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон буданд. Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҳангоми муаррифӣ озодона бо забони хуби англисӣ сӯҳбат карда, ба саволхо посух медод.”

  • Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ба нерӯгоҳи Роғун тасмим гирифт, ба қадри 1 миллард доллар коғазҳои қимматнокро нашр кунад ва моҳи июни соли равон Маҷлиси Намояндагон ҳам ба ин тарҳ мувофиқат кард. Дар навбати аввал 500 миллион доллар коғазҳои қимматнок ба намоиш гузошта шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG