Пайвандҳои дастрасӣ

Коршинос: "Баҳои Moody’s ва S&P ба Тоҷикистон баҳои мусбат нест"


Оҷонси байналмилалии рейтингии Standard and poor's ва ширкати Moody’s рейтинги қарзии дарозмуддату кӯтоҳмуддати Тоҷикистонро бо асъори милливу хориҷӣ дар сатҳи “В-В” ё “устувор” арзёбӣ кардаанд. Тоҷикистон барои аввалин бор дар рейтинги ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ шомил шудааст.

Дар рейтинг Тоҷикистон кишвари устувор дар риски иқтисодӣ арзёбӣ шудааст. Яъне, ин баҳои мусбат нест. Фикр намекунам, ки пас аз эълони чунин рейтинг сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон сарозер шаванд.

Рейтинги Оҷонси байналмилалии Standard and poor's маънии устувор боқӣ мондани сатҳи бори қарзҳои Тоҷикистонро дорад. Дар сурати афзоиши касри буҷет, коҳиши ҷиддии баҳои пули миллӣ ё ба таври қобили мулоҳиза кам шудани интиқоли пул аз кишварҳои хориҷӣ ин рейтинг манфӣ хоҳад шуд.

Оҷонси байналмилалии рейтингии Standard and poor's рушди воқеии Маҷмӯъи Маҳсулоти Дохилии Тоҷикистон бар ҳар сари аҳолӣ барои солҳои 2017-2020-ро ба ҳисоби миёна 3,8 дарсад пешгӯӣ кардааст. Тоҷикистон кишвари 131-уми ҷаҳон аст, ки рейтинги ин ниҳоди бонуфузи байналмилалиро соҳиб шудааст.

Ширкати рейтингии байналмилалии Moody’s Investors Service низ дар гузорише, ки рӯзи 28-уми август дар вебсайти ин ниҳод мунташир гардид, рейтинги қарзии Тоҷикистонро дар дараҷаи “B3, рушди устувор (B3, Outlook Stable)” баҳогузорӣ намуд.

Рейтинги қарзии кишвар нишондиҳандаи молиявӣ барои сармоягузорони коғазҳои қиматнок (вомбаргҳо) ба ҳисоб меравад. Рейтинги қарзӣ – василаи муқаррарии молиявӣ барои муайян кардани дараҷаи эътибори вомбаргҳои ин ё он ширкат, корпоратсия ё ҳатто ин ё он давлат буда, вобаста ба сатҳи эътимод аз ҷониби агентиҳои бонуфуз бо ҳуруфи “А”, “В” ва “С” ишора мешавад.

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев

Ба гуфтаи масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон, интишори натиҷаҳои баҳодиҳии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон яке аз талаботи асосии ворид шудан ба бозорҳои байналмилалии сармоя ба шумор рафта, дар рушди сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилоти молиявии байналмилалӣ, бонкҳои сармоягузорӣ ва шарикони рушд нақши мусбат дошта метавонад.

Назари коршиносони масоили иқтисодии Тоҷикистон дар мавриди арзёбиҳои ду ширкати муътабари рейтингии ҷаҳон дар бораи вазъи иқтисодӣ ва молии кишвар мутафовит аст. Зафар Абдуллоев, коршиноси масоили иқтисодӣ, ба воқеияти рейтингҳои мазкур хушбин нест. Ӯ гуфт, зеро рейтинги В-3 маънии устуворро надошта, балки манзур аз “иқтисоди дорои риск” аст. Иқтисоди Юнон, ки дар остонаи варшикастагӣ қарор дорад, чунин баҳогузорӣ шудааст.

“Дар рейтинг Тоҷикистон кишвари устувор дар риски иқтисодӣ арзёбӣ шудааст. Яъне, ин баҳои мусбат нест. Фикр намекунам, ки пас аз эълони чунин рейтинг сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон сарозер шаванд. Сармоягузорони ҷиддӣ аз сармоягузорӣ дар чунин кишварҳо худдорӣ мекунанд”, - афзуд ӯ.

Ба қавли Зафар Абдуллоев, тибқи чунин баҳогузорӣ риск дар иқтисоди Тоҷикистон баланд буда, аз ҳисоби ҳамин риск даромади калон гирифтан мумкин аст. Дар куллияи ҷаҳон чунин нишондод “бесубот” арзёбӣ мешавад. Гулбаҳор Маҳкамова, мудири кулли созмони қарздиҳии “Имон Интернешнл”, мегӯяд, аз тариқи шабакаи иҷтимоӣ бо муҳтавои ин арзёбиҳо ошно шуда, аммо ҳанӯз гузориши комили ин ширкатҳои рейтингиро мутолиа накардааст.

Гулбаҳор Маҳкамова
Гулбаҳор Маҳкамова

Ӯ гуфт, “Тоҷикистон бори аввал аз ин рейтинг гузашт. Рейтинги В-3 барои Тоҷикистон хеле хуб аст. Аз чунин баҳодиҳӣ ман ба ҳайрат афтодам. Шояд имконоти кишвар барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ва хидматрасонии қарзҳои хориҷӣ ба назар гирифта шудаст. Мизони рушди Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Тоҷикистон низ бад нест. Эҳтимол ин ширкатҳо ба ҳангоми баҳогузорӣ вазъият дар бахши бонкдории Тоҷикистонро баррасӣ накардаанд.”

Ба гуфтаи ӯ, эҳтимол ин ширкатҳо ҳангоми баҳогузорӣ вазъият дар бахши бонкдории Тоҷикистонро баррасӣ ва ба ин рейтинг шомил накардаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG